Фондҳои асосӣ ва гардон

Сармояи асосӣ (фондҳои асосӣ), қисми сармояи маҳсулдеҳи корхона мебошад, ки арзиши худро дар давоми сикли пурраи такрористеҳсол, қисм ба қисм ба махсулоти тайёр гузаронида, бо тадриҷ дар шакли пул ба молики худ бар мегардад.

Дар амалияи хоҷагидории мо, сармоя аз ду нуктаи назар: арзишӣ (пулӣ) ва шакли натуралӣ ҳисобу китоб карда мешавад. Дар шакли молию чизӣ (натуралӣ) ба сармояи асосӣ (фондҳои асосӣ) биноҳои асосӣ, иншоотҳо, мошин, таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт ва ғайра дохил карда мешаванд. Фондҳои асосӣ дар шакли пулӣ ҳамчун арзиши ҳамаи унсурҳои номбар кардашуда, ки дар баланси (тарози) корхона таҳти “воситаҳои асосӣ” маълуманд тасниф карда мешаванд.

Изображение

Фондҳои асосӣ аппарати истеҳсолии ҳар як фирмаву ширкатро ташкил медиҳад. Вобаста ба он, нерӯи истеҳсолӣ ва дараҷаи техникии истеҳсолот (корхона) муайян карда мешавад.

Аз боиси он, ки дар ҳавзаи истеҳсолотӣ моддӣ соҳаҳои гуногун ва дар ҳар яке аз онҳо даҳҳо ва ҳазорҳо корхонаҳо амал мекунанд, бинобар ин таркиби фондҳо низ дар доираашон ҳархела ташкил мегарданд. Масалан, дар соҳаҳои металлургӣ, мошинсозӣ, металлкоркардабароӣ, нафту химия, электроэнергетика… вазни қиёсии биною таҷҳизот, дастгоҳу мошин ва ғайра бартарӣ доранд. Дар соҳаи кишоварзӣ бошад, баръакс — замин, иншоотҳо, яъне предметҳои меҳнат, дар корхонаҳои саноати сабук — ашё, материал, дар соҳаи алюминий (арзис) — ашё, қувваи барқ ва ғайра бартарӣ доранд. Аз ин ҷиҳат таркиби технологии фондҳои истеҳсолӣ, ҳамчун таносуби намудҳои гуногуни фондҳои асосӣ нисбат ба арзиши фондҳои умумӣ, дар доираи ҳар як корхона ҳархела сурат мегирад.

Қисми олотҳои меҳнат — мошинҳои корӣ, таҷҳизот, приборҳо, ки мустақиман дар раванди тавлидот фаъолона иштирок намуда, ба самаранокии истеҳсолот таъсири мусбат мерасонанд аз ин сабаб онҳоро фондҳои фаъол меноманд.

Қисми дигари фондҳо, масалан биноҳои истеҳсолӣ, иншоотҳо афзалтар дар сифати шароити меҳнат хизмат менамоянд ва муътадил давом кардани раванди тавлидотро таъмин менамоянд. Онҳо нисбатан нофаъол, ё худ ғайримустақим ба самаранок истифода кардани фондҳои асосӣ таъсир мерасонанд. Аз ин ҷабҳа онҳоро фондҳои пассив (нофаъол) меноманд. Онҳо ҳамчун шароити моддии истеҳсолот хизмат намуда, мустақиман дар тавлиди неъматҳову хадамот иштирок намекунанд.

Раванди бошиддат ва босуръати инқилоби илму техника ба тағйироти таркибии истеҳсолот, ба пешрафти соҳаҳои қадим-тарини саноат, электронии хоҷагии халқ, химиконӣ, автоматикунонии истеҳсолот, истифодаи компьютерҳо ва ғайра бурда мерасонад. Ин тағйирот, бешубҳа, ба ҳаҷм ва таркиби фондҳои истеҳсолӣ, алалхусус ба қисми фаъоли фондҳо, самаранокию баланд бардоштани сифати онҳо таъсири бузург мерасонад.

Масъалаи самаранок истифода кардани фондҳои асосӣ барои соҳибкор, масъалаи ҷиддӣ мебошад. Беҳтар истифода кардани фондҳои истеҳсолӣ, ҳосилнокию шиддатнокии меҳнатро баланд бардошта, хароҷоти корхонаҳоро паст мекунад.

