Унсурхои асосии имкониятхо ва хатархо дар бизнес
Имкониятҳо ва хатарҳо берун аз доираи идоракунии фирма қарор дорад. Бинобар ин онҳо ҳаммчун унсурхои берунаи муҳити бозорӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд. Унсурҳои асосии омӯзиш дар ин маврид дар худ инҳоро ҷой медиҳад:
қувваҳои қонунгузор (идоракунанда) ва сиёсӣ. Амалҳои ҳокимиятҳо дар шакли иҷроиши сиёсат, инчунин хусусиятҳои қонунгузорӣ ва идоракунӣ, ки фирма бояд ба он итоат намояд;
қувваҳои ҷамъиятӣ (маданият). Он дар мавриде, ки харидорон аз фаъолияти фирма қаноатманд нестанд, мустақиман фирмаро барои фикр кардан водор месозад;
қувваҳои технологӣ. Иқтидорҳои технологие, ки ба ширкат имкони ноил шудан ба мақсадҳояшро фарохам меорад, инчунин вай ба моли истеҳсолкардаи ширкат ва реаксияхои харидорон таъсир мерасонад;
шароитҳои иқтисодӣ. Таъсири ҳолати умумии иқтисод, ки зери таъсири он талабот ва рафтори пулмасрафкании харидорон ташкил меёбад.
рақобат. Мухит ва андозаи хатари рақбат. Дар ин маврид чунин бояд ба эътибор гирифта шавад:
— суръатнокии рақобат;
— тахдиди таъсири рақибони нав;
— талаботи истеъмолии харидорон дар бозор;
— рақобатпазирӣ;
— фишор аз ҷониби молҳои якдигарро ивазкунанда.
Гузаронидани ин гуна таҳлил ба шумо имкон медиҳад ҳолати берунаи ширкати худро баҳо дихед ва муайян намоед, ки чи гунна имкониятҳоро доро буда, кадом хатарҳо шуморо таҳдид менамояд(ва пешакӣ ба он тайёр шавад).