Тараққиёти тарбия (иншо)

Иқтидори таълиму тарбия, ақлу заковати бепоёни инсон чунон пеш рафтааст, ки башарият дар таърихи ҳазорсолаи муққадам дар шигифт мондааст.

Раванди инкишофи ин дигаргунӣ миқдор ва сифати ҷисмии инсон аст. Натиҷаи инкишоф ин ташаккули одам ҳамчун намуди мавҷудоти зиндаи биологӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Инкишофи ҷисмонии одам ба хусусиятҳои биологӣ вобаста буда, дар худ тағйироти морфологӣ, биокимиёвӣ, физиологӣ мегирад. Аммо инкишофи иҷтимоӣ ба рушди психологӣ, рӯҳӣ, ақлонӣ хос аст.

Тараққиёт мафҳуми фалсафӣ буда, гузаштан аз як ҳолат ба ҳолати дигар, ба вуҷуд омадани тағйиротҳои миқдорию сифати пешравиро мефаҳмонад.

Агар одам ба дараҷаи рушди иҷтимоӣ расад, онро шахсияти дорандаи ҳуш ва худогоҳ, қобили фаъолияти мустақилона, дигаргунсозанда меноманд. Одам ҳамчун шахсият таваллуд намеёбад, балки дар ҷараёни инкишоф ба он молик мегардад.

Мафҳуми «шахсият» аз «одам» бо хусусияти сифатҳои иҷтимоии худ фарқ мекунад, зеро ӯ бо таъсири муносибатҳои ҷамъиятӣ, робита бо одамон ташаккул меёбад. Одам ҳамчун шахсият дар низоми иҷтимоӣ бо роҳи мақсадгузорӣ ва тарбияи андешидашуда ташаккул меёбад. Шахсият ба андозаи аз худ кардани таҷрибаҳои иҷтимоӣ аз як тараф ва ба андозаи ба қадри ҳол ҳиссаи боздиҳӣ ба ҷомеъа, ба хазинаи моддӣ ва арзандагии маънавӣ гузаштан, аз тарафи дигар муайян карда мешавад. Барои шахсият шудан, одам бояд дар фаъолияти амалии худ зоҳир гардад хусусиятҳои ботинии табиат, шакли ҳаётӣ ва тарбиявиашро ифшо диҳад.

Инкишофи одам-ҷараёни басо мураккаб, давомдор ва боихтилоф аст. Дар ҷисми одам дигаргунӣ тамоми умр давом мекунад, вале хусусан сифатҳои ҷисмонӣ ва олами рӯҳии одам айёми кӯдакӣ ва ҷавонӣ бошидат тағйир меёбад. Инкишоф на бо ҷамъшавии тағийроти миқдории оддию хати рост, балки аз паст ба боло ҳаракат мекунад. Ҳамин тавр, хусусият ва сифатҳои рушди биологии инсон ба мафҳуми «шахсият» шомил намешавад. Мавҷудияти хусусиятҳои шахсият ба сифатҳои ҷамъиятии ӯ алоқаманд нест. Алахусус мафҳуми «шахсият» ин тавсифи моҳияти ҷамъиятии инсон, сифатҳои он – нутқ, шуур, захираи луғавӣ, одатҳои гуногуни рафтор ва муносибатҳои ҷамъиятӣ, ки ӯро мавҷудоти ҷамъиятӣ мегардонанд, дар бар мегирад. Аз ин лиҳоз кӯдаки навзод ва одами ақлбохтаро шахсият намегӯянд.

Хусусияти шахсиятро мафҳуми «фардият» пурра мегардонад. Фардият хусусиятҳои ба худ хоси номонандӣ ва фарқияти як одам аз одами дигарро ифода мекунад. Фардият ҳамчун қоида, бо аломатҳои махсус бо мизоҷ, фаъолияти эҷодии иҷтимоӣ ва рафтори оқилонаи худ комилан ба мафҳуми «шахсият» мутааллиқ аст.

396
Нет комментариев. Ваш будет первым!