Баҳисобгирии воситаҳои асосӣ

Пеш аз он ки бобати чӣ тавр ба ҳисоб гирифтани воситаҳои асосӣ дар бонк сухан кунем, моро мебояд каме моҳияти воситаҳои асосиро шарҳ диҳем.

Воситаҳои асосӣ — яке аз омилҳои муҳимтарини истеҳсолот мебошанд. Онҳо дар раванди хизматрасонӣ муддати дароз хизмат мерасонанд ва арзиши худро қисм ба қисм ба арзиши аслии маҳсулот мекучонанд. Раванди кучонидани арзиши аслии воситаҳои асосӣ ба арзиши аслии маҳсулот, кор ва хизматҳо амортизатсия ном дорад. Дар бонк барои баҳисобгирии воситаҳои асосӣ ҳисоби активии 15900 «Воситаҳои асосӣ» истифода бурда мешавад, ки ин ҳисоб дар навбати худ аз зерҳисобҳо иборат аст, ба монандӣ:

15901 – Замин

15905 – Бино дар ҷараёни сохтмон

15909 – Бино

15911 – хурдашавии ҷамъшудаи бино, ва ғайраҳо.

Арзиши боқимондаи воситаҳои асосӣ бо роҳи аз арзиши аввала хурдашавиро тарҳ кардан муайян карда мешавад.

Мувофиқи моддаи 153- и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон воситаҳои асосӣ ба 5 гурӯҳ ҷудо мешаванд:

1.Оргтехника

2.Таҷҳизот ва техника

3.Воситаҳои қувватдиҳанда

4.Дигар воситаҳои асосӣ

Мисол: барои бадастории воситаҳои асосӣ (бино) бо пули нақд чунин навиштаҷоти бухгалтерӣ ба ҷо оварда мешавад:

Дт – 15909 –Бино

Кт – 10101 – Маблағи нақди хазина – бо арзи миллӣ

Дар шуъбаи муҳосиботи ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» барои ҳар як намуди воситаҳои асосӣ китоби алоҳида кушода шуда ҳисоботи онҳо бурда мешавад.

829
Нет комментариев. Ваш будет первым!