Истеҳсолоти ҷамъиятӣ, моҳият ва шаклҳои он

Дар назди ҳар як истеҳсолот, новобаста ба сохтор (низом)-ҳои иқтисодӣ, масъалаҳои умумие меистанд, ки бидуни ҳал ва ба инобат нагирифтани онҳо рушду камоли ҷомеаро таъмин кардан имконнопазир мегардад. Ба ҷумлаи онҳо дохил мешаванд:

1) чӣ бояд истеҳсол кард, то ки ниёзу эҳтиёҷи моддии ҳамаҷониба афзояндаи аъзоёни ҷамъият қонеъ гардонда шавад?

2) чӣ қадар истеҳсол кард? Ба ин мақсад кадом ҳиссаи захираҳои мавҷударо (захираҳои табиат, сармоя, меҳнат, замин, технология, қобилияти соҳибкорӣ) истифода ё худ банд намуд?

3) чӣ тавр истеҳсол намуд? Ташкили истеҳсолотро чӣ навъ ба роҳ монд? Кадоме аз намудҳои техникаю технологияро истифода кард?

4) барои кӣ истеҳсол кард? Истеъмолкунандаи молу хизматҳо киҳоянд? Қобилияти харидории онҳо чӣ тавр аст?

5) оё истеҳсолот тибқи қудрат ва тавоногии мавҷудаи худ сатҳи ақал(минимум)-и хароҷот ва сатҳи аксар (максимум)-и фоидаро дар ҳолати мавҷуд будани рақобатпазирии корхонаҳои дигар таъмин карда метавонад?

Ин ва дигар масъалаҳо дар шароити иқтисоди бозорӣ дар асоси ба эътибор гирифтани имконияту қонуниятҳои истеҳсолоти ҷамъиятӣ ва қонеъ гардонидани талабот ба роҳ монда мешавад.

Талабот ҳамчун ҳолат ё худ вазъи қонеъ гардонданашудаи ниёз ва эҳтиёҷи одамон мебошад, ки онро бояд бартараф намуд. Ҳамин чиз одамонро маҷбур месозад, ки онҳо ба фаъолияти истеҳсолӣ даст зананд, маҳсули онро тақсиму мубодила намоянд.

Талабот ва тафриқасозии он тибқи меъёр ва нишондиҳан-даҳои зиёде сурат мегирад. Онро ҳамчун талаботҳои мутлақу нисбӣ, пасту баланд, мавқуф гузоштаву мавқуф гузошташаванда, мустақиму ғайримустақим, ҳозираю оянда (А. Маршалл), аввалиндараҷаю дуюминдараҷа ва ғайра номбар мекунанд. Дар навбати аввал талабот ба неъматҳои моддӣ (хӯрок, пӯшок, сару либос…) ва сониян талабот ба маҳсули фаъолияти ақлонӣ (зеҳнӣ), маданӣ ва ғайра ба миён омада ташаккул меёбад.

Талабот дар сатҳҳои гуногун (хона, корхона, ноҳия, мамлакат, ҷаҳон…) аз ҷониби субъектҳои гуногуни иқтисодӣ, вобаста ба сатҳ ва дараҷаи ташаккули истеҳсолоти ҷамъиятӣ ба роҳ монда мешавад.

Истеҳсолоти ҷамъиятӣ кулли муносибатҳои иқтисодию иҷ-тимоиро оиди истифодаи захираҳои сарвати миллӣ, ташаккули маҳсулоти ҷамъиятӣ (истеҳсол, тақсим, муомилот, истеъмоли он) ва қонеъ гардондани талабот ифода мекунад.

Бояд ёдовар шуд, ки дар шароити бозор бидуни хоҳиш ва дархост ҳама аъзоёни ҷомеа (молистеҳсолкунанда, истеъмолкунанда, фурӯшанда, идоракунанда…) таҳти «дастҳои ноайён» (қонунҳои иқтисодӣ) ба як мақсад — қонеъ гардонидани талабот ба ҳам пайваст карда мешаванд. Дар ин мазмун истеҳсолот хислати ҷомеавӣ пайдо мекунад. Ин ҷараён ба таври айнӣ (объективӣ) новобаста ба шаклу намуди сохторҳои иқтисодӣ, моликият ва таъсири омилҳои иҷтимоӣ амал мекунад.

