НАЗАРИЯИ САРМОЯИ ИНСОНИ. МЕХНАТ, ШУғЛ ВА БЕКОРИ

1. қонуниятҳои бавуҷудоии сармояи инсонӣ ва самаранокии

маблағгузории он.

2. Муайяннамоии миқдорӣ ва сифатии захираҳои меҳнатӣ ва таъсири

прогресси илмию техникӣ ба онҳо.

3. Консепсияи шуғли аҳолӣ. Сабабҳо ва намудҳои бекорӣ. қонуни

А. Оукен.

4. Оқибатҳои иҷтимоию иқтисодии бекорӣ дар ҷамъият.

5. Бозори меҳнат, вазифаҳо ва омилҳои бавуҷудоии он.

6. Хусусиятҳои хоси бозори меҳнат дар ҷТ.

1. қонуниятҳои бавуҷудоии сармояи инсонӣ ва самаранокии

маблағгузории он.

Дар замони муосир сармояи инсонӣ яке аз омилҳои муҳими рушди иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Мувофиқи тадқиқотҳои иқтисодчиёни Бонки ҷаҳонӣ, ки омилҳои рушди иқтисодии 192 кишвари дунёро таҳлил намудаанд, дар кишварҳои ба иқтисоди бозоригузаранда (кишварҳои собиқ шӯравӣ) 16 фоизи рушди иқтисодӣ аз ҳисоби сармояи ҷисмонӣ (таҷҳизот, бино ва дигар инфраструктураҳои истеҳсолӣ), 20 фоиз аз ҳисоби сармояи табиӣ (замин, канданиҳои фоиданок ва дигар сарватҳои табиӣ) ва 64 фоизи боқимонда аз ҳисоби сармояи инсонӣ таъмин карда мешавад. Дар кишварҳои мутараққӣ бошад, то 40 фоизи маҳсулоти ҷамъиятӣ ба самараи системаи маориф вобаста мебошад. Назарияи сармояи инсонӣ дар нимаи дуюми асри ХХ аз ҷониби намояндагони мактаби неоклассикӣ Г. Беккер ва Т. Шултс пешниҳод шудааст. Мафҳуми «сармояи инсонӣ» дар доираи ин назария бо шаклҳои гуногун шарҳ дода шудааст. Баъзе аз намояндагони ин мактаб онро маҷмӯи қобилиятҳо, донишу маҳорати инсон ва баъзе аз онҳо онро маблағгузорӣ барои гирифтани маълумот ва баланд бардоштани савияи донишу маҳорат шарҳ додаанд. Дар шакли пуррааш мафҳуми сармояи инсонӣ дар назарияи иқтисоди муосир чунин шарҳ дода мешавад.

Сармояи инсонӣ маҷмӯи дониш, малакаю маҳорат, қобилият ва саломатии инсонро меноманд. Маҷмӯи дониш, малакаю маҳорат, қобилият ва саломатии инсон барои он сармоя номида мешаванд, ки онҳо сарчашмаи гирифтани фоида ва таъмини талаботҳои оянда мебошанд. Бо дарназардошти ин унсурҳои таркибиаш, шаклҳои зерини сармояи инсониро аз ҳамдигар фарқ мекунанд: сармояи маърифатӣ, сармояи маданӣ ва сармояи тандурустӣ.

Сармояи инсонӣ дар муқоиса ба дигар шаклҳои сармоя (сармояи табиӣ, сармояи ҷисмонӣ ва сармояи молиявӣ) дорои хусусиятҳои зерин мебошад:

ташкили сармояи инсонӣ аз худи одамон ва ҷомеа сарфи муайяни хароҷотҳои пулию моддиро тақозо менамояд;

сармояи инсонӣ хусусияти андӯхт (ҷамъ) шуданро дорад;

сармояи инсонӣ мисли сармояи ҷисмонӣ хӯрда шуда, маблағи муайянро барои истеҳлок тақозо менамояд;

сармояи инсонӣ аз худи инсон, яъне соҳиби он ҷудо буда наметавонад;

новобаста аз сарчашмаҳои ташкилии он (давлатӣ, оилавӣ, хусусӣ ва ғ.) сармояи инсониро танҳо соҳибаш идора менамояд.

Бо дарназардошти хусусияти таъсири сармояи инсонӣ ба некӯаҳволии омма ду шакли сармояи инсониро аз ҳамдигар фарқ

мекунанд;

1.Сармояи инсонии истеъмолӣ, ки ба эҷодкорию дониши инсон вобаста буда, манфиатҳои истеъмолии ҷамъиятии хизматҳои алоҳидаро баланд мебардорад. Масалан, донишҳои нави муҳандисе, ки шакли нави самараноки хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятиро пешниҳод ва амалӣ менамояд.