Дар адабиёти иқтисодӣ ду роҳи муҳимтарини истифодаи фондҳо: экстенсивӣ ва интенсивӣ (шиддат) маъмул мебошад.

Роҳи якӯм (мунбасит) ҳамчун роҳи ҳаҷман густариш додани фондҳо, зиёд кардани вақт ва мӯҳлати хизмати фондҳо дар ҳаҷми умумии фондҳо, кам кардани вақти бекористии фондҳо, баланд бардоштани коэффисент(зариб)-и сменагии онҳо ва ғайра ба роҳ монда мешавад. Ин роҳ аз инқилоби саноат сар карда, то давраи инқилоби илму техника афзалиятан давом мекунад. Яъне, он хусусияти давраи тоиндустриалии капитализм мебошад.

Аз солҳои 60-ӯми асри ХХ сар карда, роҳи дуввӯми баланд бардоштани самараи фондҳо (сармоя)-и асосӣ, яъне роҳи ташдид (интенсивӣ) бо таври васеъ истифода карда мешавад. Роҳи дуввӯм, асосан бо баланд бардоштани дараҷаи техникии фондҳо, истифодаи онҳо дар воҳиди вақт, тезонидани суръати пешрафти илму техника, ҷорӣ кардани технологияи нав, автоматикунонӣ, истифодаи мошинҳои ҳисоббарору компьютерикунонии истеҳсолот ва ғайра алоқаманд мебошад.

Роҳи дуввӯм, на ба густариши ҳаҷм ва миқдор, балки иқтидору сифат, суръат, рушд ва ғайра вобаста мебошад.

Роҳи якӯм ва дуввӯм бидуни ҳамдигарӣ, соф амал карда наметавонанд. Тағйироти миқдорӣ ё худ сифатии яке, ногузир ба дигар шудани таркиботи дигаре оварда мерасонад.

Яке аз роҳҳои баланд бардоштани самаранокии фондҳо — боздеҳи фондҳо мебошад.

Ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолкардашуда

БФ=_____________________________х100%

Ҳаҷми фондҳои асосии истеҳсолӣ

Нишондиҳандаи боздеҳи фонд алоқамандии миқдории байни маҳсулоти тавлидшуда ва ҳаҷми фондҳои асосии истеҳсолии корхонаро ифода мекунад.

Зиёд шудани ҳаҷми боздеҳи фонд аз кам шудани масрифи корхона, сармоягузорӣ ба фондҳои асосии истеҳсолӣ ба ҳисоби ҳар як воҳиди маҳсулот ва хароҷоти истеҳсолӣ дарак медиҳад.

Нишондиҳандаи акси боздеҳи фонд, фондғунҷоиш ном дорад.

Ҳаҷми фондҳои асосӣ 1

ФҒ= __________________________________ =

Ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолкардашуда БФ

Фондғунҷоиш тақозоро ба фондҳои асосӣ, нисбат ба воҳиди натиҷаи арзиш ифода мекунад.

Фондҳои гардон, ҳамчун ҷузъи муҳимтарини фондҳои истеҳ-солии корхона мебошанд. Онҳо дар ҳар як давраи истеҳсолӣ (гирдгардиш) пурра истифода карда мешаванд. Дар раванди тавлидот шакли натуралии ашёии худро гум карда, арзишашонро пурра ба маҳсулоти тавлид карда мегузаронанд.

Фондҳои гардон аз захираҳои истеҳсолӣ, яъне ашёи хом, материалҳои асосию ёрирасон, қисмҳои эҳтиётӣ барои таъмири ҷорӣ, сӯзишворӣ ва ғайра ташкил меёбанд.

Маҳсулоти нотамом (нимфабрикатҳо), предметҳои меҳнат, ки дар ҷараёни бевоситаи тавлид қарор дорад, хароҷоти давраҳои оянда ва аз худ кардани маҳсулоти нав низ ба таркиби фондҳои гардон дохил карда мешаванд.

