Методхои (услубхои) бахисобгири

1.Ҳуҷҷат тартиб диҳӣ (ҳуҷҷатноккуни).

2.Ба руйи хатгирӣ (инвентаризатсия).

3.Счётҳо.

4.Ду тарафанависӣ.

5.Баҳогузорӣ (нархгузорӣ).

6.Калкулятсия.

7.Баланс.

8.Ҳисобот.

9.Назорат ва тафтишот.

10.Таҳлил.

ҳуҷҷат чист?

Дарҷ (навиштани) намудани амалиётҳои хоҷаги дар қоғазҳои махсуси графиянок ҳуҷҷат меноманд. Ҳуҷҷат аз калимаи лотинии «documentum» гирифта шуда, маъ-нои исбот, яъне далели хаттиро дорад.

Баруйхатгирӣ – Инвентаризатсия

Ба як вақти муайян, бо ченаки натуралӣ маълум намудани воситаҳои хоҷагиро инвентаризатсия меноманд.

Счётҳо

Ба гурӯҳҳо ҷудо намудани воситаҳои хоҷагӣ ва манбаҳои онро счёт меноманд.

Дутарафанависӣ

Навиштани як маблағро дар ду тарафи счётҳо дутарафанависӣ меноманд.

Баҳодиҳӣ (нархгузорӣ)

Инъикос (иваз)-и воситаҳои хоҷагӣ ва манбаҳои ташкилёбии онҳоро, дар шакли пул ифодашударо нархгузорӣ меноманд.

Калкулятсия

Бо ченаки пулӣ ифода намудани хароҷотҳои гуногуни истеҳсолот ва фуруши маҳсулотҳоро калкулятсия меноманд.

Баланс

Баланс – аз калимаи фаронсавӣ – тарозу. Баланс – аз калимаи лотинии dis Lanx, dis – ду карат ва Lanx – ду паллаи (косаи ё лаълӣ) тарозу меноманд. dis Lanx – маънои баробариро дорад.

Хулоса, ин ки баробарии ду тарафро баланс меноманд.

ҳисобот

Ҳисоботи бухгалтерӣ – манбаи асосии ахбороти иқтисодӣ дар бораи фаъолияти хоҷагии корхонаҳоро ҳисоботи бухгалтерӣ меноманд.

Назорат ва тафтишот

Назорат ва тафтишот – ҳамчун услуби баҳисобгирии муҳосибӣ буда, аз рӯйи молу мулки корхона назорат ва тафтиш гузаронида мешавад.

Таҳлил

Бо воситаи методи таҳлил тамоми равиши фаъолияти корхонаҳоро санҷида, таҳлил намуда ва омилҳои таъсиррасонро муайян менамояд.

764
Нет комментариев. Ваш будет первым!