​Зарурияти омузиши муҳити маркетингии ширкат

Яке аз масъалаҳои муҳим дар назди дилхоҳ ширкат аз нуктаи назари маркетинг ин омӯзиши муҳити маркетингии ширкат ба шумор меравад. Муҳити маркетингии ширкат гуфта маҷмуи омилҳо ва ҳолатҳоеро мефаҳманд, ки ба фаъолияти ширкат новобаста аз мавқеи ҷойгиршавиашон таъсир мерасонанд. Омилҳои муҳити маркетингӣ ба фаъолияти ширкат метавонанд таъсири мусбӣ ва манфӣ расонанд. Омилҳои муҳити маркетингӣ имкон медиҳанд, ки шароити таъсиррасонии ин омилҳо муайян карда шаванд ва дар натиҷа сади роҳи омилҳое, ки таъсири манфӣ мерасонанд гирифта шуда, ба омилҳои таъсири мусбӣ дошта шароитҳои мусоид фароҳам оварда шавад. Дар ҳолате, ки ширкат ба омилҳои муҳити маркетингӣ таъсир расонида метавонад, кушиш менамояд фаъолияти ширкатро ба таъсиррасонии ин омилҳо муайян намояд.

Чӣ тавре, ки шукуфтани дарахт ғайр аз решаю шохаҳояш боз ба таркиби хок, таъминот бо об, боду ҳавои мусоид вобастагӣ дорад, ҳамин тавр инкишофи бизнес ҳам ғайр аз унсурҳои дохилии танзимшавандаи маркетингӣ(мол, нарх, фурӯш, робита) боз аз силсилаи омилҳои берунаи он, ки бо якҷоягӣ муҳити маркетингиро ташкил медиҳанд, вобастагӣ дорад.

Муҳити маркетингӣ ин омилҳои танзимшавандаи бозориест, ки барои таҳаввули моли корхонаи соҳибкорӣ дар давраҳои такрор истеҳсолкунӣ (тавлидот, тақсимот, мубодилот ва истеъмолот) шароити мусоит фароҳам оварда, кӯмаки бевосита ё бавосита мерасонанд.

Агар мо дар шакли умумӣ маркетингро ҳамчун қисми ҷудонашавандаи иқтисодиёт дар корхонаву ташкилотҳо тасаввур намоем, он гоҳ дар ташкилот ду намуди муҳити асосии онро аз ҳам дигар ҷудо кардан ба мақсад мувофиқ аст:

1. Муҳити дохилаи ташкилот мебошад, ки он: миссия, мақсад, вазифа, ҳайат, сохтори техникӣ ва идоракунӣ, истеҳсолот, системаи ахборӣ ва монади инҳоро дар бар мегирад.

2. Муҳити берунаи ташкилот мебошад, ки он: иқтисодиёти мамлакат, маҷмӯи талабот ва сохтори бозор, қонунҳо, органҳои ҳукуматӣ, идоракунии давлатӣ ва маҳалӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, рақибон, воситаҳоиҳои ахбори умум, дараҷаи техникӣ ва технологӣ урфу одат ва маданияти мардум, муҳити географӣ, табии ва амсоли онҳоро фаро мегирад. ҳамин тавр икишофи фаъолияти маркетингӣ дар корхонаву ташкилотҳои соҳибкорӣ дар асоси ҳамоҳангии байни омилҳои дохилӣ ва берунаи он имконпазир аст.

Вобаста ба тарзи таъсиррасонии омилҳои ба фаъолияти интизомнокии маркетингӣ таъсиррасонанда, ду намуди муҳити он яъне, микро ва макро муҳити маркетингиро аз ҳамдигар ҷудо мекунанд.

695
Нет комментариев. Ваш будет первым!