Зиндагӣ бе орзу ширин набуд

Маънии ҳақиқии ҳаёт рӯҳи бедору дили зинда аст.

Алӣ ибни Абӯтолиб


Зиндагӣ роҳи пурпечутобест, ки тай кардани он кори басо мушкил мебошад. Оқилону хирадмандон дар ин роҳ устуворона қадам мезананд ва онҳо барои мо намунаи ибратанд. Дар зиндагӣ бояд мардона зист. Умед ба ояндаи нек мардонагист. Дар зиндагӣ ноумед набояд шуд, ки ноумедӣ танҳо хоси шайтон аст. Орзуву умед ҳар рӯзи моро ширину рангин месозанд. Умед ба гулгуншукуфоии ватан, орзуи пайдо кардани дӯстони нав, ҳаваси таҳсил намудан, хоҳиши хидмати падару модарро кардан, таманнои комёб гаштан дар зиндагӣ вуҷуди моро ҳеҷ гоҳ тарк намекунад.

Изображение


Дунё барои хуфту хоб офарида нашудааст. Ҳамагонро лозим аст, ки баҳри пешрафти ҷомеа ва ободии диёри хеш талош варзанд:

Бедор шав, дило, ки ҷаҳон ҷойи хоб нест,

Эмин дар ин хароба нишастан савоб нест.

Хусрави Деҳлавӣ


Шахси меҳнаткаш ва ҳалолкор умед ба фардои дурахшон дорад ва дар зиндагӣ устувор аст, бо кӯшиши худ мехоҳад комёб гардад:

Дар ҷаҳон болу пари хеш кушудан омӯз,

Ки паридан натавонӣ ту ба боли дигарон.

Муҳаммад Иқбол


Дилгармӣ ба ояндаи нек зиндагиро ширину гуворо месозад, вагарна олам бароямон торикистон мегардад:

Зиндагӣ бар орзу дорад асос,

Хешро аз орзуи худ шинос.


Зиндагиро рангин сохтан аз худи мо вобаста мебошад. Касе хонаву дар ва ватани моро обод намесозад, ба ҷуз мо. Аз ин рӯ бояд Ҳамеша некандеширо пеша намоем ва дар Ҳама кор некбин бошем. Маҳз ҳамин омил орзуи моро қабои рангин дар бар месозад ва хаёлоти ширин ҳамеша таманнои ба бар кардани онро дорад. Танбалону бехирадон, ки дар ободиву пешрафт саҳм намегузоранд, дар дил орзуи нек низ парварида наметавонанд. Бар замми ин онҳо дигаронро бо ҳар баҳона аз кори хайр бозмедоранд. Дар ин маврид гуфтаи Алӣ ибни Абӯтолиб моро сабақи рӯзгор мебошад: «Аз касоне, ки пеш аз шумо буданд, ибрат бигиред, пеш аз он ки ояндагон аз шумо ибрат гиранд».

Мӯйсафеди ҳаштодсолае машғули ниҳолшинонӣ буд ва ҷавоне ботааҷҷуб аз ӯ пурсон шуд: «Дарахт баҳри ки шинонӣ, ки хӯрдани ҳосилаш туро яқин насибат нагардад». Мӯйсафеди хирадманд оромона посух дод: «Инро баҳри ояндагон мешинонам, ки моро гузаштагон чунин тарбият намудаанд. Ояндагон баҳри ворисони худ ин амали хайрро такрор мекунанд. Ин аст ҳикмати асили рӯзгор».

Умед ба фардои нек зиндагии моро ранги тоза мебахшад. Ноумедӣ қалби одамро мекушад. Ба хотири пешрафту гулгуншукуфоии кишвари азиз, ба умеди сарҷаъмии мардумон, пойдории сулҳу ваҳдат мо бояд устуворона ба пеш қадам гузорем. Ин аст мақсади ҳар як инсони солимфикр.


Иншои точики, мавзуи озод, иншохои оход, маводхои точики, иншо дар бораи зиндаги бе орзу ширин набуд
12.82K
Нет комментариев. Ваш будет первым!