Иқтисоди сиёсии марксистӣ истеҳсолоти ҷомеавиро аз ду нуктаи назар: 1) маҳдуд — истеҳсоли неъматҳои моддӣ дар як давраи муайян; 2) васеъ — раванди доимию паи ҳам такроршаванда, яъне такрористеҳсоли ҷамъиятӣ, ҳамчун кулли муносибатҳо оиди истеҳсол, тақсим, мубодила ва истеъмол таҳлил менамояд.

Набояд фаромӯш кард, ки истеҳсолоти ҷамъиятӣ, ташкил ва танзими он ҳамеша сирати инфиродӣ дошта, тибқи хислатҳои миллӣ, таърихӣ, ҳалли масоили иҷтимоию иқтисодӣ, вазифаю мақсади ҷомеа метавонад ҳархела сурат гирад. Аз ин лиҳоз, хусусиятҳои хос ва умумии онро фарқ мекунанд.

Хусусиятҳои хос аз нигоҳи дараҷаи камолоти омилҳои истеҳсолот (сармоя, меҳнат, соҳибкорӣ, замин…), сатҳи рушди фаъолияти зеҳнии инсон, тахсис, тамаркази истеҳсолот, зерсохтори истеҳсолӣ, иҷтимоӣ, бозорӣ…) тақсим карда мешавад.

Хусусиятҳои умумӣ ҳамчун хислатҳои баҳампайвастшавии раванди меҳнат (меҳнат, предмет ва воситаҳои меҳнат), максади истеҳсолот (баланд бардоштани сатҳи зиндагонӣ ва талаботи мардум), таъмин кардани пешрафти воситаҳои истеҳсолот, рушду камол, дониш, малака ва маҳорати инсон, техникаю технология, маълумот, идора ва ғайра зуҳур меёбад.

Натиҷаи ҳар як истеҳсолоти ҷомеавӣ тавлиди маҳсулот (маҷмӯи арзишҳои истеъмолӣ) ё худ неъматҳои иқтисодӣ, ғайри-иқтисодӣ ва хадамот буда, дар сатҳҳои гуногун (хоҷагиҳои хонавода, инфиродӣ, коллективӣ, ноҳия, кишвар, иқтисоди миллӣ, ҷаҳонӣ…), номҳои гуногун (маҳсулот, маҳсулоти умумӣ, маҳ-сулоти миллӣ, маҳсулоти умумии дохилӣ…) гирифта метавонад.

Ҳаракати доимӣ ва муозини онҳо чун ягонагии давраҳои истеҳсолоти ҷамъиятӣ: истеҳсол, тақсим, мубодила ва истеъмол сурат мегирад.

Истеҳсол — нуқтаи ибтидоии истеҳсолоти ҷомеавӣ буда, ҷунбиш, ҳаракат, инкишоф ва пешрафти онро таъмин менамояд. Дар доираи истеҳсол тавлиди маҳсулот — неъматҳои моддӣ анҷом меёбад. Дар ҳолати тавлид, неъматҳову хизматҳои иқтисодӣ истеъмол (истифода) карда мешаванд.

Истеъмол — мақсади ниҳоии истеҳсол буда, дар ҳар як сохторҳои иқтисодӣ, сатҳ ва рушди онро муайян мекунад.

Дар ҷомеаҳои тоиндустриалӣ (сармоядорӣ) истеъмол ба мақсади истеҳсол ё худ истеҳсол ба мақсади истеъмол хизмат менамуд. Дар шароити низоми бозорӣ, мақсади истеҳсол ва истеъмол ба ҳам мувофиқат нахоҳанд кард. Истеҳсол ба мақсади истифодаи захираҳои маҳдуди иқтисодӣ, таъмин кардани дараҷаи баланди баҳрабардорӣ (фоида), самаранокию тақозои беинтиҳои аҳолӣ нигаронида мешавад.

Истеъмол нисбат ба истеҳсол фишанги фармоиши иҷтимоиро иҷро карда ҳаҷм, таркиб ва сифати маҳсулоти ҷомеавиро муайян месозад. Ҳар як тақозои қонеъгардида аз нав талаби нисбатан такмилёфта ва пешқадамро эҳё мекунад. Рушд ва мураккаб шудани талабот — қувваи бузурги таҳриқадиҳандаи пешрафти истеҳсолот мебошад.

Истеҳсол тибқи низомҳои иқтисодӣ ва шаклҳои моликият ҳархела ташкил гардида, дараҷа ва рушди он ҳамчун меъёр ва нишондиҳандаи муҳимтарини иқтисоди миллӣ боқӣ мемонад.

