Таркиб ва сохтори тавозуни бонк

Тавозун гурӯҳбандии манбаҳо, воситаҳои асосии корхона ва натиҷаҳои фаолияти молиявии он дар шакли пулӣ ва дар як вақти муайян мебошад.

Бонк ягона муассисае мебошад, ки кори ҳаррӯзаашро тавозун тартиб медиҳад.

Намудҳои баланс:

> Тавозуни ҳаррӯза

> Тавозуни даҳрӯза

> Тавозуни моҳона

> Тавозуни семоҳа

> Тавозуни шашмоҳа

> Тавозуни солона

Тавозун бо чунин намуд тартиб дода мешавад:

Бақия дар соли ҳисоботӣ

Рақами ҳисобҳои баланс

А

П

Маълумоти мухтасар дар бораи нақшаи ҳисобҳои бонк, ки аз рӯи онҳо тавозун тартиб медиҳанд:

I.Активҳо 10000

II.Пассивҳо 20000

III.Сармоя 30000

IV.Даромад 40000

V.Хароҷот 50000

Ҳамаи амалиётҳои бонк ба 4 гурӯҳ ҷудо мешаванд:

Гурӯҳи 1. Амалиёт бо ҳисобҳои активӣ:

Вақте ки бақияи як ҳисоби активӣ зиёд шуд баробари ин бақияи ҳисоби активии дигар кам мешавад. Мисол: Бонк аз ҳисоби хазинаи худ воситаҳои пардохтиашро дар БМТ зиёд мекунад: навишти дутарафаи ҳисоби муросилотиаш дар бонк. Навиштаҷот:

Дт – 10301 ҳисоби муросилотӣ (зиёдшавӣ)

Кт- 10101 нақдинаи хазина (камшавӣ)

Гурӯҳи 2. Амалиёт бо ҳисобҳои пассивӣ:

Вақте ки бақияи як ҳисоби пассивӣ зиёд шавад баробари ин бақияи дигар ҳисоби пассивӣ кам мешавад. Мисол: Мизоҷ аз ҳисоби депозитии худ асъори хориҷи харид:

Дт – 20202 Ҳисоби амонати дархостӣ — бо асъори миллӣ (камшавӣ)

Кт — 20206 Ҳисоби амонати дархостӣ — бо асъори хориҷӣ (зиёдшавӣ)

Гурӯҳи 3. Амалиёт бо ҳисобҳои пассивию активӣ:

Яквақта бақияи ҳарду ҳисобҳо зиёд мешавад: Мисол: Мизоҷ ба хазинаи бонк пули нақд гузошт:

Дт – 10101 Маблағи нақди хазина – (ҳисоби активӣ зиёд шуд)

Кт — 20202 Амонатҳо – (ҳисоби пассивӣ зиёд шуд)

Гурӯҳи 4. Амалиёт бо ҳисобҳои активию пассивӣ:

Дар ин ҳолат бақияи ҳарду ҳисобҳо камшавиро нишон медиҳад:

Мисол: Мизоҷ ба хазинаи бонк пули нақд гирифт:

Дт — 20202 Амонатҳо – (ҳисоби пассивӣ кам шуд)

Кт – 10101 Маблағи нақди хазина – (ҳисоби активӣ кам шуд)

524
Нет комментариев. Ваш будет первым!