Идоракунии навоварихо дар корхона
Менечменти навоварихо максади пайдо намудани роххои навтарини халли масъалахо, масалан, пеш бурдани ихтироъкорй ва чорй кардани он дар истехсолот, гузаронидани корхои илмй-тадкикотй ва тачрибавй-конструкторй (КИТТК), ба бозор баровардани махсулоти нав ва мавкеи устувор пайдо намудан дар бозорхои навро бо рохи такмили доимии технологияхо ва баланд бардоштани ракобатпазирии мах, сулотро дар назар дорад.
Барой ноил гаштан ба ин максадх, о рохбарияти корхона бояд чунин вазифахрро халлу фасл намоянд:
•тадк, ики бозор барои махсулоти нав (талабот ва холати бозор, хохиши истеъмолгарон, интихоби сегменти бозор ва f.);
•ояндабинии фаъолият, хусусият ва мархилахои давраи бозордоштии махсулоти нав;
•муайян намудани воситахои фуруши махсулоти нав;
•тадкики вазъи бозори манобеъ:
•тахлили арзиши аслии махсулот, нарх, хачми истехсол ва фуруши махсулоти нав;
•баходихй ба сатхи самаранокии навоварихо, хамчун омили мухим барои асоснок намудани лоихахои сармоягузорй.
Барои таъмини самаранокии навоварихо дар корхона рохбарияти он бояд принсипхои зеринро сармашки кори худ кунанд:
•фарохам овардани мухите, ки чустучу ва татбики навоварихоро хавасманд месозад;
•нигарондани чараёни навоварй ба манфиати истеъмолгарони махсулот ва хадамот;
•муайян намудани самтхои афзалиятдори фаъолияти навоварй бо назардошти максад ва вазифахои корхона;
•ихтисори зинахои идоракунй бо максади суръат бахшидан ба раванди «такикот- истехсолот — фуруш»;
•то хадди имкон кам намудани мухлати коркард ва татбики навоварихо.
Дар охир, корхонахое, ки мехоханд дар бозор накши назаррасро дошта бошнад, бояд холату тагйироти мухити дохилй ва берунй, бахусус амали ракибонро хамачониба тахкик намояд ва фаъолияти хешро ба талаботи замона мутобик, гардонад.
Барой он ки корхона самаранок фаъолият намояд ва эхтиёчоти истеъмолгаронро комилан конеъ намояд, зарур аст, ки мудирияти он доимо дар чустучуи роху усулхои нави ба даст овардани мавкеи худ дар бозор, такмили тачхизоту технология ва истифодаи он дар истехсолот бошанд. Бо ибораи дигар, бояд мунтазам дар фаъолияти истехсолй ва ё хизматрасонии худ дастовардхои навтарини илму техникаи муосирро татбик намоянд.