Фирма (корхона) ҳамчун мафҳуми иқтисодӣ ва субъекти хоҷагидорӣ

Шаклҳои зуҳур ва механизми фаъолияти фирма хеле ҳам мураккаб буда, мувофиқи банду басти рушди низоми иқтисодӣ ва гуногуншаклии моликият, ҳархела сурат мегирад.

Одатан, ба фаъолияти истеҳсолӣ аксарияти субъектҳои иқтисодӣ банд мебошанд. Ба фаъолияти соҳибкорӣ (истеҳсолӣ) хоҷагиҳои хонадорӣ, ё ки бо таври озод, тибқи иҷозат ё бидуни он, фармоиш ё бо таври дилхоҳ машғуланду неъматҳои иқтисодию хадамот тавлид менамоянд ва пешкаши истеъмолгарон мегардонанд ва дар ин асос дархост ва эҳтиёҷоти худро қонеъ мегардонанд, дохил мешаванд.

Ин тарз ва намуди мубодилаи фаъолият бо мурури амиқ гаштани раванди хоҷагиҳои бозорӣ (молӣ) ботадриҷ густариш ва минбаъд ба расмият даромада, ҳамчун дастҳои ноаён (қонунҳои иқтисодӣ) ташаккул меёбад.

Заминаҳои айнии ба вуҷуд омадани фирма аз давраи андӯхти ибтидоии капитал (сармоя) оғоз ёфта, дар замони таҳаввули истеҳсолоти калони мошинӣ (инқилоби саноатии капитализм) ҳамчун корхонаҳои хусуси(фарди)-и аз ҳам ҷудо, барои ташкил гардидани фаъолияти соҳибкорӣ таҳкурсӣ гузоштааст. Нақш ва мақоми фирма таҳти пешрафти илму техника (махсусан, баъди солҳои 60-ӯми асри ХХ) боз ҳам афзуда, ба зинаи баланди рушду нумӯи худ мерасад.

Чӣ тавре аз таҳлили адабиётҳои мавҷудаи иқтисодӣ бармеояд,

фирма аз вожаи италянии “firma” гирифта шуда, маънои имзо, мавсуми савдогар, ё худ тоҷирро ифода мекунад.

Оҳиста-оҳиста баробари рушду нумӯи башарият мазмун ва моҳияти аслии он аз байн рафта, таҳти фирма на ҳамчун амалиёти ҷудогона, балки қобилияти ташкилоти бузурги фавқулқудрат (институте), ки қодир аст захираҳои иқтисодиро дигаргун созад ва аз онҳо неъматҳо тавлид намояд тасаввур карда мешавад.

Аз нигаҳи баъзе аз олимони иқтисоддон фирма ҳамчун:

— шакли мушаххаси ташкили истеҳсолот;

— субъекти мустақили иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ, ки бо фаъолияти соҳибкорӣ банд мебошад;

— масоили хоҷагидориро дар чорчӯбаи ҳалли масъалаҳои асосии иқтисод: чӣ?, чӣ хел?, барои кӣ истеҳсол намуд?, дар куҷо?, барои кӣ?, бо кадом нарх онро фурӯхт?, ва ғайра ба роҳ мемонад тасаввур карда мешавад.

Дар адабиёти муосири Ғарб назарияҳои мухталифи фирма ба чашм мерасанд.

Ҷавҳари марказии онро меъёрҳои гуногун, хусусан, истифодаи захираҳо, кам кардани хароҷот, ба даст овардани фоида ва ғайра ташкил медиҳанд.

Асосан, чунин меъёрҳои муайянкунандаи назарияи фирма фарқ карда мешаванд:

1) назарияи суннатӣ. Тарафдорони ин назария фирмаро аз нигаҳи тарз ва услуби механизми коркард ва истифодаи захираҳои иқтисодӣ ва мутобиқгардонии он ба механизми бозорӣ ташбеҳ медиҳанд. Аз диди онҳо фирма ҳамчун субъекти иқтисодие, ки ба мақсади тавлиди неъматҳои моддӣ ва адои хизматҳо, аз комбинатсияҳои имконпазири захираҳо оқилона истифода мекунад ва дараҷаи мӯътадили фоидаро таъмин менамояд баромад мекунад.