Тақсим — узви ҳатмӣ ва давоми истеҳсолоти ҷомеавӣ буда, муносибатҳоро оиди тақсими сармоя ва меҳнат дар байни соҳаҳои истеҳсолоти моддӣ, ноҳияву кишварҳо ифода мекунад. Он ҳамчун давраи мустақим муносибатҳоро тибқи тақсиму ташаккули гурӯҳҳо, синфҳо, фарду ҷомеа нисбат ба истеҳсоли маҳсулот; тақсими байни бизнес, истеҳсолкунандаю истеъмолкунанда, тақсими маҳсулоту неъматҳои иқтисодӣ, неъматҳои ғайрииқтисодӣ, хадамот, даромади миллӣ; тақсими захираҳои иқтисодӣ ва ғайра ифода мекунад. Он ба монанди истеҳсол тибқи сирати моликият бо тарзу услубҳои ба худ хоси низомҳои иқтисодӣ (суннатӣ, бозорӣ, амрӣ, муштарак) — ҳархела ба роҳ монда мешавад. Масалан, дар шароити иқтисоди бозорӣ тақсимот мувофиқи тақозою арзаи бозорӣ, сатҳи ташаккули нарх, мавқеи бизнесу соҳибкорӣ, таъсири сиёсати иҷтимоии давлат, танзими давлатии иқтисод ва ғайра сурат мегирад. Дар шароити иқтисоди амрӣ бошад, тақсимот вобаста ба хусусиятҳои моликияти ҷомеавӣ будани воситаҳои истеҳсолот, тамаркази истеҳсолот тибқи принсипи «тақсимоти баробар ба меҳнати баробар» ва ғайра ба роҳ монда мешавад.

Тақсим ва мубодила на фақат вазифаи миёнаравии байни истеҳсолу истеъмол, балки дар зинаи истеҳсол ҳамчун звенои ибтидоӣ низ иштирок менамояд.

Нигоҳ ба адабиёти Ғарб аз он шаҳодат медиҳад, ки таҳлили ҳодиса ва равандҳои иқтисодӣ на аз давраи истеҳсол, балки тақсиму мубодила оғоз меёбад. Дар бештари адабиётҳои муосири иқтисодӣ таҳлили иқтисоди миллӣ аз хоҷагиҳои бозорӣ, механизми амали иқтисоди бозорӣ (тақозо, арза, рақобат, нарх, соҳибкорӣ, бизнес, маркетинг…) оғоз меёбад. Инро масалан, аз гуфтаҳои Ф. Хайек баръало мушоҳида кардан мумкин аст. «Он чӣ ки мо тақсим мекунем, аз принсипҳои ташкили истеҳсолот вобаста аст, дар айни ҳол он нархгузории низоми бозорӣ ва тақсимот мебошад» (6,57).

Мубодила — ҳамчун унсури муҳимтарини истеҳсолоти ҷомеавӣ дониста мешавад. Оиди нақшу мақом ва манфиату самарабахшии он дар адабиёти кунунии иқтисодӣ ҳамдигарфаҳмӣ ҷой надорад. Дар адабиёти ғайримарксистӣ мубодила ҳамчун унсури маҳсулдеҳи истеҳсолоти ҷомеавӣ тасаввур карда мешавад. Вобаста ба сирати маҳсулдиҳандагии худ он имкон медиҳад, ки неъматҳо дар фазои иқтисодӣ бештар сайр намоянд, ҷой иваз намуда, талаботҳои беинтиҳои одамонро пурра таъмин намоянд ва аз ин ҷиҳат сарвати ҷомеаро афзун гардонанд.

Тибқи ақоидоти К. Маркс, мубодила ҳамчун давраи тақсим нақши миёнаравро дар байни истеҳсолу истеъмол иҷро мекунад. Он ҳаракати худро аз истеҳсол ҳамчун мубодилаи қобилияту фаъолият, яъне фаъолияти истеҳсолии байни коргарон, коргару мудирият, мутахассисони ҷодаи ҳунарҳои гуногун оиди ташкил ва иҷрои амалиётҳои истеҳсолӣ оғоз мекунад. Кулли ин равобитҳо раванди муомилотро ташкил медиҳанд. Маҷмӯи муносибатҳо, ки дар доираи муомилоти молӣ ва пулӣ ташкил мегарданд, ҳамчун давраи алоҳида ва мустақили истеҳсолоти ҷомеавӣ (такрористеҳсол) сурат мегирад.

Аз ин лиҳоз, мубодила ба раванди истеҳсол ғайримустақим таъсир расонда, суръати гардиш ва ҳаҷми онро зиёд мекунад. Аз ин ҷиҳат он сирати ғайриистеҳсолӣ дорад. Дар рафти он таҳти фаъолияти инсон неъмат ё худ маҳсулоте ба вуҷуд оварда намешавад. Фақат ивазшавии шакли пулии арзиш ба шакли молӣ ва баръакс, ба миён меояд, ки он ба ҳаҷм ва меъёри сарвати ҷомеа таъсир намерасонад.

Намояндагони мактаби ниҳоиюн (неоклассикҳо) Маршалл ва дигарон ақида доранд, ки мубодила ҳамчун истеҳсолот маҳсулдиҳанда аст. Он барои ҳаракату давр-зании неъматҳо ва пурратар қонеъ гардонидани талабот шароит фароҳам меоварад ва бо ҳамин сарвати ҷомеаро афзун мегардонад (6, 57-58).

Истеъмол — самти муқобил ва давраи мустақилу ниҳоии истеҳсолоти ҷомеавӣ буда, ҷараёни истифода, нест, масраф ё худ кам кардани фоиданокии неъматҳои моддиро ифода мекунад. Одатан, истеҳсол ва истеъмолро дар як сатҳ, яъне дар як мазмун тасаввур мекунанд. К. Маркс қайд мекунад, ки истеҳсол ва истеъмол як чиз аст.

Новобаста аз маънидодкуниҳои мазмун ва моҳияти истеъмол, дар адабиёти иқтисодӣ ду шакли онро — истеъмоли ис-теҳсолӣ ва истеъмоли ғайриистеҳсоли (фардӣ, шахсӣ)-ро фарқ мекунанд. Истеъмоли истеҳсолӣ ҳамчун ҷузъи таркибии истехсолот, раванди истифодаи сармоя ва меҳнатро дар доираи корхонаҳо ифода мекунад. Истеъмоли ғайристеҳсолӣ бошад, бидуни тавлид ҳамчун равиши истифода, масраф ба мақсади нӯшидан, хӯрдан, пӯшидан, хондан, нигоҳ доштани тансиҳатӣ ва ғайра дар доираи хоҷагиҳои хонавода ва соҳаҳои ғайри-истеҳсолӣ ташкил мегардад.

Аз ин нуктаи назар истеъмоли ғайриистеҳсолӣ ба:

а) истеъмоли аҳолӣ (талабот ба хӯрока, чизу чораи рӯзғор, хонаю ҷой, бостонсаройҳо) ва б) истеъмоли ҷомеавӣ (талабот ба дониш, маориф, илм, идора, ҳифзи саломатӣ, мудофиа ва ғайра) ҷудо карда мешавад. Истеъмоли аҳолӣ, афзалиятан аз ҳисоби даромади аҳолӣ, пасандоз ва андӯхту сармоягузориҳои шахсӣ ва истеъмоли ҷомеавӣ аз ҳисоби даромади бизнес, соҳибкорӣ, буҷаи маҳаллӣ, ноҳияву кишвар, буҷаи давлатӣ ва ғайра ташкилу подош карда мешавад.

Аз ҷониби объект ё худ истифода он ҳамчун истеъмоли захираҳои табиат, захираҳои иқтисодӣ, дороию сарват, истеъ-моли омилҳои истеҳсолот, неъматҳои иқтисодӣ, ғайрииқтисодӣ ва хадамот, ки бештар шакл ва намуди зоҳирӣ (чизӣ) доранд, ташкил мешавад.

Аз ҷониби субъект — истеъмол ҳамчун истеъмоли хоҷагиҳои хонавода, фирмаю ширкатҳо, ташкилоту муассиса, ноҳия, кишвар ва ғайра таъсис меёбад.

Ин ё он хел тафриқасозии истеъмол сирати қонунӣ надорад. Он ҳамеша ба таври ба худ хос, дилхоҳ ҳархела дар ҳар як сатҳи иқтисодӣ сурат гирифта, хусусиятҳои рамзӣ, яъне нисбӣ дорад. Истеъмоли мутлақ (талаботи пурра қонеъгардида) вуҷуд надорад. Истеҳсол бидуни истеъмол ҳадду ҳудуди маҳдуди миллӣ надорад. Он ҳамчун натиҷаи ниҳоии истеҳсолоти ҷомеавӣ сурат мегирад.


446
Нет комментариев. Ваш будет первым!