Сиёсати пулӣ ва карзи

Моддаи 14. Сиёсати пулӣ

1. Бонки миллии Тоҷикистон масъули таҳия ва татбиқи сиёсати пулии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

2. Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади мусоидат ба ҳамкории байниидоравӣ, аз ҷумла мубодилаи иттилоот ва баҳодиҳии вазъи иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи сиёсати пулӣ таъсис медиҳад. Кумитаи сиёсати пулӣ мақоми машваратии байниидоравӣ буда, ба Раёсат тавсияҳо пешниҳод мекунад.

3. Ҳайат, вазифаҳо ва тартиби фаъолияти Кумитаи сиёсати пулӣ бо низомномаи он, ки аз ҷониби Раёсат тасдиқ карда мешавад, муайян мегардад.

4. Бо мақсади истифодаи босамари фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ ва рушди мӯътадили нишондиҳандаҳои пулӣ Бонки миллии Тоҷикистон дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои соли оянда таҳия намуда, ҳар сол то 1 ноябр ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

5. Бонки миллии Тоҷикистон ҳар се моҳ оид ба вазъи макроиқтисодӣ ва масъалаҳои татбиқи сиёсати пулӣ дар воситаҳои ахбори омма маълумот нашр менамояд.

Моддаи 15. Воситаҳои сиёсати пулию қарзӣ

Бонки миллии Тоҷикистон барои иҷрои вазифаҳои худ дар соҳаи сиёсати пулию қарзӣ воситаю усулҳои зеринро истифода мебарад:
— меъёрҳои фоизӣ аз рӯи амалиёти Бонки миллии Тоҷикистон;
— меъёрҳои захираҳои ҳатмӣ;
— амалиёт дар бозори озод;
— қарздиҳӣ ба ташкилотҳои қарзӣ;
— танзими асъор ва амалиёти асъорӣ;
— муқаррар кардани ҳудуди афзоиши ҳаҷми пул;
— маҳдудкуниҳои миқдории бевосита.

Моддаи 16. Муқаррар кардани меъёрҳои фоизӣ

1. Бо мақсади нигаҳдории сатҳи мӯътадили нархҳо дар давраи дарозмӯҳлат Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати фоизиро барои таъсиррасонӣ ба меъёрҳои фоизи бозорӣ истифода мебарад.

2. Бонки миллии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ барои ҳар як намуди амалиёташ меъёри фоизро муқаррар менамояд.

Моддаи 17. Меъёрҳои захираҳои ҳатмӣ

1. Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад барои ташкилотҳои қарзӣ аз рӯи пасандозҳо ва ӯҳдадориҳои дигари ба онҳо монанд захираҳои ҳатмӣ муқаррар намояд.

2. Меъёрҳои захираҳои ҳатмӣ аз тарафи Раёсат муқаррар карда шуда, метавонанд барои шаклҳои гуногуни ташкилотҳои қарзӣ фарқ дошта бошанд.

3. Дар сурати аз тарафи ташкилотҳои қарзӣ риоя нагардидани меъёрҳои захираҳои ҳатмӣ Бонки миллии Тоҷикистон маблағи камомадро аз суратҳисоби онҳо меситонад.

4. Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад ташкилотҳои қарзиро барои риоя накардани меъёрҳои захираҳои ҳатмӣ тибқи Қонуни мазкур ҷарима бандад.

5. Дар сурати бозхондани иҷозатномаи ташкилоти қарзӣ барои иҷрои амалиёти бонкӣ маблағи захираҳои ҳатмии дар Бонки миллии Тоҷикистон буда барои иҷрои ӯҳдадориҳои ҳамин ташкилоти қарзӣ истифода мешаванд.

Моддаи 18. Амалиёт дар бозори озод

1. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад коғазҳои қиматноки Ҷумҳурии Тоҷикистон, коғазҳои қиматноки қарзии худ, инчунин дигар коғазҳои қиматноки қарзиро дар бозорҳои молиявӣ хариду фурӯш намояд.

2. Ҳудуди амалиёт дар бозори озод аз ҷониби Раёсат муқаррар карда мешавад.

3. Тартиби барориши коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон ва гузаронидани амалиёт бо онҳоро Раёсат муқаррар менамояд.

Моддаи 19. Маҳдудкунии миқдории бевосита

1. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад дар ҳолатҳои истисно бо мақсади амалӣ кардани сиёсати пулию қарзӣ маҳдудкунии миқдории бевоситаро ба кор барад.

2. Маҳдудкунии миқдории бевоситаи Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар намудани меъёрҳои бозтамвил, маблағи умумии қарз ба иқтисодиёт, манъи иҷрои баъзе амалиёти бонкиро аз тарафи ташкилотҳои қарзӣ ифода мекунад.

