Коидахои идоракунии аз тарафи В. И. Ленин эчодшуда

қоидаҳои идоракунии аз тарафи В. И. Ленин эҷодшуда:

демократияи марказонида–ба хоҷагии халқ ва корхонаҳо додани мустақилияти хоҷагидорӣ;

яккасардорӣ–дар ҳалли мушкилоти истеҳсолот ҷорӣ намудани интизоми қатъии меҳнат, итоати кормандон ба фармони роҳбари бевоситаи худ;

ягонагии роҳбарии сиёсӣ ва истеҳсолӣ–аз тарафи роҳбар ба иҷрои нақшаи иқтисодӣ нигаронидани вазифаҳои сиёсӣ ва қонунҳои иқтисодӣ;

тарзи соҳавӣ ва минтақавӣдоштани истеҳсолот–аз тарафи идораҳои соҳавӣ роҳбарӣ кардан ба корхонаҳои истеҳсолии молҳои ниёзи мардум ва ба сохторҳои поёнии онҳо роҳбарӣ намудани идораҳои минтақавӣ;

тарзи нақшавӣ доштани фаъолияти хоҷагидории корхонаҳо–аз коргоҳи хурд сар карда, то тамоми хоҷагии халқ ҷорӣ намудани нақшагирии дарозмуддат доир ба инкишофи истеҳсолот;

ҳавасмандкунии моддӣ ва маънавӣ–қадр намудани меҳнати хушсифату пурсамар ва ҳавасмандгардонии моддӣ ва маънавии коргарон;

илмият–ба роҳ мондани сарварии ташкилот дар асоси истифодаи усулҳои муосири менеҷмент;

масъулият–аз тарафи кормандон дарк намудани вазифаю ҳуқуқ ва ҳис кардани масъулияти иҷрои вазифа;

интихоб кардани кадрҳо–таъмини фаъолияти самараноки кормандон аз рӯи мувофиқ намудани вазифа ба ихтисоси интихобкардаи онҳо;

сарфакорӣ ва самаранокӣ–бо хароҷоти кам истифода бурдани қувваи кор ва захираҳои моддӣ;

пайдарпай иҷро намудани қарорҳо–риоя кардан ба талаботи қонуни гузариши тағйироти миқдорӣ ба сифатӣ.

қоидаҳои бюрократии аз тарафи М. Вебер эҷодшуда:

тақсимоти меҳнат аз рӯи вазифаҳои махсусгардонида;

тартиби тақсимоти ваколатҳо аз рӯи вазифаҳои идораунии дараҷаҳои боло, миёна ва поён;

муайян намудани тартиби қоидаҳо, меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ӯҳдадориҳои ба фаъолияти кормандон алоқадошта;

истиснои манфиатҳои шахсӣ дар муносибати кормандон;

ба кор қабул намудани кормандон аз рӯи талаботи корхона дар асоси меъёрҳои муқарраршудаи ташкилот;

кордонӣ ва дониши васеи кормандон оид ба фаъолияти ташкилот;

қоидаҳои аз тарафи Г. Форд эҷодшуда:

ҳатман ташаккул додани сохтори идоракунии як қатор корхонаҳо ва ба тариқи амудӣ аз як марказ идоракунии шӯъбаҳо ва қисмҳои ташкилот;

бо хароҷоти нисбатан кам таъмин кардани истеҳсоли оммавии ҳаҷми зарури мол ва қонеъ гардонидани талаботи харидорон;

инкишофи якхелагардонӣ барои ба намуди нави истеҳсолот гузаштан;

ба тақсимоти мунтазаму мушаххаси меҳнат гузаронидани ҷараёни истеҳсолот;

такмилдиҳии доимии идоракунӣ.

279
Нет комментариев. Ваш будет первым!