Кулли иштироккунандагони асари бадеиро дар адабиётшиносӣ хоҳ образи манфӣ бошад, хоҳ мусбат, персонажи асари бадеӣ ё ба тарзи дигар гӯем, инггироккунандаи асари бадеӣ мегуянд.
Персонаж (иштироккунанда) дар адабиёт
Ҳар як асари бадеӣ иштироккунанда дорад. Баъзан иштироккунандагони асарҳои бадеӣ ҳайвонот, паррандагон ва наботот, хок, санг, гул, чинор низ мешаванд. Вале дар симои онҳо амалиёти инсонҳо дар назар дошта шудааст.