Заминаҳои пайдоиш ва ташаккули бозор

Аз моҳият ва мазмуни саволҳои пештара бармеояд, ки эҳё ва ташаккули бозор мустақиман бо тақсимоти ҷамъиятии меҳнат, тахсис ва мустақилияти молистеҳсолкунандагон, яъне хоҷагиҳои ҷамъиятӣ пайваст мебошад. Амиқ гаштани тақсимоти ҷамъиятии меҳнат, нафақат ба баланд гаштани ҳосилнокии меҳнат ва самаранокии истеҳсолоти ҷамъиятӣ, балки ба ногузории шаклҳои муомилот ва мубодилаи маҳсули меҳнат — молу неъматҳо оварда мерасонад.

Густариш ва такмили мубодила ба мубодилаи тасодуфии байни қабилаҳо ибтидо гузошта, то ба пайдо шудани шаклу намудҳои гуногуни бозорҳои имрӯза, ки мояи онро эквиваленти умумии молҳо — пул ташкил медиҳад, густариш меёбад.

Аз нигоҳи таърих бозор ҳамчун тарзи махсуси ташкили фаъолияти иқтисодӣ, яъне муносибатҳои хоҷагидории байни одамон — муносибатҳои байни молу пул (тавлидгару истеъмолгар) сурат мегирад.

Бозор дар ибтидо ба таври худсарона, ҳамчун савдои фавқулоддаи молу чизҳо ва чизҳои рӯзғор (предметҳои истеъмолӣ) дар шакли савдои кӯчагӣ — савдо дар рӯи ҳавлию кӯча, майдонҳову ҷойҳои одамгард ташкил ёфта, то ба шаклҳои фавқулбозорҳои имрӯза — бозори сармоя, меҳнат, қоғазҳои қимматнок, бозорҳои молиявию қарзӣ, биржа, ауксион (музоида) ва бозорҳои ҷаҳонӣ сабзида расидааст.

Дар ҷаҳони муосир ҳалли масоили умдаи иқтисод: чӣ бояд истеҳсол намуд?, барои кӣ истеҳсол намуд? на дар чорчӯбаи муомилоти мол (хоҷагиҳои натуралӣ), балки бозор бо воситаи фишангҳои иқтисодӣ — нарх, рақобат, тақозо, арза… ҳал карда мешавад. Бозор аз субъекти худсарона танзимшаванда то ба қисман танзимшавандаи давлатӣ табдил меёбад. Бозор ба миқдори ягонаи муштариён то ба худ ҷалб кардани миллионҳо нафар одамон, ҳазорҳо корхонаву фирмаҳо, ширкатҳо ва давлатҳои ҷудогона, истифодаи захираҳову сарватҳои кулли ҷаҳони имрӯза, истифодаи беҳтарин натиҷаҳои ихтироотҳову навовариҳо, иттилоот, ба ҳам пайваст кардани робитаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ, фарҳангӣ, бурунмарзӣ ва ғайра густариш меёбад.

Бозори муосир дар пояи шоҳсутуни «дастҳои ноайён», яъне қонунҳои нарх, тақозою арза, рақобат қарор мегирад. Ҳар яке аз онҳо на дар алоҳидагӣ, балки якҷоя раванди омили иқтисод, самаранокию ҳадафи ниҳоии онро муайян мекунанд.

Бозор «зарфест», ки дар он маҳсули меҳнати ҷисмонӣ, фикри(ақлони)-и инсон ҳамчун зуҳури раванди хонадорӣ, хонакорӣ, хоҷагидорӣ, давлатдорӣ, яъне ташкилу ташаккули фаъолияти истеҳсолӣ, бизнесу соҳибкорӣ, маркетингу менеҷмент, даромаду нарх, масрафу фоида, маҳсулоти ҷамъиятӣ, даромади миллӣ, сиёсати хазинадорӣ ва ғайра андӯхта мешавад.

Бозор ҳадду ҳудуд (маҳдудият) надорад. Дар он ҳамаи табақаю гурӯҳҳои иҷтимоӣ, халқият ва миллатҳо озодона иштирок намуда, аз маҳсули меҳнати ҳамдигар баробар истифода мекунанд.

Бозор барои ҳама ҳаққу ҳуқуқи истифодаи захираҳои моддӣ, табиӣ, молиявӣ ва меҳнатиро таъмин менамояд. Барои ҳама шароити якхеларо оиди санҷиши натиҷаи ниҳоии фаъолияти истеҳсолӣ, тиҷоратӣ, қиёси масрифот, дастрас намудани иттилоот дар хусуси тақозо ва арза, рақобати бозор, нарх, хусусияти молу маҳсулот ва ғайраро фароҳам меоварад.

Бозор фақат барои фидоиёни касби худ, таваккалкунандагон, ташаббускорон, корчаллонон, ташкилотчиён, донандагони касбу кори худ… «кор» мекунад. Вай ба зисту зиндагонии шахсони бесамар ва соҳаҳои «бемаҳсул» сару кор надорад ва барои онҳо кафолати ҳастӣ (зиндагӣ) намедиҳад. Аз ин ҷиҳат он тафриқабандии аҳолӣ ба гурӯҳи боён, сарватмандон, миллионерону миллиардерон ва камбағалу бечорагон, гадоёну бенавоён, яъне «люмпенпролетариатҳо»-ро (К.Маркс) — торафт амиқ мегардонад. Ҳалли ин ва дигар муаммоҳо ба зиммаи давлат гузошта мешавад. Муаммоҳои беинтиҳои бозор фақат пас аз омӯзишу дарки амиқи ҷанбаҳои серпаҳлӯю мураккаби он ҳал карда мешавад (ниг. мавзӯҳои минбаъда).


314
Нет комментариев. Ваш будет первым!