Консепсияи шуғли аҳолӣ. Сабабҳо ва намудҳои бекорӣ. қонуни А. Оукен

Яке аз мақсадҳои асосии танзими макроиқтисодӣ таъмин намудани шуғли пурра мебошад. Дар зери мафҳуми шуғл шумораи аҳолии қобили меҳнат фаҳмида мешавад, ки бо ҷои кор таъмин мебошанд.

Он қисми аҳолии қобили меҳнат, ки муваққатан ҷои кор надоранд ва дар ҷустуҷӯи коранд, бекорон мебошанд. Бекорӣ ҳодисаи объективӣ мебошад ва дар ҳама гуна низоми иқтисодӣ ҷой дорад. Ба объективӣ будани бекорӣ ҳолатҳои зерин сабабгор мебошанд:

кӯчиши аҳолӣ, яъне одамон пайваста аз як мавзеъ ба мавзеи дигар, ё аз як ҷои кор ба ҷои кори дигар ҳаракат мекунанд, бинобар ҳамин, ҳамаи онҳо ба кори доимӣ шуғл варзида наметавонанд;

тағйироти технологӣ дар истеҳсолот, ки боиси дигаргун шудани тақозо ба қувваи корӣ мегардад.

ҳосили ҷамъи шумораи шуғлдоштагон (Е) ва бекорон (U) захираҳои меҳнатӣ ё ин ки қувваи корӣ (L) номида мешавад.

Е + U=L

Вобаста ба сабабҳои пайдоишаш шаклҳои зерини бекориро аз ҳамдигар фарқ мекунанд:

1. бекории фриксионӣ — бекорие, ки дар натиҷаи ҳаракати қувваи корӣ ба вуҷуд омадааст. Ба чунин гурӯҳи бекорон онҳое дохил мешаванд, ки бо сабаби паст будани музди кор муваққатан бекоранд, ё онҳое, ки бо иллати иваз кардани ҷои зист муваққатан ҷои кор надоранд ва ғайра. Бекории фриксиониро бекории ихтиёрӣ низ меноманд.

2.бекории таркибӣ бекорие, ки дар натиҷаи дигаргуншавии сохтори идоракунии истеҳсолот ё ин ки дар натиҷаи тағйироти технологӣ дар истеҳсолот ба вуҷуд омадааст. Ба ин шакли бекорон онҳое дохил мешаванд, ки ихтисосашон ба тағйироти технологӣ ё идоракунии истеҳсолот мувофиқат накардааст ва муваққатан маҷбур шудаанд, корро тарк кунанд.

3.бекории даврӣ бекорие, ки дар натиҷаи пастшавии сатҳи истеҳсолот ба вуҷуд омадааст. Ба ин шакли бекорон онҳое дохил мешаванд, ки дар натиҷаи муфлисшавии корхонаҳо ё паст шудани сатҳи истеҳсолот муваққатан бекор мондаанд.

Бекории фриксионӣ ва бекории таркибиро пешгирӣ намудан ғайриимкон аст, бинобар ҳамин шуғли аҳолӣ дар сурати ҷой доштани онҳо шуғли пурра номида мешавад.

Шуғли пурра гуфта, чунин ҳолатеро дар бозори қувваи корӣ меноманд, ки дар он бекории даврӣ вуҷуд надорад. Аз ҳамин ҷиҳат мафҳуми шуғли пурра 100% ҷои кор доштани аҳолии қобили меҳнат, ё ин ки умуман, вуҷуд надоштани бекориро ифода намекунад.

Дар бозори меҳнат шуғли аҳолӣ аз рӯи нишондиҳандаи дараҷаи бекорӣ (KU) баҳо дода мешавад, ки он муносибати шумораи бекоронро (U) ба шумораи қувваи корӣ (L) (бо фоиз) ифода мекунад.

Дараҷаи бекорӣ ҳангоми мавҷуд будани шуғли пурра «дараҷаи табии бекорӣ» ва ҳангоми мавҷуд будани бекориидаврӣ, «дараҷаи ҳақиқии бекорӣ» номида мешавад.

Дар илми назарияи иқтисодӣ барои нишон додани натиҷаи таъсири бекорӣ ба сатҳи истеҳсолот қонуни Оукенро истифода мебаранд. Мувофиқи ин қонун агар дараҷаи ҳақиқии бекорӣ аз дараҷаи табиии бекорӣ ба миқдори 1% зиёд шавад, пас, ҳаҷми МММ то 2,5% кам мешавад.

332
Нет комментариев. Ваш будет первым!