Панду андарз аз Абӯалӣ ибни Сино

  1. Айби мардум бипӯш! Ва дин ба дунё мафурӯш!
  2. Ҳар кӣ ин даҳ фазилат шиори худ созад дар дунёву охират кори худ созад: бо Худо бо сидқу бо халқ боинсоф; бо нафс бо қаҳру бо дарвешон ба лутф; бо бузургон ба хидмату бо хурдон ба шафқат; бо дӯстон ба насиҳату бо душманон ба ҳилм1; бо ҷоҳилон ба хомушиву бо олимон ба тавозӯъ.
  3. Пурсид, ки дар ҳаққи дунё чӣ гӯӣ? Гуфт: — Чӣ гӯям дар ҳаққи чизе, ки ба ранҷба даст оранду ба ҳасрат бигзоранд.
  4. Дигар фармуд: Сармояи умрро ғанимат шумор ва тоати ҳақро ғанимат дор!
  5. Аз омӯхтан нанг мадор!
  6. Наҷоти нафс дар ибодат ҷӯй!
  7. Дар ҳар коре, ки бошад, ёрӣ аз Ҳақ талаб!
  8. Аз нодони мағрур иҷтиноб2 намой!
  9. Ношунидаю нодида маҷӯй айби касон ва ба айби худ бино бош!
  10. То напурсанд, магӯй, то нахонанд, марав!
  11. Баланди ба сабр ҷӯй!
  12. Дунёпараст мабош!
  13. Аз омӯхтани илм майосой!3
  14. Бар тоат ҳарис бош!
  15. Дар ниҳон беҳтар аз ошкор бош!
  16. Даргузар, то даргузаранд!
  17. Аз худ лоф мазан!
  18. Он чӣ наниҳодаӣ, бармагир!
  19. Дилро бозичаи дев масоз!
  20. Ҳарчӣ ба худ раво надорӣ, бар дигарон маписанд!4
  21. Бандаиҳирс5 мабош!
  22. То тавонӣ нони кас махӯр ва нон аз хеҷ кас дареғ мадор!
  23. Аз додаи Худой хӯр, ки ҳаргиз кам нашавад.
  24. Диҳанда Худоро дону аз дарвешӣ матарс!
  25. Сармоя ба судӣ6 бисёр мадеҳ!
  26. Худро асири шаҳват масоз!
  27. Офиятро7 ба фармони нафс аз даст мадеҳ!
  28. Душман агар ҳақир буд, хораш мадор!
  29. Бо ношинос ҳамсафар мабош!
  30. Андаки худро беҳтар аз бисёри дигарон дон!
  31. Ҳарҷо, ки боши Худоро ҳозир дон!
  32. Вақтро ғанимат дон!
  33. Ёрро вақти хашму ғазаб биозмой!
  34. То тавони ниёзи худ бар махлуқ8 арза макун.
  35. Амонат нигоҳдор, хомуши шиор соз ва беҳудагуиро сари ҳама офатҳо дон!
  36. Ҳоҷатравоиро кори бузург дон!
  37. Дӯсти Худойро дар камозорӣ шинос!
  38. Саодати дунёю охират дар муҳаббати доно дон!
  39. Аз нодон доман даркаш!
  40. Дар сухан касро хиҷил масоз!

Аз сухане, ки ханда ояд ҳазар кун!

