ДАР БОРАИ МУФЛИСШАВӢ

Муносибатҳое, ки Қонуни мазкур танзим менамояд
Мутобиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни мазкур асос ва тартиби аз тарафи суд муфлис эътироф намудани(Конун аз 06.10.2008с. №432, аз 19.05.2009с. №509)
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Муносибатҳое, ки Қонуни мазкур танзим менамояд
Мутобиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни мазкур асос ва тартиби аз тарафи суд муфлис эътироф намудани соҳибкори инфиродӣ ва ё аз тарафи худи онҳо муфлис эълон гардиданашон, асоси аз тарафи суд муфлис эътироф намудани шахси ҳуқуқӣ, ё ин ки аз тарафи худи онҳо муфлис эълон намуданашон, инчунин тартиби барҳам додани чунин шахси ҳуқуқӣ, ё худ якҷоя бо кредиторон қабул кардани қарор дар бораи муфлисшавӣ ва ихтиёран барҳамдиҳии онҳоро муқаррар менамояд.
Моддаи 2. Доираи амали Қонуни мазкур
Қонуни мазкур нисбат ба ҳамаи шахсони ҳуқуқӣ (ба истиснои
корхонаҳои давлатие, ки дар моддаи 127 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда шудаанд), аз ҷумла шахсони ҳуқуқии хориҷии бо тартиби муқаррарнамудаи қонун ба қайд гирифташуда ва ҳамчунин
соҳибкорони инфиродӣ амал мекунад.
Агар шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳои дигареро, ки аз қоидаҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур фарқ кунанд, муқаррар карда бошанд, қоидаҳои шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор мегиранд.
Нисбати муносибатҳое, ки Қонуни мазкур иштироки шахсони хориҷиро ба сифати кредиторон танзим менамояд, муқаррароти ҳамин Қонун татбиқ карда мешавад, агар шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошанд.
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муфлисшавӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муфлисшавӣ ба
Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин
Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 4. Мафҳумҳои асосии дар Қонуни мазкур истифодашаванда
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
муфлисшавӣ – аз тарафи қарздор дар ҳаҷми пурра қонеъ карда
натавонистани талаби кредиторон оид ба уҳдадориҳои пулӣ ва (ё) иҷро карда натавонистани уҳдадориҳои ворид намудани пардохтҳои ҳатмӣ, ки аз ҷониби суд эътироф шудаанд ё қарздор қодир набуданашро эълон
намудааст;

