Вазифа ва муомилоти пул

Моҳияти пул дар иҷрои вазифа(функсия)-ҳои он баръало намоён мегардад. Илми муосири иқтисод пулро на аз нуқтаи назари моҳият — эквиваленти ҳамаи молҳо, балки аз нигоҳи амалия, нақшу вазифаи он дар бозор қадр мекунад.

Намояндагони мактабҳои гуногуни иқтисодӣ, алалхусус консепсияи инкишофи арзиш, ба ҳайси вазифаҳои пул то панҷ вазифаро номбар мекунанд.

Намояндагони мактаби классикӣ (А.Смит, Д. Рикардо) ба ҷумлаи вазифаи муҳимтарини пул — вазифаи муомилот; намояндагони равияи фулузоти пул — вазифаҳои андозаи арзиш, сарватғункунӣ ва пулҳои ҷаҳонӣ; дар бештари адабиёти кунунии иқтисодӣ андозаи арзиш, воситаи муомилот, пасандоз ва андӯхт; К.Маркс вазифаҳои андозаи арзиш, воситаи муомилот, воситаи андӯхт ва пардохт, пулҳои ҷаҳониро тавсиф мекунанд.


  1. Андоза(ченак)-и арзиш

Аз таҳлили моҳияти шаклҳои таърихии инкишофи арзиш (тасодуф, мукаммал, умумӣ, пулӣ) бармеояд, ки ҷаҳони бешумори молҳо арзиши худро бо тилло ифода мекунанд, ва охирон, ҳамчун эквивалент ифодакунандаи меҳнати ҳамаи молҳои дигар хизмат мекунад. Барои иҷро кардани ин вазифа пул бояд арзиши худро дошта бошад. Ин вазифа ба зиммаи тилло гузошта мешавад.

Мувофиқи назарияи К.Маркс, ифодаи пулии арзиш нарх ном дорад. Пул ҳамчун маҳсули ҷамъиятии меҳнат дорои арзиш мебошад, вале он нарх надорад. Агар пул нарх медошт, онгоҳ пул на молҳои дигар, балки худро чен мекард. Барои муайян кардани нархи молҳо пули нақд зарур нест, он хаёлан, ба таври идеалӣ тасаввур карда мешавад. Аз ин ҷо бармеояд, ки вазифаи андозаи арзишро фақат ба таври рамзӣ, хаёлан пулҳои идеалӣ иҷро карда метавонанд.

Барои ба ҳам муқоиса ва чен кардани нархҳои молҳои гуногун зарур аст, ки онҳо бо воситаи воҳиди ягонаи ҳисобӣ — миқёси нарх ифода карда шаванд.

Миқёси нарх на ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи пул (андозаи арзиш), балки ҳамчун вазифаи техникии он баромад карда, аз ҷониби давлат истиқрор ва танзим карда мешавад.

Миқёси нарх таносуби миқдории тиллое мебошад, ки тибқи қонунгузории давлат собит шуда, ҳамчун воҳиди пули миллӣ барои чен кардани нархҳои молу хизмат истифода карда мешавад.


  1. Вазифаи муомилот

Дар шароити хоҷагиҳои бидуни молӣ муомилот дар шакли М-М, яъне як намуди мол ба намуди дигари он мубодила карда мешавад. Бо пайдо шудани пул (дар шароити истеҳсолоти молии оддӣ) ин шакли муомилот намуди М-П-М-ро мегирад. Муомилот ба ду ҷузъ М-П (фурӯш) ва П-М (харид) тақсим карда мешавад. Пул ҳамчун миёнарав ба сирати иштироки лаҳзавӣ барои таъмин кардани муомилаи фурӯш ва харид хизмат мекунад.

Дар шароити истеҳсолоти молии капиталистӣ муомилот ҳамчун П-М-П, яъне П-М (харид) ва М-П (фурӯш) сурат мегирад. Муомила(акт)-и хариду фурӯш мустақил амал карда, дар вақтҳои дилхоҳ ба роҳ монда мешавад. Аз ин ҷиҳат раванди муомилот ба мӯҳлати муайян қатъ гардида, бӯҳрони иқтисодиро ба миён меорад.

Пул дар вазифаи муомилот, асосан ба сифати танга ё худ қоғазӣ баромад мекунад. Танга ҳамчун хӯлаи фулуз дорои шакл, вазн ва тамғаи хос мебошад. Эътимоднокии танга аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад.

