Моҳият ва нақши менеҷменти молиявӣ дар ташкили фаъолияти соҳибкорӣ

Менеҷменти молиявӣ ё худ идорасозии молиёт (financial management) харидан (ба даст овардан), молия кунонидан ва идора сохтани активҳоро ифода менамояд, ки ин амалиётҳо барои ноил гаштан ба мақсади муайян равона шудаанд. Ҳамин тавр, қарорҳои идорасозӣ дар соҳаи менеҷменти молиявӣ ба се шакли амалиётҳо бо активҳо ҷудо мешаванд: инвеститсияҳо, молиякунонӣ ва идора сохтани онҳо.1.1. Моҳият ва мазмуни менеҷменти молиявӣ
1.2. Мақсадҳои фаъолияти ширкатҳо аз назари менеҷменти молиявӣ
1.3. Мақом ва нақши менеҷменти молиявӣ дар фаъолияти компания

1.1. Моҳият ва мазмуни менеҷменти молиявӣ

Менеҷменти молиявӣ ё худ идорасозии молиёт (financial management) харидан (ба даст овардан), молия кунонидан ва идора сохтани активҳоро ифода менамояд, ки ин амалиётҳо барои ноил гаштан ба мақсади муайян равона шудаанд. Ҳамин тавр, қарорҳои идорасозӣ дар соҳаи менеҷменти молиявӣ ба се шакли амалиётҳо бо активҳо ҷудо мешаванд: инвеститсияҳо, молиякунонӣ ва идора сохтани онҳо.

Менеҷменти молиявӣ (financial management)
Қарорҳои идорасозӣ оиди ба даст овардан (харид), молия кунонидан ва идора сохтани активҳо, ки барои ноил гаштан ба мақсади муайян равона шудаанд.

Қарорҳои инвеститсионӣ. Қарорҳои инвеститсионӣ (investment decision) аз нуқтаи назари ташкил ва афзоиши арзиши компания, дар байни се соҳаи қабули қарорҳо муҳимтарин ҳисоб меёбанд. Қабули қарорҳои инвеститсионӣ аз муайян намудани бузургии умумии активҳо, ки барои фаъолияти ширкати мазкур зарур аст оғоз меёбад. Барои ошно гаштан бо ин мафҳум лаҳзае тавозуни ширкатро пеши назар меорем. Қисми рости он ӯҳдадориҳо ва сармояи худии ширкатро инъикос менамояд, қисми чапаш бошад, активҳои ширкатро нишон медиҳад. Менеҷери молиявӣ бояд бузургии умумии активҳоро (яъне ҳаҷми онҳоро) танзим намояд. Ҳатто ҳангоме, ки ин нишондиҳанда маълум аст, оиди таркиби мушаххаси активҳо бояд қарори дахлдор қабул карда шавад. Масалан, кадом қисмати активҳо бояд аз воситаҳои пулӣ иборат бошанд ва кадом қисмашон аз захираҳои молию моддӣ. Ғайр аз ин, паҳлӯи дигари инвеститсияҳо низ бояд ба назар гирифта шавад – яъне, бозпас гирифтани маблағҳои ба активҳо гузошташуда. Активҳое, ки аз нуқтаи назари иктисодӣ мавҷудияташон фоидаовар нестанд, мумкин аст ихтисор гарданд, барҳам дода шаванд ё ба активи дигар иваз карда шаванд.
Қарорҳо оиди молиякунонӣ. Шакли дигари қарорҳои муҳиме, ки роҳбарият бояд қабул намояд, қарорҳо оиди молиякунонии фаъолият мебошанд (financing decision). Дар ин ҷо ба менеҷери молиявӣ зарур аст, ки ҷиҳати сохтори қисмати рости тавозун андеша ронад. Усулҳои бо воситаҳои молиявӣ таъмин намудани фаъолияти ширкатҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт аз ҳамдигар хеле фарқ мекунанд. Барои баъзе компанияҳо молиякунонӣ аз ҳисоби васоити қарзӣ хосанд, дар баъзе соҳаҳо бошад, ин гуна таъминот қариб ки вуҷуд надорад. Магар усули молиякунонӣ ягон аҳамияте дорад? Агар дошта бошад, пас барои чӣ? Ва оё ягон таносуби усулҳои гуногуни молиякунониро варианти оптималӣ шуморидан мумкин аст?
Ғайр аз ин сиёсати пардохти дивидендҳо бояд чун қисми ногусастании қарорҳои роҳбарият оиди молиякунонии фаъолияти ширкат ба назар гирифта шавад. Коэффитсиенти пардохти дивидендҳо (таносуби фоизии дивидендҳо нисбати фоидаи ширкат) муайян мекунад, ки кадом қисми фоида дар ихтиёри ширкат мемонад. Чӣ қадаре, ки ҳиссаи зиёди фоида дар ихтиёри ширкат боқӣ монад, мувофиқан қисми ками он барои пардохти дивидендҳо равона карда мешавад. Бинобар ҳамин, менеҷери молиявӣ бояд таносуби оптималиро байни қисми фоидае, ки барои пардохти дивидендҳои саҳмдорони ширкат ҷудо мегардад, ва он қисмати фоида, ки дар ихтиёри ширкат баҳри молиякунонии фаъолият боқӣ мемонад, таъмин карда тавонад.
Баъди интихоби сарчашмаҳо ва сохтори молиякунӣ, роҳбари молиявии ширкат (менеҷери молиявӣ) бояд оиди варианти беҳтарини ҷалби воситаҳои зарурии молиявӣ тадбир андешад. Барои ба ин мақсад ноил гаштан ӯро зарур аст, ки равандҳои гирифтани қарзҳои кӯтоҳмуддат, бастани шартномаи иҷораи дарозмӯҳлат ва бурдани гуфтугузорҳоро оиди фурӯши облигатсияҳо (вомбаргҳо) ё саҳмияҳои ширкат ба таври амиқ дарк карда тавонад.
қарорҳо оиди идорасозии активҳо. қарори сеюми муҳиме, ки бояд роҳбарияти ширкат қабул намояд, ба идорасозии активҳо дахл дорад (asset management decision). Баъди он, ки активҳо харида мешаванд ва молиякунонии фаъолият ба тариқи бояду шояд ба роҳ монда мешавад, зарур аст, ки ҷиҳати ба таври самаранок идора сохтани онҳо тадбир андешида шавад. Активҳои гуногун аз менеҷери молиёт дараҷаи гуногуни масъулиятро талаб менамоянд. Масалан, ў бояд ба идорасозии воситаҳои гардон назар ба воситаҳои асосӣ диққати бештаре диҳад. ҳиссаи асосии масъулият оиди идорасозии воситаҳои гардон дар дўши роҳбарони қисмҳои истеҳсолии ширкат аст, ки маҳз онҳо истифодабарандагони бевоситаи васоити гардон мебошанд.