қарздор – соҳибкори инфиродӣ ё шахси ҳуқуқӣ, ки барои қонеъгардонии талабҳои кредиторон оид ба уҳдадориҳои пулӣ ва (ё) иҷрои уҳдадориҳои пардохтҳои ҳатмӣ дар муҳлати муқаррарнамудаи Қонуни мазкур қодир нест;
уҳдадориҳои пулӣ – уҳдадории қарздор дар бораи ба кредитор пардохт намудани маблағи муайяни пулӣ, аз руи шартномаи гражданию ҳуқуқӣ ва дигар асосҳое, ки Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд;
пардохтҳои ҳатмӣ – андозҳо, боҷҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмие, ки ба буҷети сатҳи дахлдор бо тартиб ва шартҳои бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайяншаванда ворид мегарданд;
роҳбари қарздор – мақоми яккаи иҷроияи шахси ҳуқуқӣ ва инчунин шахсони дигар, ки мутобиқи қонунгузорӣ фаъолияти хешро аз номи шахси ҳуқуқӣ бе боваринома амалӣ мегардонанд;
кредиторони озмунӣ – кредиторон аз руи уҳдадориҳои пулӣ, ба истиснои шаҳрвандоне, ки қарздор дар назди онҳо барои расонидани зиён ба ҳаёт ва саломатиашон ҷавобгар аст, инчунин муассисони (иштирокчиёни) қарздор – шахси ҳуқуқӣ аз руи уҳдадориҳое, ки аз чунин иштирок пайдо мешаванд;
санатсияи тосудӣ – чораҳои барқарорсозии қобилияти пардохтии қарздор, ки аз тарафи молики амволи қарздор – шахси ҳуқуқӣ, муассисони (иштирокчиёни) қарздор – шахси ҳуқуқӣ ва шахсони дигар бо мақсади пешгирӣ кардани муфлисшавӣ қабул карда мешаванд;
мушоҳида – расмияти муфлисшавӣ, ки нисбати қарздор аз лаҳзаи аз тарафи суд қабул кардани ариза дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор то лаҳзае, ки мутобиқи ҳамин Қонун бо мақсади таъмин намудани нигоҳдории амволи қарздор ва гузаронидани таҳлили ҳолати молиявии он муайян шудааст, татбиқ карда мешавад;
идоракунии берунӣ (санатсияи судӣ) – расмияти муфлисшавӣ, ки нисбати қарздор бо мақсади барқарорсозии қобилияти пардохтии вай бо вогузоштани ваколатҳои идоракунии амволи қарздор ба мудири беруна татбиқ карда мешавад;
истеҳсолоти озмунӣ – расмияти муфлисшавӣ, ки нисбати қарздори муфлис эътирофгардида бо мақсади мутаносибан қонеъ намудани талабҳои кредиторон татбиқ карда мешавад;
мудир (мудири муваққатӣ, мудири беруна, мудири озмунӣ) – шахсе, ки аз ҷониби суд барои гузаронидани расмиятҳои муфлисшавӣ ва амалӣ намудани ваколатҳои дигар, ки Қонуни мазкур муқаррар намудааст, таъин карда мешавад;
моратория – боздоштани амалҳои қарздор оид ба иҷрои уҳдадориҳои пулӣ ва ворид намудани пардохтҳои ҳатмӣ;
намояндаи кормандони қарздор – шахсе, ки аз тарафи кормандон ваколатдор шудааст ва ҳангоми гузаронидани расмиятҳои муфлисшавӣ манфиатҳои онҳоро ифода мекунад.
қарздори гойиб – қарздоре, ки маҳалли ҷойгиршавии мақомоти доимӣ, инчунин муассисон ва шахсони мансабдор, ки онро муқаррар кардан мумкин нест ва бе онҳо шахси ҳуқуқӣ фаъолияти худро дар давоми шаш моҳи охир иҷро карда натавонист;
мудири муваққатӣ – шахси воқеие, ки аз ҷониби суд барои гузаронидани расмиёти мушоҳида таъин карда мешавад;
мудири беруна – шахси воқеие, ки аз ҷониби суд барои гузаронидани расмиёти идоракунии беруна таъин карда мешавад;\”
мудири озмунӣ – шахси воқеие, ки аз ҷониби суд барои гузаронидани расмиёти истеҳсолоти озмунӣ таъин карда мешавад (Конун аз 19.05.2009с. №509).
Моддаи 5. Аломатҳои муфлисшави
Шахсони ҳуқуқИ, соҳибкорони инфиродИ ва ҳамчунин шахсони ҳуқуқии хориҷИ барои қонеъ намудани талабҳои кредиторон аз руи уҳдадориҳои пулИ ва ҳамчунин иҷрои пардохтҳои ҳатмии ба буҷет аз ҳисоби амволи онҳо воридшаванда қодирнабуда ҳисобида мешаванд, агар чунин уҳдадориҳо аз тарафи онҳо дар давоми се моҳ аз лаҳзаи эътибор пайдо карданашон иҷро карда нашаванд ва агар маблаги умумии уҳдадориҳояшон аз арзиши амволи ба онҳо тааллуқдошта зиёд бошад.
Моддаи 6. Таркиб ва ҳаҷми уҳдадориҳои пулИ ва пардохтҳои ҳатмИ
Таркиб ва ҳаҷми уҳдадориҳои пулИ ва пардохтҳои ҳатмИ ба вақти пешниҳоди ариза ба суд дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор муайян карда мешаванд.
Барои муайян намудани мавҷудияти аломатҳои муфлисшавии қарздор ҳаҷми уҳдадориҳои пулИ, аз ҷумла ҳаҷми қарз барои молҳои таҳвилгардида, корҳои иҷрошуда ва хизматрасонИ, маблаги қарзҳо бо назардошти фоизҳо, ки онҳоро қарздор бояд пардохт намояд, ба истиснои уҳдадориҳо дар назди шаҳрвандоне, ки қарздор барои расонидани зиён ба ҳаёт ва саломатиашон ҷавобгар аст, уҳдадориҳо оиди пардохти подоши муаллифИ ва ҳамчунин уҳдадориҳо дар назди муассисони (иштирокчиёни) қарздор – шахсони ҳуқуқИ, ки аз чунин иштирок бармеоянд, мавриди таваҷҷуҳ қарор мегирад.
Ҳаҷми уҳдадориҳои пулИ аз руи талабҳои кредиторон дар он ҳолат муқарраршуда ҳисобида мешавад, ки агар он бо ҳалномаи суд ё ҳуҷҷатҳои шаҳодатдиҳандае, ки дар онҳо қарздор ин талабҳоро эътироф намудааст, тасдиқ шуда бошад ва ҳамчунин дар ҳолатҳои дигаре, ки ҳамин Қонун пешбинИ намудааст.
Моддаи 7. Қарздор
Қарздор ҳуқуқ дорад бо аризаи худ дар хусуси пешакИ муқаррар намудани муфлисшавИ дар сурати мавҷуд будани ҳолатҳои бешубҳа шаҳодатдиҳанда дар бораи он ки вай наметавонад уҳдадориҳои пулИ ва (ё) вазифаҳояшро оид ба ворид намудани пардохтҳои ҳатмИ дар муҳлатҳои муқарраршуда иҷро намояд, ба суд муроҷиат кунад.
Қарздор дар ҳамон ҳолат метавонад ба суд ариза диҳад, ки амволи мавҷудбудаи у барои пардохти хароҷоти суд кифоя бошад, агар Қонуни мазкур тартиби дигареро пешбинИ накарда бошад.
Моддаи 7(1). Қарздори ғойиб
Дар асоси аризаи шахси манфиатдор суд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қарздори ғойибро муайян менамояд (Конун аз 19.05.2009с. №509).
Моддаи 8. Уҳдадориҳо барои додани аризаи қарздор ба суд
Роҳбари қарздор ё соҳибкори инфиродИ уҳдадор аст, ки дар мавридҳои зерин бо аризаи қарздор ба суд муроҷиат кунад:
– агар қонеъгардонии талабҳои як кредитор ё якчанд кредиторон сабабгори ғайриимкон гаштани иҷрои пурраи уҳдадориҳои пулии қарздор
дар назди дигар кредиторон гардад;

