Кашфиётҳо дар кайҳоншиносии муосир ва аҳамияти онҳо ташаккулёбии ҷаҳонбинии шахс

Дар ҳама давру замон проблемаи пайдоиш ва эволютсияи Олам то ба ҳолати имрӯзааш ҳам аз назари маърифат ва ҳам илму фалсафа яке аз масъалаҳои ҳалталаби асрорангез ба шумор мерафт. Бо вуҷуди он ки асри 20 бо бунёди назарияи нисбияти Эйнштейн, механикаи квантӣ, мукаммал шудани заминаҳои техникии мушоҳидаҳои астрономӣ ва оғози фатҳи кайҳон ба масъалаи зикршуда равшанӣ андохт, дар ибтидои асри 21 ҳам паҳлӯҳои норавшани пайдоиши Олам боқӣ мондаанд.

Тавре дар мавзӯъҳои оянда хоҳем дид, проблемаи дигари ҳамсони пайдоиши Олам проблемаи пайдоиши инсон аст. Ҳар шахсе, ки ба ин ду проблема ҳусни таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад, беихтиёрона робитаи байни онҳоро меҷӯяд. Яъне саволҳои зайли бешуурона пайдо мешаванд: 1. Олам барои инсон ва зиндагию фаъолияти вай офарида шудааст, ё, баръакс инсон барои омӯхтану фатҳи кайҳон? 2. Оё Оламе ки дар он ҳаётӣ биологӣ мавҷуд аст, ягона аст, ё дар кайҳон ингуна Оламҳо бисёранд? Ин гуна саволҳо зиёданд, вале илми муосир, мутаассифона, имрӯз ба онҳо ҷавобҳои дақиқ дода наметавонад.

Бо вуҷуди он асри 20 ба проблемаи пайдоиш ва эволютсияи Олам равшанӣ андохта, хулосаҳое пешниҳод карда тавонист, ки бо роҳи таҷрибавӣ тасдиқ шудаанд. Ин хулосаҳоро бори дигар ба хотир меорем:
— олами ҳастӣ системаи яклухт ва комил буда, тамоми ҳодисаҳои дар он ҷараёнгиранда байни худ вобастаанд;
— Олам ибтидо дорад, дар натиҷаи таркиши бузург пайдо шудааст ва дар замони ҳозира васеъшаванда аст;
— синну соли Олам 10 – 20 миллиард сол тахмин карда мешавад.
— оид ба сенарияи ояндаи Олам ду мулоҳизаи илмӣ мавҷуд аст:

(а) Олам беохир васеъ мешавад, онгоҳ, пас аз солҳои фавқуллода зиёд, дар Олам танҳо фотонҳои фавқулдарозмавҷ ва плазмаи электронию позитронии фавқултунук боқӣ мемонад;

(б) Олам ба таври сиклӣ (даврӣ) васеъ ва фишурда мешавад, онгоҳ, пас аз як сикли пурра Олам ба ҳолати ибтидоии нав меояд ва сикли нав оғоз меёбад;

— мушоҳидаҳо ва хулосаҳои космологӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки инсоният дар ин Олам (ҳеҷ набошад, дар Галактикаи мо) яккаю танҳо аст. Ин ақида ба хулосаҳои муҳимтарини ҷаҳонбинона оид ба мақому мартабаи инсон, аҳамияту арзиши тамаддуни заминӣ ва комёбиҳои вай дар ин Олами фонӣ меоварад. Аз эҳтимол дур нест, ки инсон дараҷаи олитарини эволютсияи Олам бошад. Дар ин сурат мо, одамон, бояд масъулияти хешро оид ба поку беғаш нигоҳ доштани табиати сайёраи Замин ва инкишофи ин Олами беканор доимо аз хотирҳо фаромӯш накунем.

643
Нет комментариев. Ваш будет первым!