2.Сармояи инсонии истеҳсолӣ эҷодкорию дониши нав барои истеҳсоли хизматҳои наве, ки истеъмолашон манфиатҳои истеҳсолии ҷамъиятиро афзун менамояд. Масалан, кашфи технологияи нав, ба вуҷуд овардани воситаи нави истеҳсолот ва ғ. Ин шакли сармояи инсонӣ, пеш аз ҳама ба фаъолияти маърифатию илмии инсон вобаста аст, ки натиҷаҳои онро дар истеҳсолот истифода менамоянд.

Дар назарияи иқтисод се шакли маблағгузориро ба сармояи инсонӣ аз ҳамдигар ҷудо менамоянд:

1.хароҷотҳо барои таҳсилот, аз ҷумла таҳсилоти расмию ғайрирасмӣ, миёна, миёнаи махсус ва олӣ, инчунин хароҷотҳо барои такмили ихтисос;

2.хароҷотҳо дар соҳаи тандурустӣ. Аз ҷумла хароҷотҳо барои пешгирии касалиҳои алоҳида, хизматрасонии тиббӣ ва

беҳтар намудани маҳалли зист;

3.хароҷотҳо барои зудҳаракат шудани қувваи корӣ, ки дар натиҷаи он коргарон бештар мехоҳанд дар ҷойҳои кори ҳосилнокиашон баланд фаъолият намоянд. Масалан, хароҷотҳо барои кӯчиш ва ҷустуҷӯи кори нав.

Маблағгузорӣ ба сармояи инсонӣ дорои хусусиятҳои хос буда аз дигар шаклҳои маблағгузорӣ бо ин хусусиятҳояш фарқ мекунад:

самара аз маблағгузорӣ ба сармояи инсонӣ аз давраи зиндагонии соҳибаш, хусусан аз давраи қобилияти меҳнатӣ доштанаш вобаста аст;

вобаста ба андӯхташ (ҷамъ шудан) даромаднокии сармояи инсонӣ афзун мешавад. Аммо ин афзуншавӣ то ба анҷом расидани давраи қобилияти меҳнатии инсон давом намуда, баъди ба анҷом расидани он, кам мешавад;

на ҳамаи хароҷотҳо ба омили инсонӣ ҳамчун маблағгузорӣ ба сармояи инсонӣ дониста мешаванд. Масалан, афзун намудани донишҳои ҷинояткорон, зеро ки ин гуна донишҳо барои ҷомеа хавф дошта, фоидаи ҷамъиятиро афзун наменамоянд;

Маблағгузорӣ ба сармояи инсонӣ аз хусусиятҳои миллӣ, анъана ва маданияти одамон вобастагии калон дорад.

Сарчашмаҳои асосии маблағгузорӣ ба сармояи инсонӣ буҷаи давлатӣ, фондҳои ҷамъиятӣ, даромади фирмаҳои хусусию давлатӣ ва даромади оилаҳо ё фардҳои алоҳида мебошанд.

3.Консепсияи шуғли аҳолӣ. Сабабҳо ва намудҳои бекорӣ. қонуни

А. Оукен.

Яке аз мақсадҳои асосии танзими макроиқтисодӣ таъмин намудани шуғли пурра мебошад. Дар зери мафҳуми шуғл шумораи аҳолии қобили меҳнат фаҳмида мешавад, ки бо ҷои кор таъмин мебошанд.

Он қисми аҳолии қобили меҳнат, ки муваққатан ҷои кор надоранд ва дар ҷустуҷӯи коранд, бекорон мебошанд. Бекорӣ ҳодисаи объективӣ мебошад ва дар ҳама гуна низоми иқтисодӣ ҷой дорад. Ба объективӣ будани бекорӣ ҳолатҳои зерин сабабгор мебошанд:

кӯчиши аҳолӣ, яъне одамон пайваста аз як мавзеъ ба мавзеи дигар, ё аз як ҷои кор ба ҷои кори дигар ҳаракат мекунанд, бинобар ҳамин, ҳамаи онҳо ба кори доимӣ шуғл варзида наметавонанд;

тағйироти технологӣ дар истеҳсолот, ки боиси дигаргун шудани тақозо ба қувваи корӣ мегардад.

ҳосили ҷамъи шумораи шуғлдоштагон (Е) ва бекорон (U) захираҳои меҳнатӣ ё ин ки қувваи корӣ (L) номида мешавад.

Е + U=L

Вобаста ба сабабҳои пайдоишаш шаклҳои зерини бекориро аз ҳамдигар фарқ мекунанд:

1. бекории фриксионӣ — бекорие, ки дар натиҷаи ҳаракати қувваи корӣ ба вуҷуд омадааст. Ба чунин гурӯҳи бекорон онҳое дохил мешаванд, ки бо сабаби паст будани музди кор муваққатан бекоранд, ё онҳое, ки бо иллати иваз кардани ҷои зист муваққатан ҷои кор надоранд ва ғайра. Бекории фриксиониро бекории ихтиёрӣ низ меноманд.

2.бекории таркибӣ бекорие, ки дар натиҷаи дигаргуншавии сохтори идоракунии истеҳсолот ё ин ки дар натиҷаи тағйироти технологӣ дар истеҳсолот ба вуҷуд омадааст. Ба ин шакли бекорон онҳое дохил мешаванд, ки ихтисосашон ба тағйироти технологӣ ё идоракунии истеҳсолот мувофиқат накардааст ва муваққатан маҷбур шудаанд, корро тарк кунанд.

3.бекории даврӣ бекорие, ки дар натиҷаи пастшавии сатҳи истеҳсолот ба вуҷуд омадааст. Ба ин шакли бекорон онҳое дохил мешаванд, ки дар натиҷаи муфлисшавии корхонаҳо ё паст шудани сатҳи истеҳсолот муваққатан бекор мондаанд.

Бекории фриксионӣ ва бекории таркибиро пешгирӣ намудан ғайриимкон аст, бинобар ҳамин шуғли аҳолӣ дар сурати ҷой доштани онҳо шуғли пурра номида мешавад.

Шуғли пурра гуфта, чунин ҳолатеро дар бозори қувваи корӣ меноманд, ки дар он бекории даврӣ вуҷуд надорад. Аз ҳамин ҷиҳат мафҳуми шуғли пурра 100% ҷои кор доштани аҳолии қобили меҳнат, ё ин ки умуман, вуҷуд надоштани бекориро ифода намекунад.

Дар бозори меҳнат шуғли аҳолӣ аз рӯи нишондиҳандаи дараҷаи бекорӣ (KU) баҳо дода мешавад, ки он муносибати шумораи бекоронро (U) ба шумораи қувваи корӣ (L) (бо фоиз) ифода мекунад.

Дараҷаи бекорӣ ҳангоми мавҷуд будани шуғли пурра «дараҷаи табии бекорӣ» ва ҳангоми мавҷуд будани бекориидаврӣ, «дараҷаи ҳақиқии бекорӣ» номида мешавад.

Дар илми назарияи иқтисодӣ барои нишон додани натиҷаи таъсири бекорӣ ба сатҳи истеҳсолот қонуни Оукенро истифода мебаранд. Мувофиқи ин қонун агар дараҷаи ҳақиқии бекорӣ аз дараҷаи табиии бекорӣ ба миқдори 1% зиёд шавад, пас, ҳаҷми МММ то 2,5% кам мешавад.

4. Оқибатҳои иҷтимоию иқтисодии бекорӣ дар ҷамъият.

Ба оқибатҳои иҷтимоии бекорӣ инҳо дохил мешаванд:

1.Коркунони бекормонда дараҷаи тахассуси худро аз даст медиҳанд;

2.Вазъи ҷисмонию психологии коргар бад шуда, ин ҳолат ба паст шудани сифати қувваи корӣ оварда мерасонад.

3.Ба афзоиши ҷинояткорӣ, майхорагӣ ва нашъамандӣ сабаб шуда метавонад.

Бекорӣ дар қатори масъалаҳои иҷтимоӣ як қатор масъалаҳои иқтисодиро низ ба миён меорад. Аз ҷумла ҳангоми афзоиши бекорӣ ҳаҷми тақозо, пасандоз, маблағгузорӣ ва маҷмӯи арза кам мешаванд.

Усулҳои асосии мубориза ба муқобили бекорӣ инҳо мебошанд:

1.Баланд бардоштани музди кори коркунони ихтисосҳои камёб;

2.Такмили ихтисоси коргарон аз ҳисоби фирмаҳои калон, ё ин ки аз ҳисоби давлат;

3.Ташкил намудани корҳои ҷамъиятӣ аз ҳисоби буҷаи давлат;

4.Ташкил ва амалӣ намудани барномаҳои мақсадноки таъмин бо ҷои кор;

5.Васеъ намудани низоми ахборотӣ оид ба бозори қувваи корӣ (ташкили биржаи меҳнатӣ, ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва ғайра).

Маҳдудияти синну сол дар шинохт (эътироф)-и қувваи корӣ. Масалан, ҳадди ниҳоии ба қувваи корӣ дохил шуданро аз 16 ба 18-сола бурдан ё ин ки синни нафақаро аз 60 то 58-сола поён фаровардан.

1.54K
Нет комментариев. Ваш будет первым!