​Липидҳо ва Чарбуҳо (жиры)

Липидҳо

Липидҳо моддаҳои органикии табииро муттаҳид намуда, бисёри онҳо эфирҳои кислотаҳои чарбу мебошанд. Хусусияти умумии липидҳо аз ҳал намудан дар гардиш мебошад, лекин ҳамаи онҳо бо ҳархела сурат дар халкунандаҳои органикӣ яъне эфир, бензин, хлороформ, толуол, асетон дар спирт ҳал мешаванд. Ба микдори зиёд липидҳо дар тухми растаниҳо, мағзи чормағз, дар организмҳои ҳайвонот бошад, дар бофтаҳои асаб ва чарбу, дар иликҳо ҷойгир шудаанд.

Чарбуҳо (жиры)

Чарбуҳо ё равғанҳо ба таркиби ҳамаи ҳуҷайраҳои зиндаи ҳам растанӣ ва ҳам ҳайвонот дохил мешаванд. Бинобар ҳамин онҳо бояд доимо бо воситаи хӯрок бо организм дохил шаванд. Микдори равған дар организми одаме, ки 70 кг вазн дорад ба 12 кг мерасад, қисми асосии он ҳамчун манбаи қуввате дар оянда лозим, истифода бурда мешавад.

Чарбу дар организм ҳамчун манбаи муҳими қувватбарорӣ ба ҳисоб меравад. Муайян карда шудааст, ки дар вақти сӯхтан ё истифода бурдани 1 кг равған зиёда аз 2 маротиба қувват зист хориҷ карда мешавад, нисбат ба ҳамин микдор ангиштоба с сафеда. Аҳамияти чарбу дар ғизои одам боз аз он иборат аст, ки дар чарбу моддаҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъол яъне витаминҳои А, Д, Е, К фосфолидҳо, кислотаҳои нопурраичарбуҳо, стеринҳо ҳал мешаванд. Бо ибораи дигар ин витаминҳоро (А, Д, Е, К) -ро витаминҳо дар чарбу ҳалшаванда меноманд.

Ба чарбуҳои табии моддаҳои лаззати ва хушбӯи пигментҳо, липоидҳо, сафедаҳо ва дигар бофтаҳо, ки ба сифату хусусиятҳои чарбу таъсир мерасонанд, мавҷуд мебошанд.

Масалан, равғанҳои растанигӣ одатан ранги зардчатоб ё сабзчатоб доранд, ки ин аз мавҷуд будани каротиноидҳо ва хлорофил дар таркиби онҳо вобастаги дорад. Онҳо хусусиятҳои болаззатии хӯрокро баланд мебароранд, инчунин қувватнокии хӯрок низ меафзояд ва хӯроки равғандор дар одам ҳиссиёти сериро фароҳам меоварад. Аз рӯи пайдоиши худ чарбуҳо ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд:

1. равғани растанӣ.

2 равғанҳои ҳайвонист.

Дар навбати худ равганҳои растанӣ ба сахт ва моеъ тақсим мешаванд. Ба равғанҳои растании сахт, равғани какао, кокосҳо ва палмаҳо дохил мешаванд. Равғанхои моеъ бошад ба хушнашаванда зайтун, бодом; нимхушкнашаванда офтобпараст, пахта ва хушкшаванда лён, тақсим мешаванд.

Чарбуҳои ҳайвонот низ ба чарбуи сахт ва моеъ тақсим мешаванд. Ба чарбуи моеъ равғани ҳайвонҳои оби ва моҳиҳо дохил мешаванд, ба чарбуи сахт равғани гов, гӯсфанд ва хук дохил мешаванд.

801
Нет комментариев. Ваш будет первым!