  1. Миқдори моли худ бо ҳеҷ кас магӯй!
  2. Бо мардуми бешарму беҳаё манишин, ки дар дунёву охират мазаллату уқубат9 бошад.
  3. То хашм нанишинад сухан магӯ!
  4. Ҳурмати ҳама кас нигоҳ дор, то туроҳурмат бошад.
  5. Таоми бисёр махӯр, ки дил сиёҳ кунад ва аз ибодат боз дорад.
  6. Ботинро беҳтар аз зоҳир дон, ки зоҳир назаргоҳи халқ асту ботин назаргоҳи Ҳақ.
  7. Коре накунӣ, ки дар назари ҳазрати Ҳак Субҳона ва Таъоло хиҷил ва шармсор гардӣ.
  8. Чун касе сухан гуяд, хомуш бош.
  9. Покэътиқодро безавол дон!
  10. Ба сабр баландиҷӯй ва дунёпараст мабош!
  11. Аз рости шафеъангез10 сухан аз шаҳодат11 гӯй.
  12. Агар роҳат хоҳӣ ранҷ каш, бар тоат ҳарис бош!
  13. Диҳанда Худоро дон.
  14. Сармоя ба суд бисёр мадеҳ ки дар охират зиён дорад.
  15. Худро асири шаҳват масоз.
  16. Аз навқиса вом12 махоҳ!
  17. Ками худро аз бисёри дигарон беҳтар дон!
  18. Тадбир бо мардуми доно ҷуй.
  19. Ҷавониро ғанимат дон. Ба ҳангоми ҷавонӣ корҳои ҳарду ҷаҳонӣ бисоз, ёрон ва дӯстонро азиз дор. Харҷ ба андозаи дахл кун, илму адаб омӯз ва тир андохтану савориҳо ёд гиру ёд деҳ.
  20. Эй азизо! Дари зулм макшой ва аз оҳи мазлумон ҳазар намой, ки зулм намудан аз Худо бехабарист ва мазлумонро кӯ ба кӯ рондан мояи бехирадист.

Макун, ки оҳи фақире шабе бурун ояд,

Ҳазор ҳамчу ту аз хонумон барандозад.

Зи тири оҳи ятимон магар наметарсӣ?

Фиғону нола ба Аршу малоик андозад.

Ҳазар намой аз он нолаи саҳаргоҳӣ,

Ки гар ба кӯҳ занад, равзанае13 дар он созад.

Ба вақти нимишабӣ гар бигуяд: «Эй Оллоҳ!»,

Ҳазор ҳамчу ту аз хонумон барандозад.

Ҳазор ҷафшани фулод гар бипӯшӣ ту,

Зи оҳи гарми фақире чу мум бигдозад.

Матоз бар сари мазлуми сокин, эй золим,

Ки дасти фитнаи айём ба сарам тозад.

Агар бихил накунад соили14 ситамдида,

Ҷазодиҳанда туро дар ҷаханнам андозад.

Зи бари ҷаври лаимон манол Абдуллоҳ

Ки гар хасе бизанад, Кирдигор бинвозад.


Калимаю ибораҳои тоза

  1. Ҳилм — нармӣ, хушгуфторӣ.
  2. Иҷтино — дур шудан, хешро аз ашхоси нолоиқ, бефаҳм, аблаҳ каноргирифтан.
  3. Майёсой — хешро барои омухтани илму дониш канор магир, осудананишин, ҷадал кун, чунон, ки Фирдавсӣ гуяд:

Майёсой зи омухтан як замон,

Зи дониш дил маяфкан андар гумон.

  1. Маънояш: Гуноҳашонро бахш, то гуноҳи туро бахшанд.
  2. Ҳирс — хоҳиш аз ҳад зиёд, чашмгуруснагӣ, ҳарисӣ.
  3. Суд — фоида.
  4. Офият — осоиштагӣ, сиҳатӣ, оромӣ.
  5. Махлуқ — офаридашуда, халқшуда.
  6. Мазаллату уқубат — хорию зорӣ, азобу ранҷ, ҷазо.
  7. Шафеъангез — восита шудан ё шафоаткунанда.
  8. Шаҳодат — гувоҳӣ додан.
  9. Вом — қарз.
  10. Равзана — дараҷа, сурохие, ки аз он дуд мебарояд.
  11. Соил — гадо.

Панду андарз аз Абуали ибни Сино, Пандхои судманд аз асархои насри, панду андарзи Сино, хикояхо аз (дар бораи) Абуали ибни Сино, Пандҳои судманд аз асарҳои насрии Сино.

818
Нет комментариев. Ваш будет первым!