агар мақомоти қарздор, ки мутобиқи ҳуҷҷатҳои таъсисии қарздор барои барҳамдиҳии он ваколатдор гардидааст, барои муроҷиати қарздор бо ариза ба суд қарор қабул карда бошад;
агар мақомоти ваколатдори молики амволи қарздор – корхонаи воҳиди давлатӣ дар бораи муроҷиат намудан бо аризаи қарздор ба суд қарор қабул карда бошад;
дар дигар ҳолатҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст.
Дар мавридҳои пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда аризаи қарздор новобаста аз мавҷудияти ҳолатҳои муқарраркардаи қисми дуюми моддаи 7 Қонуни мазкур ба суд пешниҳод карда мешавад.
Агар дар вақти барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ иҷрои талабҳои кредиторон дар ҳаҷми пурра гайриимкон муқаррар шуда бошад, роҳбари қарздор, комиссияи барҳамдиҳӣ (барҳамдиҳанда) вазифадоранд бо аризаи қарздор ба суд муроҷиат намоянд.
Аризаи қарздор дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи мазкур бояд на дертар аз як моҳи пеш омадани зарурати дахлдор ба суд пешниҳод карда шавад.
Моддаи 9. Масъулияти роҳбари қарздор барои иҷро накардани вазифаҳо оид ба додани аризаи қарздор ба суд
Аз тарафи қарздор пешниҳод нагардидани ариза ба суд дар ҳолатҳое, ки моддаи 8 Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, боиси ба ҷавобгарии субсидиарӣ кашидани роҳбари қарздор ва аъзои комиссияи барҳамдиҳӣ аз руи уҳдадориҳои қарздор, ки дар назди кредиторон баъди гузаштани муҳлати пешбининамудаи Қонуни мазкур ба вуҷуд меоянд, мегардад.
Моддаи 10. Муфлисшавии сохта ва барқасд
Агар аризаи қарздор оид ба муфлис эътироф намуданаш ба суд дар ҳолати мавҷуд будани имконияти қонеъгардонии пурраи талабҳои кредиторон пешниҳод шуда бошад (муфлисшавии сохта), қарздор, ки ҳамин аризаро пешниҳод намудааст, дар назди кредиторон барои зарари бо додани ҳамин ариза расонидааш ҷавобгар мебошад.
Дар ҳолати муфлисшавии қарздор бо айби муассисони (иштирокчиёни) вай ё дигар шахсони мансабдор, аз ҷумла бо айби роҳбари қарздор, ки барои ба қарздор ҳуқуқи додани супоришҳои ҳатман иҷрошавандаро дорад ва ё ҳар гуна имконияти муайянсозии амали уро дорад (муфлисшавии барқасд), муассисон (иштирокчиён) – шахсони ҳуқуқӣ ё дигар шахсони мансабдор ба ҷавобгарии субсидиарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 11. Кредиторон оид ба уҳдадориҳои пулӣ
Кредиторон оид ба уҳдадориҳои пулӣ (минбаъд-кредиторон) шахсони воқеию ҳуқуқии дохилӣ ва хориҷӣ, ҳамчунин давлат ва воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ мебошанд.
Ҳуқуқи додани аризаи кредиторро дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор (минбаъд – аризаи кредитор) шахсоне доранд, ки мутобиқи Қонуни мазкур кредиторони озмунӣ эътироф карда мешаванд.
Кредитор аз руи уҳдадориҳои дар натиҷаи расонидани зарар ва оид ба пардохти алимент ба вуҷудомада он кредитороне ҳисобида мешаванд, ки талабҳои онҳо бо ҳалномаи суд собит шудаанд ё қарздор онҳоро эътироф намудааст.
Ба мақомоти андоз ва дигар мақомоти ваколатдор меъёрҳои барои кредиторон муайяншуда татбиқ карда мешаванд, агар Қонуни мазкур тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.
ҳангоми гузаронидани расмияти муфлисшавӣ манфиати ҳамаи кредиторонро маҷлиси кредиторон ва кумитаи кредиторон, ки мутобиқи Қонуни мазкур ташкил карда мешаванд, ифода мекунад. Аз лаҳзаи аз тарафи суд барои баррасӣ қабул гардидани ариза дар бораи муфлис эълон намудани қарздор кредиторон ҳуқуқ надоранд, ки бо мақсади қонеъ гардонидани талабҳои худ бо тартиби инфиродӣ ба қарздор муроҷиат намоянд.
Ҳамаи амалҳо дар муносибат бо қарздор аз номи кредиторон ба воситаи маҷлиси кредиторон ва кумитаи кредиторон анҷом дода мешавад.
Моддаи 12. Маҷлиси кредиторон ва тартиби даъвати он
Кредиторони озмунӣ ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур дар қисмати талабҳо оид ба пардохтҳои ҳатмӣ мақомоти андоз ва дигар мақомоти ваколатдор иштирокчиёни маҷлиси кредиторон бо ҳуқуқи овоздиҳӣ шуда метавонанд. Дар маҷлиси кредиторон намояндаи кормандони қарздор иштирок менамояд.
Ташкил ва гузаронидани маҷлиси кредиторонро мудир анҷом медиҳад.
Ваколатҳои маҷлиси кредиторон:
қабули қарор дар бораи ҷорӣ ва дароз намудани идоракунии беруна ва дар бораи муроҷиат намудан бо илтимосномаи дахлдор ба суд;
қабули қарор дар бораи бастани созишномаи мусолиҳа;
қабули қарор дар бораи муроҷиат намудан ба суд бо илтимоснома дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ;
қабули қарор дар бораи интихоби аъзои кумитаи кредиторон, муайян намудани шумораи ҳайати кумитаи кредиторон ва дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколатҳои кумитаи кредиторон;
ҳаллу фасли дигар масъалаҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ менамояд.
Дар маҷлиси кредиторон кредитори озмунӣ, дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур мақомоти андоз ва дигар мақомоти