Ба ғайр аз қиммат(нарх)-и предметҳои меҳнат, ки мустақиман дар раванди истеҳсолот арзи вуҷуд доранд, маблағи музди кори коргарон ва хизматчиён низ ба нархи маҳсулоти нотамом ҳамроҳ карда мешавад. Андозаи (ченаки) фондҳои гардон ба ҳисоби ҳар як воҳиди маҳсулот муқаррар карда мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки ҳаҷм ва таркиби ташкил ва ташаккули фондҳои гардон дар доираи корхонаҳои алоҳида, аз ҷиҳати ҳархела будани таркиб ва хусусиятҳои соҳа, дараҷа ва сатҳи техникаю технологияи истеҳсолот, тахсис, кооператсия, тарз ва услуби коркарди ашёву материал ҳархела ба роҳ монда мешавад.

Таҷрибаи хоҷагидории мамлакатҳои мутараққии ҷаҳони муосир аз он гувоҳӣ медиҳад, ки бо мурури ботадриҷ инкишоф ёфтани илму техника, технология, автоматикунонии истеҳсолот, намудҳои навтарини ашёву материал, энергия ва ғайра ба вуҷуд оварда мешаванд. Онҳо, бешубҳа таркиб ва равияи истифодаи материалҳои асосӣ ва ёрирасонро тағйир медиҳанд. Дар ин ҷода ашёҳои навтарини ғайритабиӣ, яъне ашёҳои сунъии синтетикии ивазкунандаи ашёҳои табиӣ, маҳсулоти саноати химия, на-мудҳои нав ва қулайтарину арзони энергия ва сӯзишворӣ ва ғайра нақш ва мақоми махсус пайдо мекунанд.

Фондҳои гардон тақрибан 1/4 ҳиссаи кулли фондҳои асосии истеҳсолии саноатро ташкил медиҳанд. Вазни қиёсии онҳо дар хароҷоти ҷории истеҳсоли маҳсулот зиёда аз 80 сад дар садро ташкил медиҳад.

Фондҳои гардони корхона бидуни фонди муомилот имконнопазир мебошад. Фондҳои муомилот аз маблағҳои умумии пулӣ ва молҳое, ки барои фурӯш пешниҳод карда мешаванд иборатанд.

Фондҳои муомилот ҳамчун захираҳои маҳсулоти тайёри фурӯхтанашуда ва воситаҳои сармоягузорие, ки барои харидани ашё, масолеҳ, сӯзишворӣ, адои ҳаққи меҳнат ва ғайра заруранд бунёд карда мешаванд.

Дар адабиёти муосири иқтисодӣ таҳти фондҳо (сармоя)-и гардон, хароҷоти корхонаро оиди идора ва танзими кулли воситаҳои пули(нақд, бидуни нақди)-и дар хазинаи корхона мавҷуд буда, ё худ дар сарҳисоби дар бонк доштаи корхона тасаввур мекунанд. Ба он арзиши қоғазҳои зудфурӯхташавандаи қимматнок, қарзи кӯтоҳмӯҳлати кредиторӣ ва дебиторӣ, активу пассиви ҷорӣ, ӯҳдадориҳои кӯтоҳмӯҳлат ва ғайра дохил карда мешаванд.

Сармояи гардон ҳамчун маҷмӯи хароҷотҳои асосӣ, тағйирёбанда ва ғайримустақим ташкил карда мешавад.

Хароҷотҳои асосӣ, хароҷотҳое мебошанд, ки ба ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот вобаста нестанд: пардохти рента, иҷорапулӣ, қисми пардохти истеҳлоки биною иншоотҳо, пардохти суғӯрта, ҳаққи меҳнати маъмурияти корхона ва мутахассисони фирма, фоизи қарз… .

Хароҷотҳои тағйирёбанда, масрифоте мебошанд, ки баробари дигар шудани миқдори маҳсулоти тавлидкардашуда, тағйир меёбад: ашё, сӯзишворӣ, энергия, нақлиёт ва ғайра.

Фарқи байни воситаҳои гардон ва ӯҳдадориҳои кӯ-тоҳмӯҳлат (счётҳои пулсупорӣ ба кредиторон (қарздиҳандагон), векселҳо, дивидент, пардохтҳое, ки мӯҳлати адои қарзашон расидааст…) ҳамчун сармояи корӣ қадр карда мешавад.

