​Тарзу усулхои гузаронидани тадкикотбарии маркетинг

Вакте, ки сухани дар бораи усулхои тадкикотбарии маркетинг меравад, бояд намудхои онро чудо намуд.

Се намуди тадқиқотбарии маркетинг мавчуд аст:

1). Тадқиқотбарии кабинети.

2). Тадқиқотбарии саҳрои ё ин ки берун аз кабинет.

3). Намуди омехтаи тадқиқотбарии маркетинг.

Тадқиқотбарии кабинети – тадқиқотбар аз кабинети худ набаромада аз ҳисоботҳои фаъолияти иқтисодию ичтимоии корхонаҳо ахборотро чамъ меоварад ва тадқиқотбарии маркетинги мегузаронад.

Тадқиқотбарии саҳрои ин чамъовари ва истифодаи ахборотҳои беруна ба воситаи гузаронидани пурсишномаҳо мушоҳидаҳо ва озмоишҳо мебошад.

Тарзи омехтаи тадқиқотбарии маркетинг истифодаи тадқиқотбарии кабинети ва саҳрои дар ҳамчояги мебошад.

Дар тадкикотбарии маркетинг чамъоварии ахборотхо ба воситаи гузаронидани пурсишномахо мавкеи муайянро ишгол менамояд. Аз ин ру райъпурси ё пурсишҳо бо мақсади ошкор намудани ахбори зарури оиди талаботу дархости аҳоли, қобилияти харидории мардум, афзоиши ояндаи ҳачми маҳсулот, татбиқи молҳои нав, муайянкунии нархи мол ва рушди доираи хизмат гузаронида мешавад.

Дар тачрибаи гузаронидани тадқиқотбарии маркетинг намудҳои зерини гузаронидани пурсишҳо ё раъйпурси мавчуданд:

1. Раъйпурсии шахси, яъне гузаронидани пурсиши шахси.

2. Раъйпурсии телефони.

3. Раъйпурсии панели.

4. Раъйпурсии коршиносон (эксперти).

785
Нет комментариев. Ваш будет первым!