Назарияи иқтисоди суннатӣ, фирмаро аз нигаҳи ис-теҳсолию низоми техникӣ, яъне конгломерат(шакли омехта)-и мошин ва одамон баҳо медиҳад. Фирма ба “қуттии тирагуне” шабоҳат дода мешавад, ки аз як канори он захираю технология ворид гашта, дар канори дигари он маҳсулоти тавлидгардида пасандоз карда мешавад. Барои ҷонибдорони ин равия, ҳодиса ва равандҳои дохилии ин “қуттӣ” эътибор надорад. Барои онҳо шакли ташкил ва тарзу услуби истифодаи захираҳо бештар заруртар мебошад (39, 74).

Мақсади ниҳоии фирма, тибқи ин назария, ҷидду ҷаҳд барои ба даст овардани фоида мебошад;

2) назарияи менеҷералӣ тақозо менамояд, ки ҳадафи муҳимтарини фирма — аввало ба ҳадди аксар расонидани ҳаҷми фурӯш ва баъд гирифтани даромад бошад.

Тибқи ақидаи онҳо амалигаштани ин мақсад на ба фаъолияти моликон, балки аз истеъдоди идоракунандагон, менеҷерон, ки барои афзун гардондани гардиши мол бештар ҳавасманд мебошанд (чунки аз ҳаҷми даромад, ҳаҷми музди кор ва мукофотпулии онҳо вобастагӣ дорад) алоқаманд мебошад;

3) ҷонибдорони ҳадди ақсари рушд бештар андеша ба он доранд, ки корхонаҳои инкишофёфтаистода нисбат ба корхонаҳои бузург афзал доранд. Дар таъмини рушду нумӯи онҳо ҳам моликону менеҷерон ва ҳам саҳмиядорон манфиатдоранд.

Онҳо ду роҳи рушди корхонаҳоро ҷонибдорӣ мекунанд: якӯм — роҳи рушди дохилӣ, ки асосан аз ҳисоби тамаркази истеҳсолот ва сармоя сурат мегирад ва роҳи дуввӯм, ки аз ҳисоби марказияти истеҳсолот ва сармоя, яъне ба ҳам як шудан ё худ “фурӯ бурдани” корхонаҳои хурд аз тарафи корхонаҳои калон ба роҳ монда мешавад.

Рушди корхонаҳо метавонад аз ҳисоби сарчашмаҳои дохилӣ: қисми фоидаи тақсимнашуда ва дар корхона боқимон-да; барориши саҳмияҳо; воситаҳои пулии аз банк қарз гирифташуда ва сарчашмаҳои берунӣ: ба ҳам иттисол гардидани як ё якчанд корхонаҳо ё худ иттиҳодияҳо; ба ҳам пайваст ё худ муттаҳид гардидани фирмаҳо бо воситаи харида гирифтани пакети саҳмияи корхонаҳо ва ғайра ташкил гарданд.

Раванди ба ҳам интиқол ва пайваст шудани фирмаҳо метавонад бо тарз ва услубҳои гуногун: ҳамгироии уфуқӣ, амудӣ ва диверсификатсионӣ сурат гирад.

Ҳамгироии уфуқӣ, ҳамчун кулли муносибатҳо оид ба ҳам иттисол шудани фирмаҳо дар чорчубаи фаъолияти якхелаи бизнес сурат мегирад. Яъне корхонаҳое, ки аз нуқтаи назари технологӣ ба ҳам наздикӣ доранд ва маҳсулоту хизматҳои якхелаву якоҳангро тавлид менамоянд.

Ҳамгироии амудӣ шакли ба ҳам пайвастшавии корхонаҳое мебошад, ки онҳо барои иҷро кардани амалиётҳои паи ҳам ва алоқаманд омода гардидаанд (масалан, аз истиғроҷи нефт то фурӯши маҳсулоти нефтӣ — карасин, бензин ва ғайра).

Ҳамгироии диверсификатсионӣ яке аз шаклҳои ҳам-гироии уфуқӣ буда, раванди ба ҳам якшавии корхонаҳои аз ҷиҳати технологӣ гуногун ва ба ҳам алоқамаднабударо муттаҳид мекунад. Масалан, тавлиди маснуоти химиявӣ, мошин ва ғайра.