1.2. Мақсадҳои фаъолияти ширкатҳо аз назари менеҷменти молиявӣ

Оиди самаранокии ин ё он қарори соҳаи менеҷменти молиявӣ танҳо хамон вақт сухан рондан мумкин аст, ки агар мақсади аниқ муайян шуда бошад, ки барои ноил гаштан ба он, қарори номбурда хизмат мерасонад. Бинобар ҳамин стандартҳои мушаххасе лозиманд, ки барои баҳо додани дараҷаи самаранокии қарорҳои молиявӣ имкон диҳанд. Сарфи назар аз он, ки ширкат метавонад дар фаъолияти худ мақсадҳои зиёдеро ба назар гирад, мо аз он бармеоем, ки мақсади асосӣ ва ягонаи ширкат – ин беҳтар намудани вазъи молиявии соҳибонаш аст.
Саҳмияҳои оддие, ки аксионер дар ихтиёр дорад, аз он шаҳодат медиҳанд, ки ӯ ҳиссаи муайяни сармояи ширкатро соҳибӣ мекунад. Боигарии аксионерон дар ин ҳолат тибқи нархи бозории саҳмияҳои оддии ширкат муайян карда мешаванд. Танҳо нархи бозории саҳмияҳо то чӣ андоза самаранок будани қарорҳои молиявиро оиди инвеститсияҳо, молиякунонӣ ва идорасозии активҳо нишон медиҳад. Мақсади асосии назарияи мазкур дар он аст, ки дар бораи муваффақияти ҳар як қарори роҳбарияти ширкат танҳо дар асоси таъсири ин қарор ба қурби саҳмияҳои он хулоса баровардан мумкин аст.
ТАШКИЛ ВА АФЗОИШИ АРЗИШИ КОМПАНИЯ. Афзудани фоида (profit maximization) одатан ҳамчун мақсади ниҳоии ширкат арзёбӣ мегардад. Аммо дар асоси ин назария менеҷери молиявӣ метавонад афзудани фоидаи ширкатро аз ҳисоби барориши саҳмияҳо ва гузоштани маблағи онҳо ба векселҳои хазинадорӣ нишон диҳад. Барои бисёр ширкатҳо ин амалиёт маънои кам гаштани даромади соҳибони саҳмияҳоро дорад. Яъне коэффитсиенти андозаи фоида ба ҳар як саҳмия паст мешавад (earnings per share – EPS). Вобаста аз ин афзудани нишондиҳандаи EPS одатан ҳамчун шакли беҳтарини баланд бардоштани фоидаи ширкат нишон дода мешавад. Аммо афзоиши нишондиҳандаи EPS-ро мақсади ниҳоии фаъолияти ширкат шуморидан ғалат мешавад, зеро ин нишондиҳанда на давраи ноил гаштан ба мақсади мазкур ва на давомнокии ба даст овардани фоидаро нишон дода наметавонад.