Тангаҳои фулузӣ аввало дар шакли тангаҳои мис, нуқра ва охирон тангаҳои тилло сикка зада мешуданд. Танга хусусияти фарсудашавӣ дорад. Дар натиҷаи соиш ва хӯрдашавӣ вазни он кам мешавад. Онро ҳамроҳ гирифта гаштан, аз як ҷо ба ҷои дигар бурдан хавфнок мебошад. Бинобар ин дар Чин дар ибтидои асри XI-ӯм пулҳои фулузӣ ба пулҳои қоғазӣ иваз карда шудаанд. Охирон маротиба пулҳои фулузӣ дар соли 1769 дар Руссия аз ҷониби Екатеринаи II ба пулҳои қоғазӣ иваз карда шудаанд. Бо ҳамин ба муомилоти пулҳои фулузӣ хотима дода шуд.

Дар шароити ҳозира, пулҳои қоғазӣ аз тарафи бонкҳои марказӣ интишор карда мешаванд (Бонкҳои тиҷоратӣ ин гуна ҳуқуқ надоранд). Пул дар шакли нақд ё худ ғайринақдӣ дар муомилот дар чунин шакл иштирок карда метавонад:

1) пули нақди аҳолӣ ё худ корхонаю ширкатҳо;

2) маблағгузориҳои ҷорӣ(дар бонкҳо…);

3) пул дар сарҳисобҳои бонкҳои амонатгузорӣ..;

4) ӯҳдадориҳои кӯтоҳмуддати хазинавӣ (билетҳои хазинавӣ, ки бо воситаи музоядаҳо ба амал бароварда мешаванд);

5) қоғази тиҷоратӣ (ӯҳдадориҳои кӯтоҳмӯҳлат, ки аз тарафи корпоратсияҳои пулӣ истифода карда мешаванд);

6) векселҳои бонкӣ — ҳамчун чекҳо ба амал бароварда мешаванд;

7) сертификатҳо (аз ҷониби бонкҳо интишор ва кафолат ба гузориши маблағҳои таъҷилӣ дода мешавад);

8) фонди федералӣ — захираҳои бонкҳои тиҷоратӣ дар шакли пулҳои нақд. Ҳаҷми он набояд аз меъёр кам ё зиёд бошад;

9) қарордодҳо оиди харидани заёмҳои корпоратсияҳо, бизнес, ҳокимияти маҳаллӣ, ки пулҳои муваққатии барзиёд доранд (13, 239,247).

Пулҳои нақд ва воситаҳои ғайринақдӣ, ки бо воситаи бонкҳо ва ҳокимияти давлатӣ ба муомилот шомил карда мешаванд, ҳаргиз арзиши воқеии онро ифода карда наметавонанд. Он бо воситаи қонуни муомилоти пул ба амал бароварда мешавад.

Қонуни муомилоти пул ба таври комил аз ҷониби К.Маркс ва минбаъд назариячиёни бо ном миқдории пул Ш.Монтескье, Ч.Локк, Д.Юм ва назариячиёни неоклассикии миқдории пул А.Маршалл, И. Фишер ва дигарон таҳлил ва таҳқиқ карда шудааст.

Тибқи назардошти неоклассикҳо миқдори пули барои муомилот зарур ҳамчун вобастагии дараҷаи нарх ва ҳаҷми умумии пул ташкил меёбад:

M V = P Q

дар ин ҷо М — масса(ҳаҷм)-и воҳидҳои пулӣ;

V — суръати гардиши пул;

Р — нархи молҳо;

Q — миқдори молҳои ба бозор пешниҳод кардашуда.

Дар асоси ҷойивазкунии ҷузъиятҳои он ду формулаи зеринро ба даст овардан мумкин аст:

M V

а) нархи молҳо Р= ——- ;

Q

б) миқдори пули барои муомилот зарур буда Q-и молҳо:

Р Q

 М = ——- , (10,73).

V

Дар асоси муайян намудани вобастагии ҳаҷми нархи молҳо ва миқдори пули дар муомилот даврзананда ва омилҳои ба онҳо таъсиркунанда, ҷараёни солими беқурбшавии пулро муайян кардан имконпазир мегардад.


  1. Воситаҳои андӯхт (ганҷ, сарват)

Заминаи ибтидоии ба ганҷ табдил ёфтани пул аз тақсими муомилоти мол М-П-М ва муомилоти пул П-М-П ба ду қисм М-П, П-М ва П-М, М-П оғоз меёбад.

Пул дар натиҷаи муваққатан истифода нашудан, авҷ гирифтани раванди тавлидот ва фурӯши молҳо, арзон шудани омилҳои истеҳсолот, кам гаштани хароҷот, баланд шудани самаранокии истеҳсолот, кашф кардани сарчашма(манбаъ)-ҳои арзони ашё, канданиҳои фоиданок (тилло, алмоз) ва ғайра имконияти ҳаҷман зиёд шудан пайдо карда, дар натиҷаи ба мақсади муайян истифода нашудан андӯхта (ғун) карда мешавад. Пул дар бонкҳо ҳамчун саҳмияҳо, векселҳо, банкнотҳо низ андӯхта мешавад. Пулҳои қоғазӣ низ ҷамъоварӣ карда мешаванд, вале ин тарз ва услуби ғункунии пул ҳамчун воситаи ганҷ ҳисобида намешавад. Вазифаи ганҷро фақат тилло дар шакли ҷавоҳирот, хӯлаҳои тилло, маснуоти тиллоӣ иҷро карда метавонад.

