Моддаҳои ароматташкилкунанда ва бухоршаванда

Моддаҳои ароматташкилкунандаи бухоршаванда маззаи таомро хушбӯй мекунад, хусусияти ҳазмшавандагии таомро мебардорад ва иштиҳоро мекушояд. Моддаҳои бухоршавандаи маҳсулотҳои хӯрокворй гуногун мебошанд ва ба онҳо кислотаҳо, лактонҳо, алдегидҳо, кетонҳо, спиртҳо, аминҳо, пайвастагиҳои олтиндошта, ангиштобаҳо ва ғайра дохил мешаванд. Хушбӯгии маҳсулотҳои хӯрокворӣ дар муайян намудану баҳо додани сифати он нақши калон мебозад. Масалан: хушбӯй будани қаҳва дар вақти тайёр намудан, хушбӯии нони гарм дар вақти пухтан, хушбӯии меваҳо дар вақти пухта расидан. Инчунин, маҳсулотҳои атторй низ мавҷуд мебошанд, ки онҳо ҳам қобилияти хушбӯй ва хуштаъмиро доранд.

Масалан, қаланфури хушбӯй, гвоздика, лавровый лист, шибит, арпабодиён, анис, ванил, кардамон, чормағзи мускатӣ ва ғайра.

Қобилияти хушбӯй ва хуштаъмиро бо ин маҳсулотҳои аттори равғанҳои эфирй медиҳанд, ки онҳо моддаҳои бухоршавандаи дар об ҳалшаванда мебошанд. Инчунин моддаҳои хушбӯйкунандаи сунъй ҳам мавҷуд мебошанд -онҳо ванилин -ситрол, ментол, диастел ва ғайра.

350
Нет комментариев. Ваш будет первым!