Моддаи 20. Муқаррар намудани ҳадди афзоиши ҳаҷми пул

Бонки миллии Тоҷикистон ҳадди афзоиши як ё якчанд нишондиҳандаҳои миқдори пулро мувофиқи дурнамои сиёсати пулию қарзӣ муқаррар менамояд.

Моддаи 21. Амалиёти бозтамвил

1. Бо мақсади амалӣ намудани сиёсати пулӣ ва қарзӣ Бонки миллии Тоҷикистон бо шартҳое, ки давра ба давра аз тарафи Раёсат муқаррар карда мешаванд, метавонад:

1) таҳти таъмини воситаҳои зерин ба ташкилотҳои қарзӣ қарзҳои кӯтоҳмӯҳлат диҳад:
— коғазҳои қиматноке, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардааст;
— коғазҳои қиматноке, ки Бонки миллии Тоҷикистон баровардааст;
— векселҳои оддӣ ё интиқолии дорои ду ва зиёда паснавишт (индоссамент), ки яке аз онҳо ақаллан ба яке аз ташкилотҳои қарзӣ тааллуқ дошта, мӯҳлати пардохташон аз рӯзи онҳоро ба даст овардани Бонки миллии Тоҷикистон на зиёда аз даҳ моҳ мебошад;
— пасандоз, асъори нақди хориҷӣ, металҳои қиматбаҳо ва дороиҳои дигари Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзӣ, ки онҳоро Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун дороиҳои бозоргир эътироф мекунад.

2) баҳисобгирӣ ва азнавбаҳисобгирии коғазҳои қиматноки зерини ташкилотҳои қарзиро анҷом диҳад:
— коғазҳои қиматноки дар доираи эмиссияи давлатӣ баровардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— коғазҳои қиматноке, ки Бонки миллии Тоҷикистон баровардааст.

2. Бонки миллии Тоҷикистон меъёри бозтамвил ва шартҳоеро, ки мувофиқи онҳо ташкилотҳои қарзӣ барои гирифтани қарз ба озмун роҳ дода мешаванд, мунтазам ба маълумоти аҳли ҷомеа мерасонад.

3. Бонки миллии Тоҷикистон коғазҳои қиматнокро ба ҳисоб ё аз нав ба ҳисоб намегирад, ба шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ қарз, кафолатнома ва ё замонати бевосита ё бавосита намедиҳад, ба истиснои ҳолатҳое, ки Қонуни мазкур барои ташкилотҳои қарзӣ пешбинӣ кардааст.

4. Нисбат ба талаботи Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи баргардонидани қарзҳои додашуда мӯҳлати даъво татбиқ намегардад.

Моддаи 22. Қарздиҳӣ дар ҳолатҳои фавқулодда

1. Дар ҳолатҳои фавқулодда Раёсат метавонад ба ташкилотҳои қарзӣ аз рӯи шартҳои муқаррарнамудаи худ оид ба додани қарз барои таъмини пардохтпазирӣ қарор қабул намояд.

2. Қарз дар ҳолатҳои фавқулодда ба мӯҳлати то се моҳ дода мешавад, агар Раёсат муқаррар намояд, ки ташкилоти қарзӣ:
— имкониятҳои дигари қарзгирӣ надошта бошад;
— қобили пардохт бошад;
— дорои молу мулки муносиб барои таъмини қарз бошад.

3. Ҳангоми дар мӯҳлати муайяншуда барнагардонидани қарз Раёсат метавонад мӯҳлати пардохти онро то се моҳи дигар тамдид намояд, агар ташкилоти қарзӣ дархост ва нақшаи асосноки чорабиниҳоро, ки мақомоти иҷроияаш тасдиқ намудааст, бо нишон додани шартҳои зерин пешниҳод намояд:
— усули баргардонидани қарз;
— чораҳои ислоҳи вазъ барои пешгирии зарурати минбаъдаи қарзгирӣ дар ҳолатҳои фавқулодда.

4. Бонки миллии Тоҷикистон тибқи Қонуни мазкур ва қонунҳои дигар нисбат ба ташкилотҳои қарзие, ки нақшаи чорабиниҳои пешбиникардаро иҷро намекунанд ё ба натиҷаҳои нақшавӣ ноил намегарданд, тадбирҳои дахлдор меандешад.

БОБИ 4. ҲАМКОРИИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН БО

МАҚОМОТИ ДАВЛАТӢ

Моддаи 23. Принсипҳои асосии ҳамкорӣ

1. Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳое, ки қонун ба вай додааст, мустақил мебошад. Аъзои Раёсат ва кормандони Бонки миллии Тоҷикистон, ки барои қабул кардани қарор ваколат доранд, аз ягон шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, аз ҷумла аз мақомоти давлатӣ супориш намегиранд.

