Даромади холис қисми даромади умумии корхона буда, ҳамчун натиҷаи тадбир ва фаъолияти таваккалии соҳибкор ба вуҷуд оварда мешавад. Фарқи даромади умумӣ аз даромади холис дар он аст, ки якӯм дар худ ҳаққи меҳнатро таҷассум мекунад, дуввӯм бошад бидуни он ташкил меёбад. Охирон ҳамчун фоида баромад мекунад.
Кулли даромадҳо дар сатҳи макроиқтисод даромади миллиро ташкил медиҳад. Он ҳамчун нишондиҳандаи макроиқтисодӣ дараҷа ва сатҳи рифоҳи (некӯаҳволии) ҷомеаро нишон медиҳад.