Баъд аз миён рабурдани «стандарти тиллоӣ» нақши тилло дар муомилот маҳдуд карда мешавад. Захираҳои тилло дар дасти гурӯҳи алоҳидаи одамон, давлат ғун карда мешаванд, ки дар якҷоягӣ сарвати ҷомеаро ташкил медиҳанд. Мувофиқи маълумотҳо дар ҷаҳони инкишофёфтаи низоми бозорӣ захираҳои тилло дар соли 1988 — 36 ҳазор, захираҳои шахсӣ — 25 ҳазор ва ҳамчун ҷавоҳирот — 13 ҳазор тонна андӯхта шудаанд (60, 74).


  1. Воситаҳои пардохт

Бо мурури инкишофу густариши низомҳои иқтисодӣ, шаклҳои нави хоҷагидорию моликият ва муносибатҳои молию пулӣ зарурати ба қарз (кредит) додани молу неъмат ба миён меояд. Вобаста ба марҳалаву хусусиятҳои давраи инкишофи низомҳои иқтисодӣ, имконият ва зарурати истифодаи он ҳархела сурат мегирад. Ба ин ҷараёни гуногуни мӯҳлатҳои истеҳсол ва фурӯши молҳо таъсир мерасонад. Пул ба сифати воситаи пардохт дар шакл(ниқоб)-и ниҳоят нав — пулҳои қарз(кредит)-ӣ арзи вуҷуд мекунад. Ба онҳо векселҳо, банкнотҳо, чекҳо ва ғайра дохил мешаванд1. Дар ҳолати фурӯхтани молҳо ба кредит, пул дар соҳаи муомилоти молӣ барои ба таври идеалӣ муайян кардани шароит барои гузаштани мол аз дасти фурӯшанда ба дасти харидор ва баъд аз адои мӯҳлат баргаштани пул ҳамчун воситаи пардохт ва воситаи муомилот ва барқарор кардани раванди аввалаи такрористеҳсол замина тайёр мекунад.

Пул ҳамчун воситаи пардохт бидуни муомилоти молӣ низ амал мекунад. Ин вазифаи пул ҳангоми адои ҳаққ(музд)-и меҳнат, харидани саҳмияҳо, заёмҳо, додани андозҳо бештар ҳис карда мешавад (60, 73).

Вексел — ҳуҷҷати қарзие мебошад, ки дар он ҳаҷми маблағи қарз, мӯҳлати қарз, вақти адои он ва дигар ӯҳдадориҳои байни қарздиҳандаю қарзгиранда нишон дода мешавад. Вексел ӯҳдадории хаттие мебошад, ки ба дорандаи он, баъди буд шудани мӯҳлати қарз ҳуқуқи пардохти он дода мешавад. Он аз ҷони-би ташкилотҳои хусусӣ, бонкҳо ва ғайра ҳамчун ҳуҷҷати шахсӣ (хусусӣ) бештар истифода карда мешаванд.

Банкнотҳо — ҳамчун векселҳои банк, ё худ билетҳои банкӣ ба ивази векселҳои хусусӣ истифода карда мешаванд. Билетҳои бонкӣ чун ҳуҷҷати давлатӣ аз номи бонк интишор гардида, ба талабгорон фурӯхта мешаванд. Дорандаи онҳо дар шароити зарурӣ ба бонкҳо муроҷиат карда, маблағи худро пас гардонда метавонад. Дар ҳолати ба ҷои пул истифода шудани вексел ва банкнотҳо пул на дар шакли нақд, балки насия, яъне қарз баромад мекунад. Дар ин асно пул ва билетҳои бонкӣ аз нуқтаи назари нақшу мақом ва мақсад дар иқтисод ба ҳам мувофиқат намекунанд. Хусусияти онҳо бештар дар он зуҳур меёбад, ки:

1) пулҳои қоғазӣ бо ягон захираҳои фулузии қимматнок (тилло, нуқра) таъмин нестанд. Банкнотҳо бошанд, баръакс, миқдори зарурии фулузоту қоғазҳои қимматдор ва дигар захираҳои маснуоти фулузии қимматдор, ки дар ихтиёр доранд, мустаҳкам карда мешаванд. Аз ин ҷиҳат эътимоднокии банкнотҳо нисбат ба пулҳои қоғазӣ бештар мебошад;

2) пулҳои қоғазӣ дар раванди такрористеҳсол вазифаи муомилот ва банкнотҳо бошанд — вазифаи пардохтро (қарзадокуниро) иҷро мекунанд;

3) пулҳои қоғазӣ аз номи давлат барои қонеъ гардондани ниёзу эҳтиёҷи ҷамъият ва банкнотҳо бошанд, аз ҷониби бонкҳои пулбарор (эмиссисионӣ) барои қонеъ гардондани талаби муомилот интишор карда мешаванд.

