Мирзо Турсунзода

Мирзо Турсунзода 2 майи соли 1911 дар деҳаи хушманзараи Қаратоғ водии Ҳисор ба дунё омадааст. Падараш, усто Турсун яке аз ҳунармандони гулдасти ин водӣ (деҳа) буд. Бо вуҷуди ин зиндагонии аҳли оилаи ӯ қашоқона мегузашт. Ба ин нигоҳ накарда, усто Турсун мехост, ки писараш Мирзо соҳиби хату савод шавад. Мирзои хурдсол чанде дар назди муллои деҳа таҳсил кард. Баъди ғалабаи Инқилоби Октябри Кабир, ба рӯи мардуми камбағал дари бахту саодат ва илму маърифат кушод. Дере нагузашта дар Қаратоғ мактаби нави советӣ ташкил ёфт ва Мирзо аз ҷумлаи аввалин талабагони он гардид. Дар солҳои 1925-1926 дар интернати Душанбе таҳсили худро давом медиҳад. Дар солҳои 1926-1927 дар Донишгоҳи омӯзгорӣ таҳсил мекунад. Мирзо Турсунзода дар солҳои 1927-1930 дар Дорулмуаллимони тоҷикии шаҳри Тошкент хонда, соҳиби маълумоти пурра мегардад. Ба сифати роҳбари шӯъбаи умумӣ ва котиби масъули рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» кор карда, баъдтар бахши адабии Театри мусиқӣ-драмавии ба номи А. С. Пушкини вилояти Ленинободро роҳбарӣ намудааст. Соли 1935 ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба ҳайси роҳбари шӯъбаи ташкилотӣ-оммавӣ ба кор омад ва роҳбарии бахши драматургияро бар ӯҳда дошт. Соли 1939 раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. Аз соли1943 сардори Раёсати санъати назди Шӯрои Кумитаи халқии ҶШС Тоҷикистон. Аз соли 1946 — 1977 то охири ҳаёти худ раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. Фаъолияти ҷамъиятию сиёсии Мирзо Турсунзода ниҳоят бузург аст. Вай намояндаи Шӯрои Олии ИҶШС, аъзои Комитети Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, раиси Комитаи советии ҳамраъйии мамлакатҳои Осиё ва Африко, аъзои ҳақиқии Академияи илмҳоиТоҷикистон ва Котиби раёсати Иттифоқи нависандагони ИҶШС буд. Шоир 24 сентябри соли 1977 дар ш.Душанбе вафот мекунад. Шоирро дар теппаи Лучоб (Боғи Лучоб)-и ш.Душанбе ба хок месупоранд. Мирзо Турсунзода шоири ватанпарвар буд, бинобар ин беҳтарин саҳифаҳои эҷодиёташ ба васфи Ватан ва мардуми он бахшида шудааст.Мирзо Турсунзода ҳамчун мубориз ва тарғибгари сулҳу амонӣ ва ғояҳои интернатсионалӣ борҳо сафарҳои хориҷӣ намуда, дар роҳи мустаҳкам гардонидани сулҳу дӯстии мамлакатҳои Ғарбу Шарқ хизматҳои беназир кардааст. Фаъолияти эҷодии Мирзо Турсунзода аз соли 1930 сар мешавад. Аввалин маҷмӯаи шеърҳои ӯ бо номи «Байрақи зафар» (1932) аз чоп мебарояд. Сипас, шеъру достонҳои «Ба эҷодкорам» (1934), «Манзараҳои Хӯҷанд» (1935), «Офтоби мамлакат» (1936), «Хазон ва баҳор» (1937), «Суруди ҷавонӣ» (1937), «Мамлакати тиллоӣ» (1938), «Оҳанрабо» (1939), «Халқи далер» (1939), «Чаманистон» (1940), «Водии Ҳисор» (1940), «Мо аз Хоруғ омадем» (1940) ва ғайра дастраси хонандагон мегарданд. Эҷодиёти Мирзо Турсунзода дар солҳои минбаъда дар маҷмӯъаҳои «Пайғом» (1949), «Асарҳои мунтахаб» (1955), «Чароғи абадӣ» (1958) ва «Ман аз Шарқи Озод» (1959) ба табъ мерасанд. Дар шеърҳои «Ҳамшираҳо» (1941), «Ба ҷанг» (1941), «Хотираи капитан» (1941), «Ҳаргиз» (1942), «Баҳодури тоҷик» (1943), «Паҳлавони интиқомгир (1944), «Рафиқи азиз» (1944) корномаҳои ҷангӣ бо шӯру ҳаяҷон тасвир ёфта, ғояҳои ватанхоҳию душманбадбинӣ талқин мешаванд. Дар солҳои ҷанг Турсунзода достонҳои «Писари Ватан» (1942) ва «Барои Ватан» (1942)-ро ҳамроҳи Абдусалом Деҳотӣ эҷод мекунад. Ҳаракатҳои озодихоҳи халқҳои Осиё ва Африко дар силсилаи асарҳои Мирзо Турсунзода «Ман аз Шарқи озод» (1950), «Қиссаи Ҳиндустон» (1947), «Садои Осиё» (1957), «Чароғи абадӣ» (1958), «Ҷони ширин» (1959), «Роҳи нури офтоб» (1964) ва достони «Аз Ганг то Кремл» (1970) ва ғайра хеле хуб тасвир ёфтаанд. Соли 1960 Ҳукумати шӯравӣ хизматҳои барҷастаи шоирро ба назар гирифта, барои достони «Ҳасани аробакаш» ва силсилаи шеърҳои «Садои Осиё» ӯро бо Ҷоизаи Ленинӣ ва соли 1964 барои достони «Ҷони ширин» ба Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ сарфароз мегардонад. Фаъолияти тарҷумонии Мирзо Турсунзода низ самарабахш мебошад. Адиб як қатор асарҳои А.С.Пушкин, Т.Г.Шевченко, Н.А. Некрасов, Самад Вурғун, Зулфия, Анатолий Сафронов барин қаламкашони варзидаи халқҳои гуногуни собиқ Иттиҳоди Шӯравиро бо маҳорати баланд тарҷума намудааст.