4) назарияи ҳадафи аксар, бештар ба масоили сирати роҳ-барияти сатҳи болоии фирма нигаронида шудааст. Тибқи назардошти он, муомила чунон бояд сурат гирад, ки тавонад манфиати ҳамагонро ифода намояд: манфиати коргарон, роҳбарият ва ғайра. Ин назария дар шароити ҳозира бештар дар Япония истифода карда мешавад.

5) таърифи классикии фирма, сароғоз аз ҷониби А. Смит ва минбаъд К. Маркс тавсиф карда шудааст. Моҳияти фирма бевосита аз мазмуни синфию иҷтимоии капитализм берун оварда шудааст. Тибқи ақидаи онҳо фирма маҳсули тақсими ҷамъиятии меҳнат, табдил ёфтани кооператсияи оддии капиталистӣ ба манафактура, яъне фабрикаи капиталистӣ мебошад. Дар ин ҷо фабрика ҳамчун шакли асосии фирма, барои баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат, кам кардани хароҷот ва ба даст овардани фоида мусоидат менамояд. Дар тасаввури классикон, фабрика ҷое мебошад, ки дар он омилҳои моддӣ ва омилҳои шахсӣ (қувваи коргарӣ) ба ҳам пайваст карда мешаванд. Мақсад ва мароми онро на фаъолияти озодонаи соҳибкорӣ, балки истисмори синфи коргар ва ба даст овардани фоида ташкил медиҳад.

6) иқтисодчии америкоӣ Ф. Найт гумон дорад, ки фирма дар натиҷаи ҷидду ҷаҳди агентҳои бозорӣ ба ҳадди ақал расондани хавф (таваккал) ва номаълумиҳо ба миён меояд. Чӣ қадаре номаълумиҳо мураккаб бошанд, ҳамон қадар афзалияти фирма низ нисбат ба бозор бештар мегардад.

7) мувофиқи ақидаи Р. Коуз фирма ҳамчун институти иқти-содӣ, аз боиси бори гарон (қиммат) будани мутобиқгардонии равандҳои бозор ба миён меояд. Гап дар сари он меравад, ки дар шароити бозор, аксар вақт фирмаҳо барои тезтар ва зудтар фурӯхтани молу маҳсулоти тавлидкардаи худ, хароҷоти хариду фурӯши (мубодилаи) бозориро, ки дар асл бояд субъектҳои дигару алоҳидаи ба ҳам муттаҳидна-шудаи бозор (харидорон, фурӯшандагон) мустақил адо намоянд, ба ӯҳдаи худ мегиранд. Ин шакли масрифотро Р. Коуз “хароҷоти (масрифоти) тран-саксионӣ” номидааст. Он маҷмӯи муносибатҳоро оиди: ба кӣ бо-яд алоқа ва муносибат дошт?, бо кӣ оид ба даст овардани захира шартнома баст?, шарту шароити хариду фурӯшро муоина кард?, гуфтушунидҳои пешаки барқарор намуд?, оиди фаъолияти ра-қибон, истеъмолгарон маълумот ҷамъоварӣ намуд? ифода мекунад. Аз ин нигаҳ Р. Коуз чаҳор шакли хароҷоти трансаксиониро нишон додааст:

  1. масраф оиди ҷамъоварӣ ва коркарда баромадани иттилоот дар хусуси таъмингарон, нарх, характеристикаи (тавсифи) молҳову хадамот;
  2. масраф оиди гуфтушунид ва қабули қарорҳо (бастани қарордодҳо);
  3. масраф барои назорат оиди иҷрои шарту шароити шартнома;
  4. масраф барои таъмин кардани шароитҳои ҳуқуқии қарордодҳо (контрактҳо).

Ин гурӯҳи хароҷотҳо (масрифот) бидуни бозор ба зиммаи фирма гузошта мешавад ва он раванди муносибатҳои иқтисодиро қавитар мегардонад.

Истеъмолгар ва фирма агентҳои асосии муносибатҳои бозорӣ, ду қутби мутақобилаи ин муносибат мебошанд. Аз дигар тараф, фирма худ маҳсули муносибатҳои бозорӣ ба ҳисоб меравад. Иқтисоддонон ақида доранд, ки фирма дар натиҷаи мубодилаи бозорӣ сурат мегирад.

