Истехсолот
Гузаронидани тахлили мунтазами идоракунии истеҳсолот барои мутобиқшавии сохторҳои дохилии ширкат ба тагйиротҳои беруна ва тоб овардан ба мухити рақобатӣ аҳамияти бузург дорад. Дар раванди гузаронидани таҳлил бояд ба чунин саволҳо ҷавоб гардонид: оё фирма метавонад нисбати ракибон истехсоли молу хизматхоро ба хароҷотхои камтарин ба роҳ монад? Имконияти дастраси ба ашёву маводхои навро дорад? Оё ширкат аз молтаҳвилгари ягона вобастаги дорад ё ин, ки вариантхои дигар низ вуҷуд дорад? Низоми харидкунӣ ба камкунии захирахои моддӣ ва тезонидани фурӯш нигаронида шудааст? Оё ширкат метавонад ба бозорхое хизмат расонад, ки рақибон оҷиз бошанд? Фирма низоми самараноки назорати сифатро доро мебошад? Ва ғайраҳо.