Фаолияти шуъбаи қарздиҳӣ (кредити)
ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» номгӯи васеи хизматрасонии бонкиро пешниҳод мекунад. Бонк барои рушд ва дастгирии соҳибкорони хурду миёна қарз дода, ба ин васила дар рушди иқтисоди миллӣ саҳмгузорӣ менамояд.
Бо истифода аз хизматрасонии бонк шахсон метавонанд:
— таҷҳизоти нави замонавӣ ва дигар воситаҳои асосиро дастрас намоянд;
— ҳаҷми маҳсулоти дар гардишбударо афзоиш диҳанд;
— раванди нави фаолияти соҳибкориро рушд бахшанд.
ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» кушиш дорад вобаста ба хоҳишу талаботи мизоҷон қарз пешниҳод намояд.
Қарзҳои бонкӣ ба шахсони ҳуқуқӣ, воқеӣ ва дигар корхонаву муассисаҳо пешниҳод шуда чунин намудҳоро дорад:
Қарзҳои кутоҳмуддат – то 1 сол;
Қарзҳои дарозмуҳлат – аз 1 сол зиёд.
Қарзҳои бонк ба намудҳои зерин дода мешаванд:
oҚарзи тиҷоратӣ
oҚарзи истеъмолӣ
oОвердрафт
oДигар намуди қарзҳо
Қарзи тиҷоратӣ – барои шахсони ҳуқуқи ва воқеӣ, ба ҳар гуна соҳаҳои ҷумҳурӣ дода мешавад.
Қарзи истеъмолӣ — ба шахсони воқеи барои хариди ашёҳои қиматбаҳои истифодаи худдӣ дода мешавад. Қарзи истеъмолӣ танҳо дар асоси кутоҳмуҳлат дода мешавад.
Албатта қарз ба шахсон бар асоси пешниҳоди гарав (залог) дода мешавад. Гарав бояд аз қарз арзиши боло дошта бошад.
Додани қарзҳо
Ҷиҳати иҷроиши супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» додани қарзро ба соҳаи кишоварзӣ вусъат бахшид. Дар ин самт диққати асосӣ ба бахши пахтакорӣ, нигаронида шудааст. Бо ин мақсад ду гурӯҳи корӣ созмон дода шудааст. Сокинони ноҳияҳои Бохтар, Вахш, Ҷомӣ, Ёвон, Ҷиликул, Панҷ, Сарбанди вилояти Хатлон ва ноҳияи Рӯдакӣ имкони гирифтани маслиҳатро бобати дастрасии қарз аз мутахассисони бонк доранд. Аз 14.07.2008 то ин замон бо хоҷагиҳои пахтакор ба андозаи 5,4 миллион сомонӣ шартномаҳо баста шудааст.