Баҳисобгирии амонатҳо (депозит)

Хусусияти хоси муассисаи бонкӣ аз он иборат аст, ки ҳамчун як корхонаи тиҷоратӣ, қисми асосии захираҳои қарзии вай аз ҳисоби маблағҳои ҷалбшуда ташкил мешаванд.

Он воситаҳои пулие, ки бонкҳо ҷалб менамоянд таркиби ҳархела доранд. Шакли асосии онҳо амонатҳои субъектҳои хоҷагидорианд, ки дар натиҷаи ба шахсони ҳуқуқӣ хизмат расонидан ба вуҷуд меоянд.

Амонат – воситаҳои пули аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар бонкҳо гузошташуда мебошанд, ки аз ҳисоб бо аввалин талаби амонатгузор ё гузаштани муҳлат, бе фоиз ё бо фоиз гирифта шуда ва ё бо воситаи чек ё супоришномаи пулӣ ба ҷониби сеюм пардохт шуда метавонад.

Амонат муносибати иқтисодиест, ки муштарӣ пули худашро ба бонк барои истифодаи муввақатӣ медиҳад.

Бонк аз рӯи амонатҳои қабулкардааш фоиз дода, онҳоро дар навбати худ барои додани қарз истифода мекунад, бинобар ин амонат ҳам барои муштарӣ ва ҳам барои бонк муфид аст. Фарқ байни фоизе, ки бонк аз қарзи додааш мегирад ва фоизе, ки ба муштарӣ аз рӯи он медиҳад, даромади бонкро ташкил медиҳад. Ҳисобҳои амонати мувофиқи хусусият ба якчанд хел ҷудо мешаванд.

Аз рӯи меъёр ва хусусият ҳисобҳои амонатӣ тақсим мешаванд ба:

— ҳисобҳои амонатии шахсони ҳуқуқӣ;

— ҳисобҳои амонатии шахсони воқеӣ;

Аз рӯи шакли пас гирифтанашон тақсим мешаванд ба:

-дархостшаванда;

— пасандозӣ;

— муҳлатдор;

Меъёри фоизе ки бонк аз рӯи пасандозҳо медиҳад ба ҳаҷми маблағи пасандоз ва муҳлати он вобастагӣ дорад, яъне агар маблағ ва муҳлати пасандоз зиёд бошад, бонк фоизи зиёдтар медиҳад ва баракс.

Дар ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» шаклҳои зерини пасандозҳо вуҷуд дорад, ки аз якдигар бо ҳар гуна хусусиятҳояшон фарқ мекунанд.

ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» ба мизоҷон барномаи нави амонатиро ба шартҳои беҳтару хубтар пешниҳод менамояд. Ба воситаи ин намуди хизматрасонии бонк шахсон метавонанд маблағҳои хешро зиёд намуда, ояндаи неки наздикони худро таъмин намоянд. Амонатҳои ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» барои ҳама табақаҳои аҳолӣ пешбинӣ шудаанд:

Амонати «Тоҷи зарин»

Амонати «Пайванд»

Амонати «Трицадка»

Амонати «Изат»

Амонати «Баракат»

Амонати «Осоиш»

Ногӯфта намонад, ки таиноти амонатҳо аз якдигар фарқ мекунанд. Барои ба қайд гирифтани амонат дар ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» лозим аст, ки чунин корҳоро ба сомон расонд.

— ариза барои кушодани амонат;

— ба шартҳои шартнома шинос шуда онро имзо намудан лозим аст, маблағро тибқи ордери хазинавӣ ба хазина супоридан лозим;

— гирифтани ҷадвали ҳисобкунии фоизҳо.

Амалиёти амонатӣ барои бонк пассивӣ буда дар ҳисоби пассивии 20200 «амонатҳо» бурда мешавад.

381
Нет комментариев. Ваш будет первым!