Сармояи корӣ ва воситаҳои гардон қариб дар як мазмун фаҳ-мида мешавад. Он зери таъсири омилҳои гуногун қарор дорад:

— ҳавзаи фурӯши маҳсулот — шароити умумии бозор, тағйиротҳои ҳаҷми фурӯш, тарзи афзалиятнокии фурӯш, стратегияи фурӯш…;

— ҳавзаи тавлидот — муддати давраи истеҳсолӣ, сирати мавсимии истеҳсолот, захираҳои ашё, қувваи коргарӣ, суръати инкишофи фирма ва ғайра;

— ҳисоббаробаркуниҳо ва қарзи молиявӣ — таносуби қисми фурӯхташудаи маҳсулот ба қарз ва пули нақд, сиёсати ширкат оиди индексатсия (ҷуброн)-и маблағи аз фурӯш ба даст омада, имконияти молиявии ширкат, сатҳи таваррум… .

Аз қайдҳои боло хулоса бар меояд, ки байни фондҳои гардон ва фондҳои муомилот равобити муттақобила вуҷуд дорад. Онҳо баъди ба итмом расидани сикли (давраи) пурраи гирдгардиш аз нав барқарор карда меша-ванд. Дар ин ҷараён фондҳои гардон ба фонди муомилот (ба маҳсулоти тайёр ва минбаъд ба воситаҳои пулӣ) табдил меёбанд. Воситаҳои пулие, ки баъди фурӯш ба даст оварда мешаванд, ҳангоми раванди истеҳсол ба унсурҳои фонди гардон — ашё, энергия, сӯзишворӣ ва ғайра табдил дода мешаванд. Аз ҳамин сабаб, воситаҳои пулии ба фонди гардон ва фонди муомилот сарф карда шуда, дар якҷоягӣ, воситаҳои гардонро ташкил медиҳанд.

Воситаҳои гардон — воситаҳое мебошанд, ки барои аз нав барқарор кардани раванди гирдгардиши фондҳо ва дар шакли пулӣ пурра ташкил кардани ҳар як давраи истеҳсолӣ истифода карда мешаванд.

Воситаҳои гардон мунтазам аз доираи истеҳсолот ба ҳавзаи муомилот гузашта, гардиши пайдарҳамии захираҳои корхона, фаъолияти муътадили хоҷагидории онро таъмин менамоянд.

Дар амалияи хоҷагидорӣ ду намуди воситаҳои гардон: воситаҳои гардони банорма ва бенормаро фарқ мекунанд.

Ба воситаҳои гардони банорма (нормадор) захираҳои истеҳсолии ашёи хом ва масолеҳ, истеҳсоли нотамом, нимфабрикатҳои харидашуда, хароҷотҳои азхудкунӣ ва истеҳсоли неъматҳои иқтисодию хадамот, материалҳои ёварӣ, сӯзишворӣ, қисмҳои эҳтиётӣ, маҳсулоти тайёр ва ғайра дохил карда мешавад.

Воситаҳои гардони бенорма аз молҳои воридшавандаю дар роҳ буда, маблағҳои ҳисобӣ (қарзи дебиторӣ) ва воситаҳои пулии корхона иборат мебошад.

Самаранокии истифодаи воситаҳои гардон бо воситаи зариби гардиш, ки миқдори гардиш ва боздеҳи воситаҳои гардон, яъне суммаи ҳаҷми фурӯш ба 1 рубл воситаҳои гардон ростомадаро ифода мекунад муайян карда мешавад.

Зариби гардиши воситаҳои гардон, ҳамчун нисбати арзиши маҳсулоти дар давоми сол фурӯхташуда, ба ҳаҷми миёнаи во-ситаҳои гардони боқимонда ҳисобу китоб карда мешавад. Масалан, агар ҳаҷми фурӯши маҳсулоти корхона дар як сол 150 млн. доллар, ҳаҷми миёнаи солонаи воситаҳои гардони боқимонда -50 млн. долларро ташкил диҳад, онгоҳ давраи (сикли) пурраи гардиши воситаҳои гардон дар давоми сол се маротиба (150:50) ва давомно-кии ҳар як гардиш 120 рӯз (360:3)-ро ташкил медиҳад.

Муайян карда шудааст, ки тезонидани гардиши воситаҳои гардон ба мӯҳлати 2-3 рӯз, дар миқёси иқтисоди миллӣ ба афзун гардондани захираҳои иқтисодӣ ва сарфа кардани садҳо миллион рубл оварда мерасонад.


713
Нет комментариев. Ваш будет первым!