​Усулхои тахлили имконият ва хатархои бизнес

Усули муайянкунии имконият ва хатарҳои бозорӣ бо усули таҳлили қудратнокӣ ва заифӣ монанд мебошад:

1.Номугӯи бузургиҳое, ки шароитҳои бозорӣ баҳогузорӣ карда мешавад, бояд тартиб дода шавад;

2.Аз руи ҳар як бузургӣ бояд муайян намуд, ки кадомаш имконият ва кадомаш барои ширкат хатар ба ҳисоб меравад;

3.Аз номгуи хамаи бузургиҳо бояд муайян намуд, ки кадоме аз онҳо муҳимтарин буда, онро ба матритса ворид намоед;

Хангоми баходиҳии имкониятҳо ва хатарҳои корхона зарур аст бузургиҳои зерин ба инобат гирифта шавад:

1.Омилҳои тақозо (дар ин ҷо ғунҷоиши бозор, суръати рушд ва пастравии он, сохтори тақозо ба моли ширкат ва ғ.)

2.Омилҳои рақобат (даро ин ҷо шумораи рақибон, миқдори молҳои якдигарро ивазкунанда, монеъаҳои мавҷудбуда ва роҳҳои гузаштан аз он, тақсимоти ҳиссаҳои бозорро миёни иштирокчиёни асосии он ва монанди инҳоро ба ҳисоб гирифтан муҳим аст)

3.Омилҳои фрӯш (дар инҷо зарур аст шумораи миёнаравон, мавҷудияти маҷроҳои тақсимоти мол, шароитҳои расонидан ва ҷобаҷокунии мол ва монанди инхоро ба эътибор гирифт)

4.Омилҳои иқтисодӣ (қурби асъори миллӣ нисбати доллар ва дигар асъорҳо, сатҳи тавварум, тағйироти сатҳи даромади аҳолӣ, сиёсати андозӣ ва гайраҳо дар ин маврид ба эътибор гирифта мешавад)

STEP – таҳлил ин усули таҳлили асосии омилҳои макромуҳит мебошад, ки аз руи таъсири соҳаҳои таъсиррасон бароҳ монда мешавад.

STEP калимаҳои ихтисоршудаи забони англиси мебошад, ки аз ҳарфҳои авали чунин калимаҳо ба вуҷуд омадааст:

S – sotcial – иҷтимоӣ

T – technologicai – технологӣ

E – economic – иқтисодӣ

P – political – сиёсӣ

STEP – тахлил вобаста ба таъсиррасонии омилҳои алоҳидаи он метавонад шаклҳои PEST, TEPS, EPTS – ро гирад.

Мисоли таҳлили PEST – ро дар чадвали зерин мебинем.

Омилҳои макромуҳит

ҳолатҳо

Шакли таъсиррасонӣ

Эҳтимолияти бавуҷуд омадани ҳолатҳо

Барномаи амалиётҳо

Сиёсӣ

Интихоби президент

+,-

100%

Ба тавақуф гузоштани қабули қарорҳо то интихобот

Иқтисодӣ

Афзоиши қурби $

50%

Бастани шартномаҳои форварди оиди таъминнамоии мол

Иҷтимоӣ

Пастравии сатҳи зиндагӣ

50%

Истеҳсоли номуи молҳои арзон

Технологӣ

Талаботҳои иловагӣ оиди сертификаткунонӣ

40%

Харидорӣ намудани молҳои ба талаботи стандартӣ ҷавобгу

Форвард аз калимаи англисӣ гирифта шуда маънояш «муҳлат» мебошад.

Сообщение Усулхои тахлили имконият ва хатархои бизнес появились сначала на 14UM.NET.

656
Нет комментариев. Ваш будет первым!