Бонки тиҷорати ва сохтори он
Бонк — ташкилоти карзи буда, дорои хукуки гузаронидани чунин амалиёт аст: чалб намудани амонат ва пасандозхои шахсони хукуки ва вокеи ва аз хисоби онхо аз номи худ додани карз, аз руи усулхои муздноки, мухлатноки ва баргардонидан дар вактхои муайяншуда; ифтитох ва пешбурди хисобхои шахсони хукуки ва вокеи.
Таъиноти асосии бонк – миёнарав будан байни карздиханда ва карзгиранда, инчунин байни фурушандагон ва харидорон аст. Дар баробари бонкхо дар бозор боз дигар муассисахои молиявию карзи вучуд доранд, онхо низ ба чобачогузории маблагхои пули байни субъектхои хочагидори машгуланд, аз чумла: фондхои сармоягузори, ширкатхои савдогари (дилерхо) ва гайра. Аммо бонкхо бо ду хусусияти худ аз дигар муссисахои молиявию карзи фарк мекунанд.
Якум, барои бонкхо хусусияти духелаи табодули ухдадорихои карзи вучуд дорад: аз як тараф онхо воситахои хусусии худро (амонатхо, тасдикномахои амонати ва гайра) пахн месозанд, аз тарафи дигар воситахои чалбкардаашонро барои харидани когазхои киматноки баровардаи дигар корхона ва муассисахо истифода мебаранд. Ин амал бонкхоро аз дигар даллолон ва точирони молияви, ки дар бозор бе нашр ва фуруши ухдадорихои молияви фаъолият мекунанд, фарк мекунонад.
Дуюм, бонкхо дар вакти кушодани суратхисоб ва хисобхои чори дар назди шахсони хукуки ва кабули амонатхо дар назди шахсони вокеи ухдадорихои пули мегиранд, илова бар ин амалиёт бе хатари бонки намешавад ва бонкхо ин хатархоро ба зиммаи худ мегиранд ва дар холати аз тарафи муштариён талаб намудани баргардонидани амонат ва пасандозхо маблаги дархосткардаи онхоро медиханд. Аммо фондхои сармоягузори бошанд, маблагхои пулиро дар натичаи нашр ва фуруши когазхои киматнок чалб менамоянд ва дар холати ба вучуд омадани хатар (риск) маблаги хатарро байни сахмдорон таксим менамоянд.
Дар Чумхурии Точикистон ифтитох ва фаъолият намудани бонкхо дар асоси Конуни Чумхурии Точикистон аз 23 майи соли 1998 «Дар бораи бонкхо ва фаъолияти бонкй» сурат мегирад. Мутобики ин конун, бонкхо чун бонкхои умуми (универсали) фаъолият менамоянд, яъне тамоми амалиёти бонкиро мегузаронанд.
Бонк дар Чумхурии Точикистон муассисаест, ки барои чалби амонатхою дигар воситахои пули ба максади истифодаи онхо барои карздихи бо шартхои бозгардони, муздноки, мухлатноки, инчунин барои хисоббаробари бо супориши муштариён ташкил карда мешавад.
Бо мафхуми том бонк ё муассисаи карздиханда шахси хукукиест, ки максади асосии вай гирифтани фоида аз фаъолияташ мебошад.
Бонк метавонад чунин амалиётро гузаронад: кабули амонатхо аз шахсони хукуки ва вокеи; кушодан ва бурдани суратхисоб ва хисобхои чории муштариён; амалиёти кассави (кабул намудан, аз нав хисоб кардан, иваз намудан ва нигох доштани пули когази ва тангахо); интиколи маблагхои пули бо супориши муштариён аз як хисоб ба хисоби дигар; ба муштариён додани карз; ташкили амалиёти мубодилаи пули милли ба асъори хоричи; аз номи муштариён пахн намудан, яъне фурухтани когазхои киматнок; нигох доштани когазхои киматнок, ашёи гаронбахо ва дигар амалиёт.
Бонкхо метавонанд дар нохияхои чумхури ва берун аз худуди чумхури бахш ва ё намояндагихои худро таъсис диханд. Бахш ва намояндагихои бонкхои тичорати шахси хукуки набуда, бо супориши бонки болои амалиёти чудогонаро ичро менамоянд.
Тартиби ифтитох, бакайдгири ва бархам додани бонкхо дар асоси Конуни Чумхурии Точикистон „Дар бораи бонкхо ва фаъолияти бонки“ сурат мегирад. Мутобики ин конун дар Чумхурии Точикистон тартиби додани ичозатнома (литсензия) барои фаъолияти бонки чори шудааст. Фаъолияти бонки факат дар асоси ичозатномаи Бонки миллии Точикистон сурат мегирад. Ин гуна ичозатномахо ба ташкилотхои молиявии гайрибонки низ дода мешаванд. Хусусияти додани ичозатнома барои фаъолияти бонки дар он аст, ки дар фаъолияти бонки хатархо зиёданд, ки онхо ба пардохтпазирии бонкхо дар шароити иктисоди бозори таъсир мерасонанд.
Фаъолияти муассиса ва ташкилотхои гайрибонкие, ки амалиёти бонки мегузаронанд, аз тарафи давлат ва Бонки миллии Точикистон тахти назорати катъи гирифта танзим карда мешаванд.
Ичозатномаи додашуда дар фехристи ичозатномахое, ки барои ичрои амалиёти бонки дода шудаанд, ба кайд гирифта мешавад.