Рақобати мутақобилаи байни бозор ва фирма оид ба ҳамоҳангии фаъолияти хоҷагидории одамон зуҳур меёбад. Инро дар нақшаи зер мушоҳида кардан мумкин аст.

Б О З О РФ И Р М А
1. Аз ҳам ҷудо будани воситаҳои истеҳсолотро дар назар дорад.1. Дар асоси тамаркази истеҳсолот ташкил карда мешавад
2. Ҳукмронии шакли ғайри мустақими алоқаро дар байни одамон бо воситаи нарх, пул ва ғайра ифода мекунад.2. Ҳукмронии мустақими шакли равобитро дар байни ҳамкасбон ифода мекунад.
3. Фишангҳои ҳавасманд-гардонии иқтисодӣ (модди)-ро бидуни фармон ва дахолат истифода мекунад.3. Дар асоси принсипи яккаҳукмронии усулҳои маъ-мурии идора амал мекунад.

Нақшаи 36. Ваҳдат ва тазоди бозор ва фирма

Аз сирати фарқкунандаи бозор бармеояд, ки он (бозор) шакли ҳамбастагии бешууронаи амалиёти иштирокчиёни (субъ-ектҳои) он мебошад. Фирма бошад аз ҷониби иштирокчиёни худ бешуурона танзим карда мешавад. Фаъолияти онҳо аз ҳисоби моликон ба нақша гирифта, идора карда мешавад. Бозор ва фирма ҳарду шакли алтернативии ташкили фаъолияти иқтисодии одамон мебошад (9, 192-195).

Дар адабиёти муосири иқтисодӣ (18,141) ҳамбастагии бозор ва фирма аз ду ҷиҳат:

1) ҳамчун ташкилоте, ки захираҳои ибтидоиро ба маҳсулоти интиҳоӣ табдил медиҳад;

2) шакли ҳуқуқии мустақилона ташкилшудаи бизнес, ки рамзан ҳамчун воҳиди (субъекти) соҳибкор аз қайди ташки-лотҳои болоӣ (юридикӣ) гузаштаанд ва дорои мустақилияти тиҷоратӣ мебошанд, мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор мегиранд.

Шакли хоҷагидорӣ, кунун дар асоси қонуну қонунгузориҳо — шакли ташкилию ҳуқуқӣ ба роҳ монда мешавад. Хоҷагидорӣ ҳамчун меъёри ҳуқуқии субъектҳои иқтисодӣ, бо фаъолияти хосаи гурӯҳи одамон, яъне соҳибкорон табдил меёбад.

Мояи асосии онро истеҳсолот ва ба даст овардани даромаду фоида ташкил медиҳад. Фаъолияти соҳибкории инфиродӣ баъд аз ба қайд гирифта шудани корхона ва гирифтани шаҳодатнома дар хусуси фаъолияти соҳибкорӣ (литсензия, патент) қонунӣ ҳисобида мешавад. Ин гуна фаъолият метавонад аз доираи хоҷагиҳои алоҳида то корхонаҳои бузург ташкил гардад. Аз ин ҷиҳат алоқаи доимию устувори фаъолияти соҳибкорӣ, ки сирату меъёри ташкилии мунтазам доранд, ба сифати корхона ташкил карда мешавад.

Фаъолияти фирма, тибқи ақидаи Камаев В.Д. дар чорчӯбаи чунин муносибатҳои бозорӣ сурат мегирад:

— мубодилаи пул ба меҳнати коргарони кироя;

— мубодилаи пул ба молу маҳсулот ва хизматҳои молтаъминкунанда;

— мубодилаи молу хадамот ба пули истеъмолгарон;

— мубодилаи пул ба чизҳое, ки минбаъд ҳамчун натиҷаи қарз (кредит) пардохта хоҳанд шуд;

— мубодилаи пул ба молу хадамот, ба ивази истифодаи об, гармӣ, қувваи барқ, рӯбучин, дидбонӣ, постбонӣ ва ғайра (7, 141).


548
Нет комментариев. Ваш будет первым!