Моҳияти ин инқилобҳои илмиро дар мавзӯъҳои оянда муҳокима ҳоҳем кард. Ин ҷо танҳо ҳаминро қайд намудан зарур аст, ки инқилоби илмӣ чунин просесси қонунӣ мебошад, ки дар таърихи илм ба таври даврӣ такрор мешавад ва дар рафти он як тарзу усули дарки ҳодисаҳои табиат ба тарзу усули сифатан нав иваз карда мешавад. Дар натиҷа робитаю муносибатҳои амиқтари табиат кашф мешаванд, ба ҷои мафҳумҳо ва принсипҳои пештара ақидаҳои нав ҷорӣ мегарданд.
Инқилоби илмӣ давраҳои инкишофи худро дорад. Дар марҳилаи аввала тарзу усулҳои нави дарки ҳодисаҳо пайдо шуда, бо пешниҳоди назарияи нав ва коркарди пешниҳодҳои методологии ҷадид хотима меёбад. Дар марҳилаи дуюм тарзи усули сифатан нави идрок қабул карда шуда, дурустии назарияи нав мавриди тадқиқ қарор дода мешавад. Бо ҳамин давраи инқилоби илмӣ хотима ёфта, давраи эволютсионии инкишофи илм оғоз меёбад. Дар ин давра, ки одатан тӯлонист, он тарзу усули дарки табиат, ки давраи инқилобӣ пешниҳод кардааст, ҳамчун воситаи нави тадқиқот қабул шуда, мавриди истифода қарор меёбад.