ваколатдор дар қисмати талабҳо оид ба пардохтҳои ҳатмӣ соҳиби шумораи овозҳои мутаносибан баробар ба маблаги талабҳои кредиторони озмунӣ, мақомоти андоз ё мақомоти дигари ваколатдор аз руи уҳдадориҳои пулӣ (ё) пардохтҳои ҳатмӣ ба қарздор, ки мутобиқи Қонуни мазкур эътироф ва ба рӯзи гузаронидани маҷлиси кредиторон муқаррар карда шудааст, мебошанд.
Маҷлиси кредиторон бо ташаббуси мудир, дархости кумитаи
кредиторон, кредиторони озмунӣ ва (ё) мақомоти андоз ва мақомоти ваколатдори дигаре, ки талабҳои онҳо оид ба ӯҳдадориҳои пулӣ ва (ё) пардохтҳои ҳатмӣ на камтар аз сеяки ҷамъи маблаги талабшудаи ба рӯйхати талабҳои кредиторон дохилшударо ташкил медиҳад, ё бо ташаббуси аз се як ҳиссаи кредиторони озмунӣ даъват карда мешавад.
Маҷлиси кредиторон бо дархости кумитаи кредиторон ё кредиторони озмунӣ аз ҷониби мудир, дар мӯҳлати ду ҳафта аз лаҳзаи бо дархости дахлдор муроҷиат намудани кумитаи кредиторон ё кредиторони озмунӣ ба унвони мудир даъват карда мешавад.
Маҷлиси кредиторон дар маҳалли ҷойгиршавии қарздор гузаронида мешавад, агар тартиби дигаре дар маҷлиси кредиторон ё кумитаи кредиторон муқаррар нашуда бошад.
Дар ҳолати набудани кворуми кредиторон дар мӯҳлати даҳ рӯз маҷлиси такрории кредиторон даъват карда мешавад, ки сарфи назар аз шумораи кредиторони дар он иштироккунанда салоҳиятдор мебошад, ба шарте ки аз вақт ва ҷои гузаронидани маҷлиси кредиторон онҳо ба таври даркорӣ огоҳ гардида бошанд.
Моддаи 13. Тартиби қабули қарорҳо аз тарафи маҷлиси кредиторон
Қарори маҷлиси кредиторон оиди масъалаҳои ба овоздиҳӣ гузошташуда бо аксари овозҳои кредиторони озмунӣ, ки дар маҷлиси кредиторон иштирок доранд, қабул карда мешаванд, агар тартиби дигаре дар Қонуни мазкур пешбинӣ нашуда бошад.
Маҷлиси кредиторон қарорҳои зеринро бо аксари овозҳо аз миқдори умумии кредиторони озмунӣ қабул менамояд:
оиди ҷорӣ ва дароз намудани идоракунии беруна ё дар бораи муроҷиат намудан бо илтимоснома ба суд дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ;
дар бораи бо илтимоснома муроҷиат намудан ба суд оиди аз вазифа озод намудани мудир.
Дар ҳолате ки агар дар маҷлиси кредиторон, ки барои ҳалли масъалаҳои дар қисми дуюми моддаи мазкур пешбинишуда даъват карда шудааст ва миқдори овозҳои барои қабули қарорҳои мазкур зарурии кредиторони озмунӣ ҷамъ нашуда бошанд, маҷлиси такрории кредиторон даъват карда мешавад, ки барои қабули чунин қарорҳо бо аксари овозҳои кредиторони озмунии дар маҷлис иштироккунанда салоҳиятдор мебошад, ба шарте ки кредиторони озмунӣ аз вақт ва ҷои гузаронидани маҷлис ба тарзи даркорӣ огоҳ гардида бошанд.
Моддаи 14. Кумитаи кредиторон, интихоби кумитаи кредиторон
Кумитаи кредиторон манфиатҳои кредиторони озмуниро ифода намуда, ба фаъолияти мудири беруна ва мудири озмунӣ бо тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур назорат менамояд.
Агар миқдори кредиторони озмунӣ аз панҷоҳ нафар камтар бошад, бо қарори маҷлиси кредиторон вазифаи кумитаи кредиторонро ба маҷлиси кредиторон вогузор кардан мумкин аст.
Кумитаи кредиторон барои татбиқи вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда ҳуқуқ дорад:
аз мудири беруна пешниҳоди маълумотро оид ба ҳолати молиявии қарздор ва ҷараёни идоракунии беруна талаб намояд;
аз мудири озмунӣ пешниҳоди маълумотро оид ба ҷараёни истеҳсолоти озмунӣ талаб намояд;
оиди фаъолияти мудири беруна ва мудири озмунӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур ба суд шикоят кунад.
Ба ҳайати кумитаи кредиторон мумкин аст намояндагони кредиторони озмунӣ ба миқдори муайяннамудаи маҷлиси кредиторон, вале на бештар аз 11 нафар дохил карда шаванд.
Қарори кумитаи кредиторон бо аксари овозҳои шумораи умумии аъзои кумитаи кредиторон қабул карда мешавад.
Аъзои кумитаи кредиторонро маҷлиси кредиторон ба муддати гузаронидани идоракунии беруна ва истеҳсолоти озмунӣ интихоб менамояд.
Бо қарори маҷлиси кредиторон мумкин аст ваколатҳои ҳамаи аъзои кумитаи кредиторон пеш аз муҳлат қатъ гардонида шаванд.
Талаби кредитор оид ба уҳдадориҳои пулӣ ва (ё) уҳдадориҳои ҳатмӣ дар ҳаҷми панҷсад андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба кредитор ҳуқуқи доштани шумораи овозҳои баробар ба шумораи аъзои кумитаи кредиторонро медиҳад, агар бо қарори маҷлиси кредиторон тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад. Кредитор ҳуқуқ дорад, ки овозҳои ба вай тааллуқдоштаро ба як номзад диҳад ё онҳоро байни чанд номзадҳо ба аъзогии кумитаи кредиторон тақсим намояд (Конун аз 06.10.2008с. №432).
Ба ҳайати кумитаи кредиторон номзадҳое интихобшуда ҳисоб мешаванд, ки бештари овозҳоро гирифтаанд.
Аъзоёни кумитаи кредиторон метавонанд аз ҳайати худ раиси кумитаи кредиторонро интихоб намоянд.
Агар ҳайати кумитаи кредиторон аз панҷ нафар зиёд бошад, раиси кумитаи кредиторон ба таври ҳатмӣ интихоб карда мешавад.
Моддаи 15. Шахсони манфиатдор