Афзудани фоида (profit maximization)
Афзудани нишондиҳандаи фоида пас аз андозбандӣ (earnings after taxes – EAT).
Андозаи фоида ба ҳар як саҳмия (earnings per share – EPS)
Нисбати фоида пас аз андозбандӣ (EAT) ба миқдори саҳмияҳои оддии ба муомилот баровардашудаи ширкат.

Оё лоиҳаи инвеститсиониеро, ки баъди 5 сол ба мо дар ҳаҷми $100 000 фоида меорад самаранок шуморидан лозим аст, ё ки лоиҳаеро ки дар давоми 5 соли оянда $15 000 фоидаи солонаро таъмин менамояд? ҷавоб ба ин савол аз арзиши пулҳо дар фосилаи вақт барои инвесторон ва ширкат вобастагӣ дорад. Вобаста аз ин ҳангоми таҳлили болоӣ бояд арзиши вақтии нишондиҳандаи фоида ба назар гирифта шавад.
Боз як норасогии мақсади афзудани фоида ба ҳар як саҳмия дар он аст, ки омили хавф дар ин ҷо ба назар гирифта нашудааст. Масалан ду компания бузургии якхелаи EPS-ро дороанд, аммо агар фаъолияти якеи онҳо бо хавфи бештар назар ба ширкати дуввум вобаста бошад, пас нархи бозории саҳмияҳои ширкати якум тадриҷан паст мешавад.
ғайр аз ин мақсади гузошташуда (афзудани EPS) таъсири сиёсати дивидендиро ба нархи бозории саҳмияҳо сарфи назар кардааст. Агар мақсади ягонаи ширкат афзудани нишондиҳандаи EPS мебуд, пас чунин ширкат мебоист боре ҳам ба аксионерон дивиденд намедод. Ин гуна ширкат метавонист фоидаи ба даст омадаро мувофиқи нишондиҳандаҳои гуногуни фоиданокӣ такроран сармоягузорӣ кардан гирад ва бо ҳамин восита нишондиҳандаи EPS-ро афзояд. Бо назардошти гуфтаҳои боло ва аз он сабаб, ки пардохти дивидендҳо метавонад ба арзиши саҳмияҳо таъсир расонад, мақсади гузоштаи мо – афзудани нишондиҳандаи EPS мақсади ягона ва ниҳоӣ шуда наметавонад.
Бо сабабҳои дар боло номбаргашта мақсади афзудани фоида ба ҳар як саҳмия бо афзудани нархи бозории саҳмияҳо як мафхум нестанд. қурби бозории саҳмияи ширкат ифодаи афкори ҳамаи иштирокдорони бозор оиди арзиши он аст. Ин нишондиҳанда қиммати ҷорӣ ва пешбинишавандаи EPS; давра ва фосилаи гирифтани фоида; хавфнокии амалиётҳои компания; сиёсати пардохти дивидендҳоро бояд ба назар гирад. Инчунин дигар омилҳое, ки ба қурби бозории саҳмия таъсир мерасонанд бояд ҳисоб карда шаванд. ҳамин тариқ, дар шароити ривоҷ ёфтани муносибатҳои бозорӣ, ва дар ин замина инкишоф ёфтани робитаи ширкатҳо бо бозорҳои молиявӣ, қурби саҳмия нақши нишондиҳандаи самаранокии фаъолияти компанияро иҷро менамояд.

1.67K
Нет комментариев. Ваш будет первым!