Бо ибораи дигар, тадқиқотҳои маркетинги ин гункуни, кор карда баромадан ва таҳлили маълумотхо бо мақсади кам гардонидани номуайянихо дар вакти кабули карорхои маркетинги мебошад.
Зарурияти гузаронидани тадқиқотҳои маркетинги бо вазифахои мушаххаси он алокаманд мебошад:
- кор карда баромадани карори стратеги оиди тарракиёти ширкат ва васеъ гардонидани доираи фаъолияти он;
- ошкор сохтани имкониятҳо барои ишгол кардани мавкеи ракиби дар бозор;
- равона сохтани истехсолот ба истехсоли он молу махсулоте, ки фуруши бомуваффакият доранд;
Тадқиқотҳои маркетинги ин чараёни доими ва мунтазам амалкунанда мебошад. Мувофики натичахои тадкикотхо андозаи талаботи чори ва оянда ба моли ширкат муайян карда мешавад. Инчунин пешгуии тамоюли тарракиёти ширкат ва сохахои фаъолияти он омода карда мешавад. Тадқиқоти маркетингӣ – ин ҷамъоварии ахборот ба таври системавӣ оиди бозор, таҳлили он ва натиҷагирю пешниҳоди хулосаҳо мебошад.
Муайян аст, ки дар шароити муосир ҳақиқати асосии камбудии фаъолият ин норасоии ахбороти дурусту тадқиқшуда оиди қабули қарорҳои мақбули идоракунӣ ба шумор меравад. Вобаста ба ин фирмаҳои ватанӣ доимо дар ҳолати ноустуворӣ қарор доранд, ки аз ин калобишҳои доимӣ ва мавҷуд будани ахбороти зиёди куҳнашуда, наметавонанд қарорҳои лозимаро оиди дурнамои фаъолияти фирма қабул намоянд.