Дар муносибат
бо

қарздор

инҳо шахсони

манфиатдор

дониста

мешаванд:
шахси ҳуқуқӣ,

ки

мутобиқи

қонунгузории

граждании

Ҷумҳурии

Тоҷикистон нисбат ба қарздор корхонаи фаръӣ ё тобеъ мебошад;
роҳбари қарздор, инчунин шахсоне, ки ба шурои директорони қарздор (шурои мушоҳидавӣ), мақомоти иҷроияи машваратии қарздор, сармуҳосиби (муҳосиби) қарздор, аз ҷумла шахсони дар давоми як сол то замони огозшавии парвандаҳо оид ба муфлисшавӣ аз ин вазифаҳо озодшуда дохил мешаванд.
Барои мақсадҳои Қонуни мазкур таҳти мафҳуми шахсони манфиатдор нисбат ба шаҳрванд шавҳараш (завҷааш), фарзандон, бародарон, хоҳарон, падару модар ва бародарону ҳоҳарони онҳо, падару модар, хоҳарон ва бародарони шавҳараш (завҷааш) дохил мешаванд.
Дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур шахсони манфиатдор нисбат ба мудир ва кредиторон мутобиқи тартибе, ки бандҳои якум ва дуюми моддаи мазкур пешбинӣ намудааст, муайян карда мешавад.
Моддаи 16. Мудир
Агар дар Қонуни мазкур тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, суд метавонад шахси воқеии ба сифати соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифташударо, ки дорои донишҳои махсус буда, нисбат ба қарздор ва кредиторон шахси манфиатдор нест, мудир (мудири муваққатӣ, мудири беруна, мудири озмунӣ) таъин намояд.
Шахсони зеринро мудир таъин намудан мумкин нест:
шахсоне, ки қаблан идоракунии корҳои қарздор – шахси ҳуқуқиро анҷом медоданд, ба истиснои ҳолатҳое, ки аз лаҳзаи сабукдуш гардидани чунин шахсон аз идоракунии корҳои қарздор на камтар аз се сол гузашта бошад;
шахсоне, ки нисбаташон баҳри татбиқи фаъолияти идоракунии корҳо ва (ё) амволи шахсони дигар маҳдудият вуҷуд дошта бошад (шахсони маҳрумшуда);
шахсоне, ки доги судӣ доранд.
Моддаи 17. Ҳуқуқ ва вазифаҳои мудир
Мудир ҳуқуқ дорад:
маҷлиси кредиторон ва кумитаи кредиторонро даъват намояд;
дар ҳолатҳои дар Қонуни мазкур пешбинишуда ба суд муроҷиат намояд;
ба андоза ва тартибе, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, подош
гирад;
барои таъмини амалӣ намудани ваколатҳои худ шахсони дигарро дар асоси шартнома ба кор ҷалб намуда, ҳаққи хизмати онҳоро аз ҳисоби қарздор бипардозад, агар Қонуни мазкур ё созишнома бо кредиторон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад;
дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани иҷрои вазифаҳои худ ба суд ариза пешниҳод намояд.
Мудир вазифадор аст:
оид ба ҳифзи моликияти қарздор тадбирҳо андешад;
ҳолати молиявии қарздорро таҳлил кунад;
фаъолияти молиявӣ, хоҷагӣ ва инвеститсионии қарздор ва мавқеи онро дар бозори мол таҳлил намояд;
талаби арзнамудаи кредиторонро баррасӣ намояд;
пешбурди руйхати талабҳои кредиторонро анҷом диҳад;
вазифаҳои дигарро, ки Қонуни мазкур муқаррар намудааст, иҷро намояд.
ҳангоми татбиқи ҳуқуқу вазифаҳои худ мудир вазифадор аст, ки бо назардошти манфиатҳои қарздор ва кредиторон амал намояд.
Моддаи 18. Масъулияти мудир
Иҷро накардан ё иҷрои номатлуби уҳдадориҳое, ки мутобиқи Қонуни мазкур ба зиммаи мудир гузошта шудаанд, мумкин аст барои аз ҷониби суд озод намудани у аз иҷрои вазифаҳояш асос гардад.
Қарздор ва кредиторони он ҳуқуқ доранд аз мудир, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон кардааст, баргардонидани зиёни аз фаъолияти (бефаъолиятии) мудир расонидашударо талаб намоянд.
Моддаи 19. Подоши мудир
Тартиб ва андозаи подоши мудирро маҷлиси кредиторон муайян мекунад ва (ё) суд тасдиқ менамояд ва он бояд на камтар аз дувоздаҳ нишондиҳанда барои хисобҳо дар як моҳ бошад (Конун аз 19.05.2009с. №509).
Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мудир аз руи натиҷаҳои фаъолияташ подоши иловагӣ муқаррар карда мешавад.
Моддаи 20. Расмиятҳои муфлисшавӣ
Ҳангоми баррасии парвандаҳои муфлисшавии қарздор – шахси ҳуқуқии субъекти соҳибкории хурду миёна ва дигар шахсони хуқуқӣ (ташкилотҳои гайритиҷоратӣ) расмиёти зерини муфлисшавӣ татбиқ карда мешаванд:

мушоҳида;
истехсолоти озмунӣ;
созишномаи мусолиҳа.
Ҳангоми баррасии парвандаҳои муфлисшавии қарздор – шахси ҳуқуқии субъекти соҳибкории калон расмиёти зерини муфлисшавӣ татбиқ карда мешаванд:

мушоҳида;
идоракунии беруна;
истеҳсолоти озмунӣ;
созишномаи мусолиҳа.
Ҳангоми баррасии парвандаҳои муфлисшавии қарздор – соҳибкори инфиродӣ расмиёти зерини муфлисшавӣ татбиқ карда мешаванд:

