Савдои ҷаҳони: намудҳо ва таркиби он. Баланси пардохт.
Яке аз шаклҳои аввалин ва асосии муносибатҳои байналхалқӣ – иқтисодӣ тиҷорати (савдои) байналхалқӣ ба ҳисоб меравад. Тиҷорати байналхалқӣ гуфта, чунин шакли муносибатҳои байналхалқӣ – иқтисодиеро меноманд, ки тавассути содирот ва воридоти молу хизматҳо ба амал меояд. Тиҷорати байналхалқӣ маҷмӯи созишҳоро оид ба иваз намудани молу хизматҳо дар байни давлатҳо ифода мекунад. Асоси инкишофи тиҷорати байналхалқиро манфиатҳои тарафайн аз мубодилаи молу хизматҳо ташкил медиҳад ва сабабҳои асосии мавҷудияти тиҷорати байналхалқӣ инҳо мебошанд:
тақсимот ва таъминоти нобаробари захираҳои иқтисодӣ;
мавҷуд будани дараҷаҳои гуногуни самаранокии технологияҳои гуногун дар кишварҳои гуногун.
Моҳияти асосии тиҷорати байналхалқӣ дар он ифода меёбад, ки тавассути он маҳдудияти захираҳои иқтисодӣ бартараф карда шуда, ҳаҷми бозори дохилӣ васеъ карда мешавад ва даромади иловагӣ аз ҳисоби фарқият дар байни хароҷотҳои миллӣ ва берунии истеҳсолӣ ба даст оварда мешавад. Инчунин ба воситаи тиҷорати байналхалқӣ ҳаҷми истеҳсолоти миллӣ, аз ҳисоби захираҳои хориҷӣ зиёд карда мешавад.
Шаклҳои асосии тиҷорати байналхалқӣ содирот ва воридоти молу хизматҳо мебошад. Содирот гуфта, ба беруни кишвар фурӯхтани молу хизматҳо дар назар дошта мешавад.
Воридот гуфта, аз беруни кишвар харидани молу хизматҳоро меноманд.
ҳаҷми содирот ва воридот аз сиёсати тиҷорати байналхалқӣ вобаста мебошад. Сиёсати тиҷорати байналхалқӣ гуфта, чорабиниҳои давлатиеро меноманд, ки дар соҳаи тиҷорати байналхалқӣ амалӣ карда мешаванд. Асосан дар назарияи иқтисод ду шакли сиёсати тиҷорати байналхалқиро аз ҳамдигар фарқ мекунанд: сиёсати ҳимоягарӣ (протексионистӣ) ва тиҷорати озод (фритредерӣ).
Сиёсати ҳимоягарӣ сиёсатест, ки барои ҳимояи бозори миллӣ (дохилӣ) аз молҳою хизматҳои хориҷӣ, тавассути маҳдуд намудани воридот, сурат мегирад. Самтҳои асосии сиёсати ҳимоягарӣ инҳо мебошанд:
боҷҳои гумрукӣ, ки ҳангоми содирот дараҷаашон паст буда, ҳангоми воридот дараҷаи онҳо баланд бардошта мешавад;
монеаҳои ғайритарифӣ, ки ба онҳо монополияи давлатӣ, литсензиякунонӣ ва муайян кардани ҳисса дохил мешавад.
Монополияи давлатӣ ҳуқуқи махсус додан ба ташкилотҳои давлатӣ, оид ба анҷом додани амалиётҳои гуногуни тиҷорати байналхалқӣ мебошад.
Литсензиякунонӣ иҷозат додан ба ташкилотҳои гуногун оид ба анҷом додани тиҷорати байналхалқӣ мебошад.
Муайян кардани ҳисса таъин намудани ҳиссаи содироту воридоти молҳои алоҳидаро ифода мекунад.
Сиёсати тиҷорати озод дар охири асри XVIII ба муқобили сиёсати ҳимоягарӣ пайдо шудааст ва истифодаи ягон монеаро пешбинӣ намекунад.
Баланси пардохт тамоми амалиётҳои молиявии давлатро, ки муносибатҳои берунии иқтисодии мамлакатро нишон медиҳад, дар бар мегирад.Баланси пардохт асосан аз руи тавсияи фонди байналхалқии асъор тартиб дода мешавад, ки муҳлатҳои як моҳ, се моҳ ва як солро дар бар мегирад. Баланси пардохт амалиётҳои иқтисодиро бо 2- нишондиҳанда: даромад ва хароҷоти маблағҳои воридшаванда ва хориҷшаванда ба мамлакат ба ҳисоб мегирад. Таркибан баланси пардохт аз чунин қисмҳои асоси иборат аст:
1.Баланси амалиётҳои ҷорӣ (молҳо, хизматҳо ва даромад аз маблағгузориҳои ҳархела).
2.Баланси амалиётҳо бо сармоя (маблағгузориҳои бевосита, портфели, кутоҳмуддат ва дарозмуддат).
3.Ҳисоббаробаркуниҳо бо захираҳои байналхалқӣ (захираҳои асъории хориҷӣ, захираи тилло, захираҳои ФБА ва қарзҳои он ).
Дар қисми аввал воридот ва содироти мамлакат дар муҳлатҳои гуногун ба ҳисоб гирифта мешавад, бинобар он ҳамин қисми баланси пардохт баланси савдои мамлакат ном дорад.