​Назарияи талабот ва пешниҳод

Талабот — ин шумораи молҳо ва хизматҳое, бо нархи назаррас дар фосилаи вақти муайян харидорӣ карда мешавад. Талаботе, ки бо воситаҳои пулии харидорӣ таъмин аст, талаботи қобилияти пардохт дошта номида мешавад. Бояд қайд намуд, ки талабот аз эҳтиёҷот фарқият дорад. Зеро талабот маънои хоҳиши харидориро дорад, эҳтиёҷот бошад бе пардохт қонеъгардониро низ дар назар дорад (ҳаво, об ва ғайра).

Дар назарияи иқтисодӣ талаботи инфиродӣ ва талаботи бозориро аз ҳам фарқ мекунанд. Талаботи инфиродӣ — ин талаботи як харидор аст.

Функсияи талаботи инфиродӣ — ин вобастагии ҳаҷми талаботи инфиродӣ аз омилҳои (детерминантҳои) ба он таъсиррасонанда дар фосилаи вақти муайян мебошад.

1.71K
Нет комментариев. Ваш будет первым!