истеҳсолоти озмунӣ;
созишномаи мусолиҳа (Конун аз 19.05.2009с. №509).
Моддаи 21. Худро муфлис эълон намудани қарздор
Дар сурати мавҷуд набудани эътироз аз ҷониби кредиторон қарздор – шахси ҳуқуқӣ метавонад дар бораи муфлисшавии худ ва ихтиёран барҳам хурданаш мутобиқи тартиботе, ки Қонуни мазкур пешбинӣ кардааст, эълон намояд.
БОБИ II. ПЕШГИРИИ МУФЛИСШАВӣ
Моддаи 22. Тадбирҳо оид ба пешгирии муфлисшавии ташкилотҳо
Муассисони (иштирокчиёни) қарздор – шахси ҳуқуқӣ, молики амволи қарздор – шахси ҳуқуқӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки оид ба пешгирии муфлисшавии ташкилотҳо тадбирҳои саривақтӣ андешанд.
Бо мақсади пешгирии муфлисшавии ташкилотҳо муассисони (иштирокчиёни) қарздор – шахси ҳуқуқӣ, молики амволи қарздор – шахси ҳуқуқӣ то замони ба суд додани ариза оид ба муфлис эътироф намудани қарздор тадбирҳое меандешанд, ки ба беҳбудии молиявии қарздор
нигаронида шуда бошанд. Тадбирҳои барои беҳбудии молиявии қарздор нигаронидашударо кредиторон ё шахсони дигар низ метавонанд дар асоси созишнома бо қарздор пешбинӣ намоянд.
Моддаи 23. Санатсияи тосудӣ
Молики амволи қарздор – шахси ҳуқуқӣ, муассисони (иштирокчиёни) қарздор – шахси ҳуқуқӣ, кредиторони қарздор – шахси ҳуқуқӣ ва шахсони дигар дар доираи тадбирҳо оид ба пешгирии муфлисшавӣ метавонанд ба
қарздор дар ҳаҷме, ки барои пардохт намудани уҳдадориҳои пулӣ, пардохтҳои ҳатмӣ ва барқарорсозии қобилияти пардохтии қарздор
(санатсияи тосудӣ) кифоягӣ мекунад, кумаки молиявӣ расонанд.
Расонидани кумакҳои молиявиро ҳамзамон қабули уҳдадориҳо аз тарафи қарздор ё шахсони дигар ба манфиати шахсони кумаки молиявӣ расонида ҳисобидан мумкин аст.
Гузаронидани санатсияи тосудиро аз ҳисоби буҷети давлатӣ қонун дар бораи буҷети давлатӣ барои соли дахлдор муқаррар менамояд.
Гузаронидани санатсияи тосудиро аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
БОБИ III. БАРРАСИИ ПАРВАНДАҲОИ МУФЛИСШАВӣ ДАР СУД
Моддаи 24. Тартиби баррасии парвандаҳо дар бораи муфлисшавӣ
Парвандаҳо дар бораи муфлисшавии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар судҳо аз руи қоидаҳои пешбининамудаи Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ бо хусусиятҳои
муқаррарнамудаи Қонуни мазкур баррасӣ карда мешаванд (Конун аз
19.05.2009с. №509).
Парванда оид ба муфлисшавӣ аз ҷониби суд метавонад дар ҳолате оғоз карда шавад, ки агар талабот нисбат ба қарздорон – субъектҳои соҳибкории хурду миёна ва дигар шахсони ҳуқуқӣ (ташкилотҳои гайритиҷоратӣ) дар маҷмуъ на камтар аз 500 (панҷсад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва нисбат ба субъектҳои соҳибкории калон 2000 (ду ҳазор) нишондиҳанда барои ҳисобҳоро ташкил намояд (Конун аз 19.05.2009с. №509).
Моддаи 25. Мансубияти идоравӣ ва судии парвандаҳои муфлисшавӣ
Парвандаҳои муфлисшавии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродиро суди иқтисодии (минбаъд – судӣ) маҳалли воқеъгардидаи қарздор – шахси ҳукуқӣ ё маҳалли истиқомати шаҳрванд – соҳибкори инфиродӣ баррасӣ менамояд.
Моддаи 2 6. Ҳуқуқи муроҷиат намудан ба суд
Қарздор, кредитор, прокурор ва дар ҳолатҳое ки ҳамин Қонун пешбинӣ намудааст, шахсони дигар низ ҳуқуқи бо ариза ба суд муроҷиат намудан дар хусуси муфлис эътироф намудани қарздор бо сабаби иҷро накардани уҳдадориҳои пулиро доранд.
Қарздор, прокурор, мақомоти андоз, мақомот оид ба идоракунии амволи давлатӣ ва дигар мақомоти ваколатдор дар хусуси муфлисшавии қарздор бо сабаби иҷро накардани воридоти пардохтҳои ҳатмӣ ҳуқуқи бо ариза ба суд муроҷиат намуданро доранд (Конун аз 19.05.2009с. №509).
Моддаи 2 7. Шахсоне, ки дар баррасии парвандаи муфлисшавӣ иштирок менамоянд
Шахсони зерин дар баррасии парвандаи муфлисшавӣ иштирок менамоянд:
қарздор;
мудир;
кредиторони озмунӣ;
мақомоти андоз ва мақомоти дигари ваколатдор аз руи талабҳо оиди пардохтҳои ҳатмӣ;
прокурор, дар ҳолати бо аризаи у баррасӣ намудани парвандаҳои муфлисшавӣ.
Моддаи 28. Асоси огоз намудани парванда дар бораи муфлисшавӣ
Парванда оид ба муфлисшавӣ дар асоси ариза дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор, ки аз тарафи шахсони дар моддаи 26 Қонуни мазкур номбаршуда пешниҳод гардидаанд, оғоз карда мешавад.
Моддаи 2 9. Якҷоясозии талабҳои кредиторон
Аризаи кредитор мумкин аст ба якҷоясозии қарзҳо аз руи
уҳдадориҳои гуногун асос ёбад.
Кредиторон ҳуқуқ доранд, ки талабҳои худро нисбати қарздор якҷоя намуда, бо як аризаи кредитор ба суд муроҷиат намоянд.Ба чунин ариза кредитороне, ки талабҳои худро якҷоя намудаанд, имзо мегузоранд.
Моддаи 30. Рад кардани қабули ариза оид ба муфлис эътироф намудани қарздор
Агар яке аз шартҳои пешбинигардидаи қисми дуюми моддаи 24 Қонуни мазкур риоя нашуда бошад, суд қабули аризаро оид ба муфлис эътироф намудани қарздор рад мекунад.
Моддаи 31. Чораҳои ҳимоя намудани талабҳои кредиторон
