ДАВЛАТ ҲАМЧУН ИНСТИТУТИ СИЁСӢ

Давлат ҳамчун институти марказии системаи сиёсӣ муносибатҳои миёни одамон, гурӯҳҳои иҷтимоӣ, синфҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятиро танзим намуда, фаъолияти якҷояи онҳоро ташаккул дода, ба самти муайян равона менамояд. Давлат ҳамчун институти сиёсӣ ҳиссаи аз ҳама бештари ҳокимият ва манбаъҳои ҷамъиятиро дар ихтиёри худ нигоҳ дошта, ба воситаи онҳо муносибатҳои иҷтимоиро ҳадафмандона танзим ва идора менамояд.

Давлат шакли махсуси ташкилоти сиёсӣ ва ташаккулдиҳандаи ҳокимияти сиёсӣ буда, дорои истиқлолият мебошад, ки ба воситаи он иродаи худро барои дигарон ба таври ҳатмӣ амалӣ мегардонад. Эътироф гардидани истиқлоли давлат аз ҷониби дигар давлатҳо маънои онро дорад, ки ҳуқуқ ва уҳдадориҳои дар сатҳи ҳуқуқи байналхалқӣ ҷойдошта аз тарафи ин давлат эътироф гардида, принсипи дахолатнопазирии корҳои дохилии давлат эътироф гардидааст. Ҳангоми баррасии масъалаи мазкур бояд дар назар дошт, ки давлат ҳамчун институти марказии системаи сиёсӣ вазифадор аст, ки дар ҳудуди худ амнияти дохилӣ ва берунии ҷомеаро таъмин намояд. Аз ин рӯ, муайян намудани мазмун ва моҳияти давлат хеле муҳим арзёбӣ мегардад.

1.45K
Нет комментариев. Ваш будет первым!