2. Ҳар гуна мудохила ба фаъолияти онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Бонки миллии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

3. Бонки миллии Тоҷикистон барои иҷрои вазифаҳои ба зимааш гузошташуда дар таҳияи сиёсати иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунад. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ё бо супориши вай яке аз муовинонаш дар ҷаласаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунанд.

4. Бонки миллии Тоҷикистон ва Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз амалҳои эҳтимолии худ, ки дорои аҳамияти умумидавлатӣ мебошанд, ба якдигар ахборот медиҳанд, кори худро ҳамоҳанг месозанд, машваратҳо мегузаронанд.

5. Бонки миллии Тоҷикистон ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҷалб намудани қарзҳо аз тарафи давлат, пардохти қарзи давлатӣ бо дарназардошти таъсири он ба вазъи низоми бонкӣ ва ҳадафҳои асосии сиёсати пулию қарзии давлат машварат медиҳад.

Моддаи 24. Муносибатҳои қарзӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои фавқулоддаю ғайричашмдошт ва нарасидани маблағи буҷети давлатӣ метавонад барои ҷуброни фарқи зиёни он аз Бонки миллии Тоҷикистон қарз гирад. Маблағи умумии қарзи барои ин мақсад гирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Бонки миллии Тоҷикистон набояд аз 10 фоизи маблағи қисми даромади умумии буҷети давлатии соли гузашта зиёд бошад. Қарзҳои гирифта дар давоми 12 моҳ пардохт карда мешаванд.

2. Ба Бонки миллии Тоҷикистон мустақиман харидани коғазҳои қиматноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дигар мақомоти давлатӣ дар давраи аввали барориши онҳо манъ аст.

Моддаи 25. Хизматрасонии қарзи давлатӣ

Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ба қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо амалиёти ҷойгиронии вомбаргҳои давлатӣ, адои онҳо ва пардохти фоиз аз рӯи онҳо хизмат расонад.

Моддаи 26. Амонатҳо ва амалиёти кассавӣ

1. Бонки миллии Тоҷикистон ба сифати амонатнигоҳдорандаи давлат ба хазинадории давлатӣ ва мақомоти дигари давлатӣ хизматҳои бонкӣ мерасонад. Бонки миллии Тоҷикистон пардохтҳоро мувофиқи ҳаҷми маблағҳо дар суратҳисобҳои дахлдор амалӣ месозад.

2. Дар ҳолати зарурӣ Бонки миллии Тоҷикистон метавонад тибқи қарори Раёсат як қисми маблағи буҷети давлатиро мутобиқи шартнома бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати муайян ҳамчун пасандоз қабул намояд ва барои он фоиз пардохт кунад.

Моддаи 27. Вазифаҳои намояндаи молиявӣ

1. Бонки миллии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили хизматрасонии коғазҳои қиматноки давлатиро бо тартиби зерин ба роҳ мемонад:
— маркетинги коғазҳои қиматноки давлатӣ;
— пардохти маблағи асосии коғазҳои қиматнок, фоизҳо ва дигар подошҳои комиссионӣ;
— иҷрои дигар амалҳое, ки мувофиқи мақсаду вазифаҳои Бонки миллии Тоҷикистон мебошанд.

2. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ҳамчун намояндаи молиявӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои қарзӣ ва фондҳои ғайрибуҷетӣ барои нигоҳдории маблағи онҳо бо пули миллӣ, асъор ва коғазҳои қиматнок хизмат расонад. Тартиби хизматрасонии мазкур аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муайян ва дар асоси созишномаҳои дуҷониба амалӣ карда мешавад.

Моддаи 28. Ташкили хизматрасонии кассавии буҷетҳо

1. Бонки миллии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби иҷрои буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллиро муқаррар мекунад.

2. Бонки миллии Тоҷикистон иҷрои кассавии буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллиро ба воситаи бонкҳо амалӣ менамояд ва метавонад амалиёти барои иҷрои буҷетҳо заруриро ба воситаи шӯъбаҳои худ ба ҷо оварад.

Моддаи 29. Бонки миллии Тоҷикистон — бонкдор, мушовири молиявӣ ва

намоянда

Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун бонкдор, мушовири молиявӣ, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дигари давлатӣ оид ба масъалаҳои низоми захира ва масъалаҳои дигар мебошад, ки бо фаъолияти бонкӣ вобастаанд.

854
Нет комментариев. Ваш будет первым!