Мохият ва намудхои хисоботхои бонки

Мохияти асосии хисоботхои бонки ин сарчашмаи маълумоти дастрас, пурра ва фаври оиди фаъолияти бонки мебошад. Хисоботхои бонки бояд барои сармоягузорон ва карзгирон фахмо бошанд, бояд барои онхо маълумот оиди сумма, вакт ва хатар, ки ба даромадхои онхо вобаста аст, маълумот дар бораи сохтор ва намудхои захирахои чалбшуда, чойгиркунии онхо, захираи накди барои талафи карз ва гайра дихад.

Идоракунии бонкхои хозиразамон ба истифодаи маълумоти микдори вобастаанд, яъне бо ифодаи пули. Барои ин хисоботхои бухгалтери метавонанд, маълумоти сифатиро диханд (гайри пули), агар вай барои тахлили хисоботхои бухгалтери фоидаовар бошад. Хисобот, ки барои ерии менечирон дода мешавад, ба маълумоти хисобхои идоракуни дохил аст. Вай дар раванди ба накшагири, ичро ва назорат дар фаъолияти бонк истифода мешавад. Дар баробари ин бояд ба назар гирифт, ки маълумоти бухгалтерии таснифоти шартиро истифода мекунад, баходихии тахмин дар ин маврид хатман тахмини мебошад. Мисол тасвир дар тавозун хисобхои оддии карзи, карзхои сохташудаи бисёркарата нисбати карзхои мухлатдор ва аз мухлат ба таъхир мондаро нишон медихад. Нишондихи дар хисобхои пассиви хисоботхои фондхои захиравии бонк шаходати накдии онро дар шакли ликвиднок намедиханд.

Хамчунин, ба аник нигох накарда, мохият ва нишондихии хисоботхои бухгалтерии тахмини мебошанд. Бо ин вобаста маъсулияти зиёд ба истифодакунандаи хисоботхои бухгалтерии гирифта мешуд. Вай бояд фахмад ва муайян кунад, ки кадом хисоботро ва чи хел ва дар кадом соха истифода кунад.

768
Нет комментариев. Ваш будет первым!