Суд ҳуқуқ дорад дар асоси аризаи шахсоне, ки дар парвандаи муфлисшавӣ иштирок мекунанд, мутобиқи Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ оид ба ҳимояи талабҳои кредиторон чораҳо андешад (Конун аз 19.05.2009с. №509).
Ба гайр аз чораҳое, ки Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ пешбинӣ менамояд, суд метавонад бе розигии мудир амалӣ намудани додугирифтҳоеро, ки қисми дуюми моддаи 44 Қонуни мазкур пешбинӣ накардаст, манъ намояд, қарздорро уҳдадор намояд, ки когазҳои қимматнок, арзишҳои асъорӣ ва амволи дигари қарздорро барои нигоҳ доштан ба шахси сеюм диҳад ва барои таъмини нигоҳдории амволи қарздор чораҳои дигар андешад (Конун аз 19.05.2009с. №509).
Чораҳо оид ба ҳимояи талабҳои кредиторон мутобиқан то замони ҷорӣ намудани идоракунии беруна ва таъини мудири беруна ё то замони қабул шудани ҳалномаи суд дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор ва дар бораи кушодани истеҳсолоти озмунӣ ва таъини мудири озмунӣ ё то замони аз тарафи суд тасдиқ намудани созишномаи мусолиҳа ё то замони аз тарафи суд қабул шудани ҳалнома дар бораи рад намудани муфлис эътироф кардани қарздор амал мекунанд.
Суд ҳуқуқ дорад чораҳои ҳимояи талабҳои кредиторонро то ба миён омадани ҳолатҳое, ки қисми сеюми моддаи мазкур пешбинӣ намудааст, бекор кунад.
Моддаи 32. Изҳори назари қарздор ба ариза дар бораи муфлис
эътироф намудани қарздор
Қарздор дар муҳлати 5 руз аз санаи гирифтани таъинот дар бораи қабули аризаи кредитор, аризаи мақомоти андоз ё мақомоти дигари ваколатдор дар хусуси муфлис эътироф намудани қарздор ё аризаи
прокурор дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор уҳдадор аст, ки ба суд, аризадиҳанда ва шахсони дигари дар парвандаи муфлисшавӣ
иштироккунанда доир ба чунин ариза изҳори назарашро фиристад ва
ҳамчунин ҳамаи кредиторонро, ки дар ин ариза номбар нашудаанд, дар бораи нисбати вай оғоз гардидани парвандаи муфлисшавӣ огоҳ намояд. Ба изҳори назари қарздор, ки ба суд фиристода мешавад, бояд далелҳои исботӣ дар бораи аз тарафи қарздор ба аризадиҳанда ва шахсони дигари дар парвандаи муфлисшавӣ иштироккунанда фиристода шудани нусхаҳои изҳори назар илова карда шаванд.
Ба ғайр аз маълумотҳое, ки дар Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ пешбинӣ шудаанд, дар изҳори назари қарздор маълумотҳои зерин нишон дода мешаванд (Конун аз 19.05.2009с. №509):
эътирози қарздор ба талабҳои аризадиҳанда;
маблағи умумии қарзи қарздор оид ба уҳдадориҳо дар назди кредиторон, музди меҳнати кормандони қарздор ва пардохтҳои ҳатмӣ;
маълумот дар бораи амволи мавҷудбудаи қарздор, аз ҷумла маблағҳои пулие, ки дар суратҳисобҳои бонкӣ ва ташкилотҳои дигари кредитӣ дорад, рақами суратҳисобҳои номбаршудаи бонкӣ, ташкилотҳои дигари кредитӣ ва
суроғаи почтавии бонку ташкилотҳои кредитӣ;
далелҳои қонеъ карда тавонистани талабҳои аризадиҳанда дар ҳолате, ки қарздор онҳоро эътироф намояд.
– руйхати кредиторон ва қарздорон бо муайянсозии қарзҳои кредиторӣ ва дебиторӣ, бо нишон додани суроғаи кредиторон ва қарздорон (Конун аз 19.05.2009с. №509).
Набудани изҳори назари қарздор набояд барои баррасии парвандаи муфлисшавӣ монеъ шавад.
Дар ин ҳолат суд ба мудир супориш медиҳад, ки ҳамаи кредиторонро муқаррар намуда, дар бораи оғоз намудани парвандаи муфлисшавӣ ба онҳо аз ҳисоби қарздор огоҳинома фиристад.
Моддаи 33. Ҳалнома дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ
Ҳалномаи суд дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ дар ҳолатҳои муқаррар гардидани аломатҳои муфлисшавии қарздор, ки моддаи 5 Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст ва инчунин набудани асос барои ҷорӣ намудани идоракунии беруна қабул карда мешавад.
Дар ҳалномаи суд оид ба муфлис эътироф намудани қарздор – шахси ҳуқуқӣ ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ бояд чунин нишондодҳо бошанд: дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор; дар бораи кушодани истеҳсолоти озмунӣ; дар бораи таъини мудири озмунӣ.
Дар ҳалномаи суд оид ба муфлис эътироф намудани қарздор – соҳибкори инфиродӣ дар бораи беъэтибор шудани бақайдгирии давлатии қарздор ба сифати соҳибкори инфиродӣ зикр карда мешавад.
Ҳалномаи суд дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ бояд фавран иҷро гардад, агар суд тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.
Моддаи 34. Аз тарафи суд нашр намудани хабари муфлис эътироф
гардидани қарздор
Хабари муфлис эътироф гардидани қарздор аз тарафи суде, ки дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор ва оиди кушодани истеҳсолоти озмунӣ ҳалнома қабул кардааст, дар воситаҳои ахбори умум аз ҳисоби қарздор ва дар сурати набудани маблагҳои қарздор аз ҳисоби кредиторе, ки бо ариза оид ба муфлис эътироф намудани қарздор муроҷиат кардааст, нашр карда мешавад.
