Даромади оила ва Харочоти оила

Даромади оила — вобаста аз таркиби оила, нафарҳои қобилияти меҳнат доштаю коркунанда, ба фаъолиятҳои гуногун шуғл дошта, ҳаҷми даромаду музди кор, имтиёзу ёрдампулиҳо ва ғайра ҳархела ташкил меёбад. Он ҳамчун кулли даромадҳои нафарҳои дар оила буда сурат мегирад.

Даромад аз чунин қисматҳо иборат мебошад: музди кор, да-ромади соҳибкорӣ, даромад аз моликият (рента, фоиз, пардохт-ҳои иҷоравӣ, дивидентҳо), пардохтҳои трансфертии давлатӣ (нафақа, стипендия, кӯмакпулӣ, хизматрасонии бемузди тиббӣ ва ғайра), даромад дар шакли мерос ва ғайра.

Хароҷоти оила ҳамчун маҷмӯи масрифоти предметҳои истеъ-молӣ, чизҳои рӯзғор, чизҳои дуру дароз хизматкунанда (сохтан ва нигоҳ доштани манзил, воситаҳои нақлиёт ва ғайра) сурат мегирад. Он чунин қисматҳоро дар бар мегирад: андоз, суғуртаи иҷтимоӣ, хӯрока, сару либос, хонапулӣ, ҳаққи газу барқ, мебел, асбобҳои рӯзғор, нақлиёт, молҳои саноатӣ, таълим, истироҳат, фароғат, саёҳат, хароҷот барои хайрияҳо, пасандоз ва ғайра.

Бозор ба ашхос ва оилаҳое, ки лаёқат ва қобилияти корӣ надоранд кафолати гирифтани даромадро намедиҳад. Аз ин лиҳоз аз ҷониби давлат низоми дастгирии дараҷаи даромадҳо ба таври васеъ истифода карда мешавад.

Мубориза бар зидди бенавоӣ — мақсади ниҳоӣ ва қонунии сиёсати иҷтимоӣ ва иқтисодии давлат мебошад. Ба ин мақсад аз ҷониби давлат барномаҳои суғуртаи иҷтимоӣ, таъминоти иҷти-моӣ, дастгирии давлатӣ ё худ барномаҳои хайрия, кӯмакпулӣ ҳангоми бекорӣ ва ғайра андешида мешаванд. Ин тадбирҳои давлатӣ ғайри мустақим ба сатҳ ва дараҷаи даромади оила таъсир мерасонад.

394
Нет комментариев. Ваш будет первым!