Бонки тичорати дар холати дар Бонки миллии Точикистон гузаштани барӯйхатгирии давлати ташкилшуда хисоб меёбад. Бонкхои тичорати бо ташаббуси муассисон — шахсони хукуки ва шахсони вокеи ташкил карда мешаванд ва онхо тайёранд барои хиссагузори ба сармояи оинномавии бонк сахм бигиранд. Ба сифати сахмдорони бонк, хамон шахсони хукуки ва вокеи дохил мешаванд. ки конунхои амалкунанда барои иштироки онхо дар ташкили муассисаи карзи ичозат медиханд. Корхона ва муассисахое, ки тавозуни (баланси) пардохтнопазир доранд ва муфлисшуда эълон гаштаанд, сахмдорони бонк шуда наметавонанд, инчунин ба сифати сахмдор баромад кардани ташкилотхои бучетй низ манъ шудааст.
Сахмдорон тартиб додани хамаи хуччатхо, ташкили сармояи оинномавии бонк, таъмини моддию техникии он, муайян намудани муштариён (мизочон), шаклхои амалиёти бонки ва халли дигар масъалахоро ба ухдаи худ мегиранд. Сахмдорон – шахсони хукуки ва вокеи, шартномаи сахдори тартиб дода, ба имзо мерасонанд. Дар он шакли ташкилию хукукии бонк, хачми сармояи оинномави сахми хар як сахмдор, чавобгарии хар яки онхо дар фаъолияти бонк ва дигар коидахо дарч карда мешавад. Хиссаи иштироки хар муассис аз 65 фоизи сармояи оинномавии бонк зиёд буда наметавонад. Андозаи сармояи оинномавии бонки таъсисшаванда аз тарафи Раёсати Бонки миллии Точикистон мукаррар карда мешавад.
Бонкхои тичорати дар фаъолияти худ мустакил буда, аз руи ухдадорихои давлат чавобгар намебошанд.
Бонки тичорати аз руи шартномаи махсуси дар асоси озмун басташуда метавонад супоришхои чудогонаи Хукумати Чумхурии Точикистон ва макомоти хокимияти ичроияи махаллиро ичро кунад, ба воситаи бучетхои чумхурияви ва махалли амалиёт ва хисоббаробари гузаронад ва гайра.
Сахмдорони бонк дар даврахои зарури мачлиси сахмдоронро созмон дода, дар мачлис масъалахои фаъолияти ояндаи бонк, хайати сахмдорон, сахми онхо ва дигар масъалахоро дида мебароянд.
Фехристи ичозатномахое, ки ба бонкхо ва ташкилотхои молиявии гайрибонки дода шудаанд, дар нашрияи расмии Бонки миллии Точикистон соле камаш як маротиба ва тагйироту иловахо ба фехрист дар мухлати як мох аз рузи дохил шудани онхо нашр мегарданд.
Дар холатхои бе ичозатнома гузаронидани амалиёти бонки аз тарафи шахси хукуки, аз он чарима ситонида мешавад, ки мутобики Конун „Дар бораи бонкхо ва фаъолияти бонки“, ки дар ин давра амал мекунад, тамоми фоидаи аз ин амалиёт ба дастомада ва ба андозаи ду баробари ин маблаг муайяншудаи чарима ба хисоби бучети давлатии чумхурияви гузаронида мешавад. Ин чарима аз тарафи макоми идорие, ки вайро конун ба ин кор ваколатдор намудааст ва Бонки миллии Точикистон ситонида мешавад.
Аз руи фаъолияти бонкхо ва ичрои меъёрхои муайяншуда Бонки миллии Точикистон назорати доими бурда, фаъолияти онхоро танзим менамояд.
Максади асосии танзими бонки ва бурдани назорат, нигахдории босуботи системаи бонки дар каламрави чумхури аст.
Дар сурати аз тарафи бонк ё дигар ташкилоти молиявии карзии гайрибонки риоя нагардидани талаботи конунхои чумхури, санадхои меъёри ва амрномахои Бонки миллии Точикистон, пешниход накардани ахбор ё пешниход кардани ахбори нопурра ва носахех, Бонки миллии Точикистон хукук дорад аз бонк ё дигар ташкилоти карзии гайрибонки бартараф намудани норасоихои ошкоргардидаро талаб кунад. Агар амрнома ва пешниходхо оид ба бартараф намудани норасоихо ичро карда нашаванд ва ин вайронкорихо ва норасоихо ба зарари амонатгузорон ва пасандозгузорон содир шуда бошанд, Бонки миллии Точикистон мувофики конунгузории бонки, барои рафъи камбудихо чорахои зарури меандешад. Агар зарур бошад ичозатномаи гузаронидани баъзе амалиётро бозхонда мегирад ва маъмурияти муваккати таъин менамояд.
Мудири муваккати баъди таъин шуданаш дар давоми се руз тамоми чорахоро меандешад, то ки идорасозии фаъолияти бонкро ба дасти худ гирад. Барои ин кор баъзе коргарони бонкро аз вазифаашон озод менамояд, идорасозии копютерхоро ба шахси дигар месупорад ва агар лозим ояд коди онхоро тагйир медихад ва гайра. Мудири муваккати баъди панч рузи таъин шуданаш дар бораи вазъи молиявии бонк ва пешомади он барои баррасии Раёсат хисоботи хатти пешниход менамояд.
Мудири муваккати баъди тахлили фаъолияти бонк дар хисоботи худ яке аз ин чорачуихоро пешниход мекунад:
1. Накшаи муфассали баркдарорсозии бонк;
2. Накшаи дигаргунсозии сохтори бонк;
3. Тавсияхо оиди аз бонк бозхондани ичозатномаи фаъолияти бонки.
Агар Раёсат ба бархамдихии бонк амр дихад, он гох Бонки миллии Точикистон ба ин максад мудири бархамдихи таъин менамояд. Ин мудир то бархам додани бонк корро давом медихад.