Хабари бекор кардани ҳалномаи суд дар бораи муфлис эътироф
намудани қарздор низ ба ҳамин тартиб бояд нашр карда шавад.
Моддаи 35. Ҳалномаи суд дар бораи рад кардани муфлис эътироф
намудани қарздор
Ҳалномаи суд дар бораи рад кардани муфлис эътироф намудани қарздор дар ҳолатҳои зерин қабул карда мешавад:
набудани аломатҳои муфлисшавӣ, ки дар моддаи 5 Қонуни мазкур
пешбинӣ шудаанд;
қонеъ гардидани талабҳои арзшудаи кредиторон то вақти аз тарафи суд қабул намудани ҳалнома дар бораи парвандаи муфлисшавӣ; муқаррар гардидани муфлисшавии сохта ва барқасд;
дар ҳолатҳои дигаре, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст.
Агар далелҳои маълуме бошанд, ки онҳо оиди дар ихтиёри қарздор мавҷуд будани моликияти бозоргир шаҳодат диҳанд, суд ҳуқуқ дорад бо илтимосномаи қарздор баррасии парвандаи муфлисшавиро мавқуф гузошта, ба қарздор пешниҳод намояд, ки дар муҳлати муқаррарнамудаи суд талабҳои кредиторонро қонеъ гардонад.
Моддаи 36. Оқибати қабулшавии ҳалномаи суд дар бораи радкунӣ оид ба муфлис эътироф намудани қарздор
Аз тарафи суд қабул шудани ҳалнома дар бораи радкунӣ оид ба муфлис эътироф намудани қарздор барои қатъ шудани амали ҳолатҳое, ки бар асари қабули ариза дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор пеш омада буданд ва (ё) ҷорӣ намудани мушоҳида асос мешавад.
Моддаи 37. Асосҳои қатъ намудани парвандаи муфлисшавӣ
Суд парвандаи муфлисшавиро дар ҳолатҳои зерин қатъ менамояд:
барқарор шудани қобилияти маблаггузаронии қарздор дар ҷараёни идоракунии беруна;
бастани созишномаи мусолиҳа.
Моддаи 38. Тақсими хароҷоти судӣ ва хароҷоти пардохти подоши
мудир
Тамоми хароҷоти судӣ, аз ҷумла хароҷоти боҷи давлатӣ, ки муҳлати пардохташон дароз ё кутоҳ карда шуда буданд ва ҳамчунин хароҷоти пардохти подоши мудир ба амволи қарздор мансубият дошта, аз ҳисоби ин амвол бе навбат руёнда мешавад.
Бо созишномаи мусолиҳа тартиби дигари тақсими хароҷоти мазкурро пешбинӣ намудан мумкин аст.
Дар ҳолати аз тарафи суд бинобар набудани аломатҳои муфлисшавӣ қабул гардидани ҳалнома дар бораи рад кардани муфлис эътироф намудани қарздор хароҷоти дар қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда ба лаҳзаи огоз намудани парвандаи муфлисшавӣ ба кредиторони ба суд бо аризаи кредитор муроҷиаткарда мансубият дошта, дар байни онҳо мутаносибан аз руи талабҳояшон тақсим карда мешавад.
Тартиби тақсими хароҷоти судӣ ва хароҷоти пардохти подоши мудир дар ҳалномаи суд ё таъиноти судӣ, ки аз руи натиҷаи баррасии парвандаи муфлисшавӣ қабул шудааст, муайян карда мешавад.
БОБИ IV. МУФЛИСШАВИИ СОҲИБКОРИ ИНФИРОДӣ
Моддаи 39. Асосҳои муфлис эътироф намудани соҳибкори инфиродӣ
Асоси муфлис эътироф намудани соҳибкори инфиродӣ надоштани қобилияти қонеъ кардани талабҳои кредиторон оид ба уҳдадориҳои пулӣ ва (ё) иҷрои вазифаҳо оид ба ворид намудани пардохтҳои ҳатмӣ мебошад.
Моддаи 40. Ариза дар бораи муфлис эътироф намудани соҳибкори инфиродӣ
Ариза дар бораи муфлис эътироф намудани соҳибкори инфиродӣ мумкин аст аз ҷониби қарздор – соҳибкори инфиродӣ, кредитор аз руи уҳдадориҳои вобаста ба фаъолияти соҳибкорӣ, мақомоти андоз ва мақомоти дигари ваколатдор аз руи талабҳои пардохтҳои ҳатмӣ, ҳамчунин аз ҷониби прокурор дода шавад.
Ҳангоми татбиқи расмияти муфлисшавии соҳибкори инфиродӣ кредиторони вай аз руи уҳдадориҳое, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ вобаста нестанд, ҳамчунин кредиторон бо талабҳои хусусияти шахсидошта низ ҳуқуқ доранд талабҳои худро пешниҳод намоянд.
Моддаи 41. Оқибатҳои муфлис эътироф намудани соҳибкори инфиродӣ
Аз лаҳзаи аз ҷониби суд қабул гардидани ҳалнома дар бораи муфлис эътироф намудани соҳибкори инфиродӣ ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ, бақайдгирии давлатии вай ба сифати соҳибкори инфиродӣ беэътибор гардида, ҳамчунин иҷозатномаи (литсензияи) ба вай додашуда оиди анҷом додани фаъолияти муайяни соҳибкорӣ бекор дониста мешавад.
Соҳибкори инфиродиро, ки муфлис эътироф гардидааст, дар муҳлати як сол аз лаҳзаи муфлис эътирофшавиаш ба сифати соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифтан мумкин нест.
Суд нусхаи ҳалномаро дар бораи муфлис эътироф намудани соҳибкори инфиродӣ ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ ба мақомоте, ки шаҳрвандро ба сифати соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифтааст, мефиристад.
БОБИ V. МУШОҲИДА
Моддаи 42. Ҷорӣ намудани мушоҳида
Расмиёти мушоҳида барои субъектҳои хурду миёна ва дигар шахсони ҳукуқӣ (ташкилотҳои гайритиҷоратӣ) – ба муҳлати як моҳ ва барои субъектҳои соҳибкории калон ба муҳлати то ду моҳ амалӣ мегардад (Конун аз 19.05.2009с. №509).
Моддаи 43. Оқибатҳои аз тарафи суд баровардани таъинот оиди қабули ариза дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор
Аз лаҳзаи аз ҷониби суд баровар

636
Нет комментариев. Ваш будет первым!