Маҷмӯаҳои шеър ва достонҳои «Писари Ватан» (1942), «Арус аз Москва» (1945), «Қиссаи Ҳиндустон» (1948), «Ман аз Шарқи озод» (1950), «Ҳасани аробакаш» (1954), «Садои Осиё» (1956), «Чароғи абадӣ» (1957), «Ҷони ширин» (1963), «Аз Ганг то Кремл» (1967) ва дигар маҷмӯаҳо маҳсули эҷоди ӯст. Мероси адабии Мирзо Турсунзода ба якчанд забонҳои мамолики хориҷӣ тарҷума ва нашр шудаанд. Хизматҳои Мирзо Турсунзода ҳамчун шоири пешқадами замон ва арбоби ҷамъиятиву сиёсии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон, давлатии ба номи Ленин ва байналмилалии ба номи Неҳру қадр карда шудаанд. Ӯ сазовори унвонҳои:

 Ҷоизаи давлатии СССР (ИҶШС) (1948,

 Академики Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1951),

 Шоири халқии Тоҷикистон (1961),

 Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (1963)

 Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ (1967) шудааст.

 Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(соли 1948), «Ҳасани аробакаш» (1954), «Чароғи абадӣ» (1957), «Садои Осиё» (1960), «Ҷони ширин» (соли 1963) соҳиби ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон (Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ) гардид.

 Барои достони «Аз Ганг то Кремл» (соли 1967) — соҳиби Ҷоизаи байналмилалии ба номи Неҳру шудааст,

 Бо унвони олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳрамони Тоҷикистон (2001) сарфароз гардидааст.

Ба шарофати некдошти фарзанди баруманди миллат, шоири халқӣ, арбоби ҷамъиятиву сиёсии Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Турсунзода ва Ноҳияи Турсунзода (ки қаблан ба номи ноҳияи Регар мазкур буд), Донишкадаи санъати Тоҷикистон номгузорӣ шудааст.

Соли 2001 Мирзо Турсунзода бо унвони олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳрамони Тоҷикистон сарфароз шудааст. Нимпайкараи ӯ назди Донишкадаи санъати Тоҷикистон ва ҳайкалаш дар ш. Турсунзода бунёд шудааст. Мақбараи Мирзо Турcунзода дар Боғи Лучоб ш.Душанбе ва дигар хиёбонҳои шаҳру рустоҳо ба номи ӯ сохтаву гузошта шудаанд.

Достони «Ҷони ширин»

Ҷони ширин ин қадар ҷангам макун,

Ин қадар беҳуда дилтангам макун.

Гашта-гашта дар сафар боз омадам,

Боз дар наздат ба парвоз омадам,

Ҳар куҷо, ки хоб кардам, хестам,

Ҳар куҷо, ки буд ҷои зистам,

Ин дили ман манзили ёду ту буд,

Ёди руи ҳуснободи ту буд.

Бе ту нагзашт аз гулӯям об ҳам,

Бе ту дар чашмам наёмад хоб ҳам.

Бе ту ҳар як рӯзи ман як сол шуд,

Бе ту дил гашт кард, чун атфол шуд.

Бе ту дидам гарчӣ зебо духтарон,

Бе ту бишнидам суруди ошиқон,

Бе ту дар тӯю тамошоҳо шудам,

Бе ту гоҳо булбули гӯё шудам,

Бе ту дар васфи занон гуфтам сухан,

Бе ту дар маҷлис фушурдам дасти зан,

Лек дар пеши назар рӯи ту буд,

Ҷилваҳои чашму абрӯи ту буд.

Ҷони ширин, пас дигар ҷангам макун,

Ин қадар беҳуда дилтангам макун,

Нестам мисли падарҳои дигар

Дар бари фарзандҳо шому саҳар,

Чор гардад чашми онҳо дар раҳам,

Гум занад дилҳои онҳо дам ба дам.

Осори шоир

Осори мунтахаб /Иборат аз ду ҷилд.- Душанбе: Ирфон, 1981: Ҷ.1.- Шеърҳо.- 1981.- 319 с. Ҷ.2. Силсилаи шеърҳо ва достонҳо. — 1981.- 355 с.

Ба сӯи қуллаҳои нав: Мақолаҳои публисистӣ.- Душанбе: Ирфон, 1977.- 88 с.

Се нозанини Шарқ: Шеърҳо ва достонҳо.- Душанбе: Ирфон, 1967.- 215 с.

Шеър ва достонҳо.- Душанбе: Адиб, 1991.- 320 с.

Садои Осиё. — Ҳасани аробакаш: Шеърҳо ва достонҳо.- Сталинобод: Нашрдавтоҷик, 1961.- 129 с.

Фолклори тоҷик.- Сталинобод: Нашрдавтоҷик, 1957.- 453 с.- Бо ҳамкории А.Н.Болдирев.

Шеър ва достонҳо /Барои бачаҳои синни миёна ва калони мактабӣ.- Душанбе: Адиб, 1988.- 240 с.

Ҳамеша бо Ватан будам: Панду ҳикматҳо.-Душанбе, 2009.-24 с.

930
Нет комментариев. Ваш будет первым!