​Технология: тасниф ва тамоили таракиёти он

Технология ва чараёни технологй ба катори мафхумхои асосии менечменти навоварихо дохил мешаванд.

Технология сохахои гуногуни иктисодиёт, сиёсат ва идоракуниро фаро гирифта, максад, принсипхо ва халли вазифахои чамъият, минтакахои алохида ва умуман тамаддунро мушаххас мегардонад.

Мафхуми «технология» аз калимаи юнонй («технос») гирифта шуда, маънои санъат, малака, махорат, мантик ва умуман мачмуи тарзу воситахои коркарди мухити гуногунро дорад.

Нуктаи назари умумй ба предмети тадкикоти технология ба васеъ шудани намудхои мухити коркард мусоидат намуд. Дар натича ба мухити коркард на танхо захирахои моддй (маъдан, махсулоти кимиёвй, махсулоти растанй, ашёи минералй, махсулоти коркарди истехсолоти хочагии кишлок), балки захирахои гайримоддй (иттилоот, лоихахои илмй, санъат, конунгузорй, идоракунй, хадамоти молиявию бимавй ва г.) низ дохил шуданд.

Вазифаи технология аз муайян намудани конуниятхои гуногуни (чисмонй, кимиёвй, механикй, тичоратй, ичтимой, экологй ва г.) аз як намуд ба намуди дигар тагйир додани мухити коркардшаванда бо максади истифодаи васеи он дар тачрибаи чараёнхои самараноки истехсолй иборат мебошад. Ифода кардани тамоили онхо имконият медихад, ки тараккиёти технология ва истехсолот пешгуй карда шавад.

Аксар вакт амалиёти истихроч, коркард, боркашонй, нигахдорй, андухт, фуруш ва гайраро низ технология меноманд.

Дар натичаи амалй намудани чараёни технологй, ки аз мачмуи амалиёти технологй иборат аст, тагйирёбии сифатии мухити коркардшаванда, шакли он, аломатхои моддй ва истеъмолии он ба миён меояд.

Аз ин ру, мазмуни нисбатан умумии технология дар менечменти навоварихо — ин мачмуи тарзу воситахои коркарди мухити гуногун аст.

Мафхуми технологияро аксар вакт дар алокамандй бо сохаи мушаххаси истехсолот истифода мебаранд.

Одатан намудхои зерини технологияро фарк мекунанд:

•технологияи сохтмон;

•технологияи кимиё;

•технологияи ба даст овардани махсулоти мушаххас;

•технологиям лоихакашй;

•технологияи ичтимой;

•технологияи коркарди иттилоот;

•технологияи нашри пул;

•технологияи фаъолияти бонкй ва бимавй;

•технологияи идоракунй ва гайра.

Дар хамаи зинахои идоракунии корхонаи мушаххас технология ба намудхои амалй (объективй) ва илмию назариявй (субъективй) кисмат мешавад. Бо технологияи амалй технологияи илмй ва дар навбати худ бо технологияи илмй технологияи назариявй робитаи хеле зич доранд.

3.18K
Нет комментариев. Ваш будет первым!