Мувозинатии Курно. Талабот, пешниҳодва хароҷотҳои фирма дар шароити рақобати мукаммал

Дар ҳаёти аслӣ инчунин ҳолате мушоҳида карда мешавад, ки дар бозор танҳо ду истеҳолкунанда мавҷуданд. Аввалин маротиба чунин хусусиятро олим — иқтисодчии франсуз Антуан Огюстен Курно (1801-1877) мушоҳида намуда ба ҳамтаъсиррасонии онҳоро таҳлил карда буд. Дар ҷараёни таҳлил Курно як қатор хусусиятҳоро дар назар дошта буд: ҳар ду фирма (фирмаи А ва Б) як намуди молро истеҳсол мекунанд;

каҷхаттаи талаботи бозорӣ ба ҳардуи онҳо маълум аст; ҳарду фирма мустақилона дар алоҳидагӣ оиди истеҳолот қарор қабул мекунанд; ин фирмаҳо барориши рақиби худро доимӣ тасаввур мекунанд. Дар ин шароит вариантҳои гуногун мавҷуданд.

272
Нет комментариев. Ваш будет первым!