Аудити бонки миллии точикистон
Моддаи 82. Аудити берунии Бонки миллии Тоҷикистон
1. Ба ҳисоботи солонаи Бонки миллии Тоҷикистон бояд хулосаи аудиторӣ дода шавад. Аудити берунии Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи стандартҳои байналмилалии аудит гузаронида мешавад.
2. Бонки миллии Тоҷикистон бо ширкати эътирофшудаи аудиторӣ, ки ғолиби озмун гардидааст, қарордод мебандад ва ҳисоботу иттилооти барои гузаронидани аудит заруриро пешниҳод мекунад.
3. Қарордод дар бораи гузаронидани аудит бояд ҳаҷми иттилооти ба ширкати аудиторӣ пешниҳодшаванда, инчунин масъулияти онро барои ба шахсони сеюм додани иттилооти гирифташуда пешбинӣ кунад.
4. Як ширкати аудиторӣ наметавонад пайваста бештар аз панҷ сол аудити Бонки миллии Тоҷикистонро гузаронад.
5. Муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ва «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» нисбат ба ширкатҳои аудитории хориҷие, ки аудита Бонки миллии Тоҷикистонро мегузаронанд, татбиқ намегардад.
Моддаи 83. Аудити дохилӣ
1. Аудити дохилии Бонки миллии Тоҷикистон аз ҷониби Департамента аудити дохилӣ амалӣ гардонда мешавад.
2. Ба Департамента аудити дохилӣ сараудитори Бонки миллии Тоҷикистон, ки ӯро раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо розигии Раёсат ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд, роҳбарӣ мекунад. Сараудитор ба мӯҳлати панҷ сол таъин гардида, метавонад ба ин вазифа боз аз нав таъин шавад. Сараудитор бояд шахси дорои таҷрибаи кофии касбӣ дар соҳаи ҳисобдорӣ ва аудити бонкӣ бошад.
3. Сараудитор аз вазифа тибқи асосҳое, ки барои аз вазифа озод кардани аъзои Раёсат пешбинӣ шудаанд, озод карда мешавад.
Моддаи 84. Кумитаи аудити Бонки миллии Тоҷикистон
1. Раёсат бо мақсади огоҳии саривақтӣ аз вазъи молиявии Бонки миллии Тоҷикистон, баҳодиҳии низоми назорати дохилӣ ва идорасозии хавфҳо, таҳлили кори аудити дохилӣ ва берунӣ, инчунин пешниҳоди тавсияҳо доир ба масъалаҳои баррасишаванда кумитаи аудитро таъсис дода, тартиби фаъолияти онро муайян менамояд.
2. Кумитаи аудит аз се нафар аъзои Раёсат иборат буда, аксари онҳо, аз ҷумла раиси он аз ҳисоби аъзои мустақили Раёсат интихоб мегардад.
БОБИ 13. ОМОР ВА ИТТИЛООТ
Моддаи 85. Таҳияи тавозуни пардохт
1. Бо мақсади таҳияи тавозуни пардохти мамлакат Бонки миллии Тоҷикистон аз субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ пешниҳоди маълумотро оид ба амалиёти иқтисодии хориҷии онҳо, аз ҷумла қарзҳои берунаи давлат, ки бо кафолат таъмин нестанд, талаб мекунад.
2. Субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ бояд ба Бонки миллии Тоҷикистон тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
Моддаи 86. Ҷамъоварии маълумоти оморӣ ва иттилоот
Бонки миллии Тоҷикистон:
— маълумоти оморӣ ва иттилоотро, ки бо иҷрои вазифаҳояш алоқаманданд, ҷамъоварӣ, таҳия, таҳлил ва нашр менамояд;
— номгӯй ва шаклҳои ҳисоботи оморӣ ва дигар маълумоти зарурии омории ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳодшаванда ва мӯҳлати пешниҳоди онро муайян мекунад;
— тартиби махфият ва масъулиятро мутобиқи қонун дар ҳолати риоя накардани тартиботи пешниҳоди маълумоти оморӣ муайян мекунад;
— дар ҷамъоварӣ, таҳия ва нашри маълумоти оморӣ ва иттилоот, қабули меъёрҳои байналмилалии паҳнкунии маълумот бо мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ ҳамкорӣ менамояд.
Моддаи 87. Интишори маълумоти оморӣ ва иттилоот
Бонки миллии Тоҷикистон инҳоро ба нашр мерасонад:
— маълумоти оморӣ ва иттилоот;
— методологияе, ки барои ҷамъоварии маълумоти оморӣ ва иттилооти дахлдор истифода бурда мешавад.
БОБИ 14. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 88. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 89. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии
Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 1996 «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, №24, мод. 410; с.2001, №4, мод. 173; с.2002, №11, мод. 672; с.2004, №12, қ.1, мод. 690; с.2007, №7, мод. 680; с.2009, №7-8, мод. 502) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 90. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон