Марҳилаҳои ташаккул ва хусусиятҳои асосии хоҷагии чахони

Иқтисоди ҷаҳонӣ (хоҷагии ҷаҳонӣ) натиҷаи инкишофи дуру дарози таърихии инсоният мебошад, ки ҳамчун як низоми бутун дар оғози асри XIX ба вуҷуд омадааст. Дар назарияи иқтисод мафҳуми иқтисоди ҷаҳониро дар маънои васеъ ва дар маънои маҳдуд истифода мекунанд.

Дар маънои васеъ хоҷагии ҷаҳонӣ гуфта, маҷмӯи иқтисодҳои миллиро меноманд, ки дар асоси тақсимоти ҷамъиятии меҳнат ба ҳамдигар алоқаманд шудаанд.

Дар маънои маҳдуд хоҷагии ҷаҳонӣ гуфта, низоми муносибатҳои иқтисодии байни давлатҳоро меноманд.

Дар ҳарду сурат ҷавҳари асосии фаҳмиши иқтисоди ҷаҳониро муносибатҳои байналхалқӣ–иқтисодӣ (МБИ) ташкил мекунад, ки алоқаҳою муносибатҳоеро ифода менамояд, ки аз чорчӯбаи иқтисоди миллӣ берун шудаанд. Хусусияти асосии ин муносибатҳо дар он аст, ки якум, онҳо ба қонунҳои арзаю тақозо вобаста мебошанд ва дуюм, ин муносибатҳо тавассути меъёрҳои гуногуни ҳуқуқи байналхалқӣ- иқтисодӣ дар шаклҳои зерин зоҳир мешаванд:

тиҷорати байналхалқӣ;

муносибатҳои байналхалқии асъорӣ;

кӯчиши байналхалқии қувваи корӣ ва сармоя;

ҳамбастагии иқтисодӣ.

Яке аз заминаҳои асосии пайдоиши иқтисоди ҷаҳонӣ ин тақсимоти ҷамъиятии меҳнат мебошад. Тақсимоти ҷамъиятии меҳнат гуфта, низоми алоқаҳои гуногунҷабҳаи иқтисодиеро меноманд, ки дар тахассуси мамлакатҳои гуногун ба истеҳсоли шаклҳои алоҳидаи маҳсулот асос ёфтаанд. Тақсимоти ҷамъиятии меҳнат шаклҳои зерини тахассуси истеҳсолиро фаро мегирад:

тахассуси соҳавӣ;

тахассуси байнисоҳавӣ;

тахассуси дохилисоҳавӣ.

Дар ҷараёни таърихии тараққиёти ҷамъият тақсимоти ҷамъиятии меҳнат дар зери таъсири омилҳои зерин ба вуҷуд омадааст:

гуногунии муҳити табиӣ, хусусан, якхела таъмин набудан бо захираҳои табиӣ;

вазъи ҷуғрофии мамлакатҳо, хусусан, ҷойгиршавии онҳо нисбат ба роҳҳои байналхалқии нақлиётӣ;

тафовути давлатҳо дар шумораи аҳолӣ ва масоҳат;

тафовути давлатҳо дар дараҷаи иқтидори илмию техникӣ;

хусусиятҳои таърихии тараққиёти давлатҳо.

Заминаи дигари ба вуҷуд омадани иқтисоди ҷаҳонӣ қонуни маҳдудияти захираҳои иқтисодӣ мебошад. Мавҷудияти ин қонун ҷой доштани муносибатҳои байналхалқӣ-иқтисодиро тақозо менамояд. қонуни мазкур пеш аз ҳама дар шаклҳои зерин зоҳир мешавад:

маҳдуд будани ашёи хоми минералӣ, ки тамоми фаъолияти соҳаҳо ва корхонаҳои калон аз таъминоти онҳо вобаста мебошад. Дар сурати маҳдудияти онҳо зарурати аз хориҷи кишвар таъмин намудани онҳо ба вуҷуд меояд;

маҳдудияти қувваи корӣ, зеро афзоиши истеҳсолот бе қувваи кории тахассуснок ғайриимкон аст ва ҷалб намудани қувваи кории тахассунок дар сурати маҳдуд будани он хело зарур аст;

маҳдудияти технология, ки ин шакли маҳдудият дар бештари мамлакатҳои дунё вуҷуд дорад ва кишварҳои дорои технологияи паст ҳамеша барои таъмини истеҳсолот бо технологияи пешқадам кӯшиш менамоянд.

Азбаски иқтисоди ҷаҳонӣ алоқамандии иқтисодии якчанд давлатҳоро ифода мекунад, аз иқтисоди миллӣ, пеш аз ҳама бо субъектҳои худ фарқ мекунад. Ба субъектҳои иқтисоди ҷаҳонӣ инҳо дохил мешаванд:

давлатҳо;

ширкатҳои фаромиллатӣ;

ташкилотҳои байналхалқӣ.

Таркиби иқтисоди ҷаҳонӣ, пеш аз ҳама аз иқтисоди давлатҳои гуногун иборат аст. Ин давлатҳоро дар назарияи иқтисоди ҷаҳонӣ аз рӯи аломатҳои гуногун таснифбандӣ менамоянд. Масалан, гурӯҳи мамлакатҳои мутараққӣ, мамлакатҳои рӯ ба инкишоф ва мамлакатҳои қафомондаро аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Дар назарияи иқтисод мамлакатҳои дунёро аз рӯи дараҷаи тараққиёташон низ таснифбандӣ менамоянд. Ин гуна таснифбандиро бори аввал олимони амрикоӣ У. Ростоу ва Д. Белла пешниҳод намудаанд ва мувофиқи он ду гурӯҳи кишварҳои дунёро аз ҳамдигар ҷудо намудан мумкин аст:

1.кишварҳои тараққикардаи саноатӣ;

2.кишварҳои тоиндустриалӣ (яъне саноаташон инкишоф наёфта).

Ба гурӯҳи якуми кишварҳо: Австралия, ИМА, Канада,ҷопон ва бештари кишварҳои Европаи ғарбӣ дохил мешаванд. Ин мамлакатҳо дорои технологияи пешқадам, қувваи кории тахассуснок ва захираҳои бойи сармояи асосӣ мебошанд. Ба ин мамлакатҳо суръати тези афзоиши МММ хос мебошад.

Ба гурӯҳи дуюм кишварҳое дохил мешаванд, ки дорои қувваҳои истеҳсолкунандаи сустинкишофёфта буда, дар баъзеи онҳо қашшоқӣ ва камбизоатӣ вуҷуд дорад. Вобаста ба афзоиши МММ ва даромад ба сари аҳолӣ онҳоро ба чаҳор гурӯҳ тақсим мекунанд:

1.Кишварҳои содироткунандаи нефт, ки даромад ба сари аҳолӣ дар онҳо хело зиёд аст. Масалан: Арабистони Саудӣ ва қувейт.

2.Кишварҳои нави саноатӣ, ки ба онҳо суръати зиёди афзоиши содирот ва МММ хос мебошад. Ба ин гурӯҳ давлатҳои зерин дохил мешаванд: Кореяи ҷанубӣ, Сингапур, Бразилия, Мексика, Туркия, Чин, Испания, Португалия ва Ирландия.

3.Кишварҳои қафомонда, ки ба онҳо қашшоқию камбизоатӣ хос мебошад. Ба ин давлатҳо Бангладеш, Эфиопия ва як қатор давлатҳои қитъаи Африка дохил мешаванд.

4.Кишварҳои дорои иқтисоди бозории сустинкишофёфта, ки ба онҳо давлатҳои Европаи Шарқӣ ва ИДМ дохил мешаванд.

707
Нет комментариев. Ваш будет первым!