Баҳисобгирии амалиёти хазинавӣ дар ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон»
Мувофиқи қонун оиди фаолияти бонкӣ баҳисобгирии воситаҳои пулӣ, васиқаҳо, ҳуҷҷатҳои ҳисоббаробаркунӣ яке аз амалиётҳои асосии корхонаҳои бонкӣ ба ҳисоб рафта он аз тарафи бонкҳое, ки оиди ин амалиётҳо рухсатномаи махсус доранд, ба амал бароварда мешавад. Амалиёти хазина яке аз амалиёти махсус ба ҳисоб рафта аз корхонаҳои бонкӣ масъулияти махсусро талаб мекунад.
Дар ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» барои ба қайд гирифтани амалиётҳои хазинавӣ ҳисобҳои зерин истифода бурда мешаванд, ки ин ҳисобҳо ҳисобҳои активӣ мебошанд.
10000 – Актив
10100 – Маблағи нақдӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои хазинавӣ
10101 – Маблағи нақди хазина — бо асъори миллӣ
10103 — Маблағи нақди дар банкамадҳобуда — бо асъори миллӣ
10105 — Маблағи нақди хазина — бо асъори хориҷӣ
ва ғайраҳо.
Мисол: 20 январи соли 2007 ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» аз мизоҷи худ 10,0 ҳаз. сомонӣ барои интиқол ба бонки «Агроинвестбонк» гирифт. Дар шӯбаи амалиётӣ ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» чунин навишти дутарафа ба амал меояд:
1. Дт – 10101 – Нақдинаи хазина – асъори миллӣ
Кт – 20202 –Суратҳисоби мизоҷ
2. Кт – 20202 –Суратҳисоби мизоҷ
Кт – 10301- Барои гирифтан аз ҳисоби мукотибавии тар БМТ
мавҷудбуда — бо асъори миллӣ
Шуъбаи хазинадорӣ, ки яке аз қисматҳои асосии корхонаи бонкӣ ба ҳисоб меравад, бе фаолияти маблағҳои пулие, ки дар дасти шахсони ҳуқуқивву воқеӣ вуҷуд дорад фаолият карда наметавонад. Субъекти хоҷагидорӣ ҳангоми дар хазинаи худ доштани воситаҳои пулии нақд метавонад онро ба кадом самте, ки барои он фоидаовар аст, сарф кунад. Воситаҳои пулӣ яке аз воситаҳое мебошанд, ки маблағи он дар қисми якуми тавозуни бухгалтерӣ, ҳамчунин активҳои корхона ба инобат гирифта мешаванд.
Ҳангоми фаолият намудан дар соҳаи бонк бояд хусусиятҳои хоси амалиётҳои хазинаро, ки аз инҳо иборатан ба назар гирифт:
1.Хазинаи бонк дар бинои махсус ҷойгир шуда бошад. Он бояд ба таҷҳизоти махсуси зарурӣ ҷихозонида шуда бошад.
2.Аз тарафи органҳои роҳбарикунанда барои таьмин намудани воситаҳои пулии нақд. Меьёри муайяни бақияи воситаҳои пулии нақд дар хазина нигоҳ дошта мешавад.
3.Нигохдории воситаҳои пулӣ, қоғазҳои қимматнок, таьминоти мизоҷон бо воситаҳои пулӣ ба души хазинадор, назорат аз болои ин амалиётҳо бошад ба души роҳбари корхона гузошта мешавад.
4.Амалиётҳо оиди гардиши воситаҳои пулӣ чӣ дар хазина ва чӣ дар муҳосибот дар як вақт бурда мешаванд.
Дар баробари ин фаьолияти ҳар як шахси масьул (хазинадор, муҳосиб) дар алоҳидагӣ назорат карда мешаванд. Ҳуҷҷатҳои аввалине, ки дар хазина ба ҳисоб гирифта мешаванд, инҳо мебошанд:
— Приходная касса (ордери даромади хазина)
-Расходная касса (ордери хароҷоти хазина)
-Вечерная касса (хазинаи шабона)
— хазинаи аз нав шумории пул
-китоби баҳисобгирии нақдинаи хазина
Дар бонк ҳама ҳуҷҷатҳои аввалин оиди воситаҳои пулӣ дар хазина дар барномаҳои компютерӣ ҷойгир кунонида шуда, ҳар як варақаҳои он ҳарӯза аз чоп бароварда шуда, дар шакли китоб ҷамъ оварда мешаванд.