Чек — ҳуҷҷати расмие мебошад, ки тибқи счет (ҳисоб)-ҳои ҷорӣ аз ҷониби шахсҳои масъул (счётпешниҳодкунанда) барои аз бонк гирифтани маблағҳои муайяни пул кафолат медиҳад. Чек ҳамчун гувоҳномаи хаттии соҳибони счётҳои ҷорӣ дар хусуси ҷудо кардани маблағҳои муайяни пулӣ ё ба счёти дигар интиқол кардани онҳо аз ҷониби бонкҳо истифода карда мешавад.

Дар амалия чунин намудҳои чекҳо истифода карда мешаванд:

1) чекҳои хосаи номӣ — чекҳое, ки фақат барои субъектҳои муайян ҷудо гардида, маблағи он ба каси дигар дода намешавад;

2) чекҳои ордерӣ — ҳуқуқи қисман вогузорӣ доранд;

3) чекҳои арзӣ (пешниҳодкардашаванда) — ҳуқуқи пурра адо кардани маблағро доро мебошанд;

4)карточка(варақа)-ҳои қарзӣ: а) варақаҳои барқарорша-ванда дар мағозаю ресторанҳо истифода карда мешаванд. Баъди пардохтани маблағ варақаҳо аз нав эҳё карда мешаванд; б) варақаҳои якмоҳа: одатан бо фирмаҳои туристӣ истифода карда мешаванд. Он бояд дар охири моҳ пардохта шавад; в) варақаҳои фирмавӣ, аз ҷониби фирмаҳо барои подош кардани хароҷотҳои ҳархела интишор карда мешаванд; г) варақаҳои мукофотӣ ё худ варақаҳои «тиллоии» қарзӣ. Он барои мизоҷони дорои даромади нисбатан баланд дода мешавад.


  1. Пулҳои ҷаҳонӣ

Пулҳои қоғазӣ ва «ҷонишинони» онҳо ҳамчун пули миллӣ, дар доираи давлати миллӣ истифода карда мешаванд. Пули махсусе, ки нақши пулҳои ҷаҳониро иҷро карда тавонад, умуман вуҷуд надорад. Аз ин сабаб, ба сифати пули ҷаҳонӣ тилло истифода карда мешавад. Тилло дар доираи хоҷагии ҷаҳонӣ нақши меъёри умумитарини ченаки арзиш, воситаи умумии муомилоту пардохт ва ифодакунандаи сарвати умумибашариро иҷро мекунад.

Имрӯз дар ҷаҳон дар ягон ҷой сикка задани тангаҳои тиллоӣ барои муомилоти байналмиллалӣ вуҷуд надорад. Нархи тилло ҳамчун моли муқаррарӣ ба нархи бозории молҳо таъсир намерасонад. Тилло минбаъд ҳамчун муайянкунандаи миқёси нархии воҳидҳои пулӣ хизмат намекунад, чунки миқёси расмии ченаки арзиш нест карда шудааст. Тилло ҳамчун пули расмӣ аз муомилот гирифта шудааст, вале ҷои онро моле, ки дорои арзиш ва қудрати умумимубодилавӣ дошта бошад, нагирифтааст.

Молҳо рамзан, яъне бо таври «идеалӣ» на ба тилло, балки ба пулҳои қоғазӣ бо ҳам қиёс карда мешаванд.

Дар муомилот асосан пулҳои қоғазию қарзӣ, ки вазифаи ченак(андоза)-и арзиш ва муомилотро иҷро мекунанд, иштирок мекунанд. Истифодаи пулҳои қоғазӣ дар ҳамон вақт самараи хуб медиҳад, ки агар онҳо бо ҳаҷми зиёди молҳо таъмин бошанд. Таъминоти даврии пул на бо воситаи ба ҳам муқоиса намудани арзиши он бо арзиши молҳои дигар, балки ҳамчун намояндаи кулли молҳо ба роҳ монда мешавад. Дар ҳамин нақш пул ҳамчун эквиваленти умумии молҳо хизмат мекунад.


1 Ниг. Вазифаи муомилот.

824
Нет комментариев. Ваш будет первым!