Китоб мӯниси ҷону дил аст
Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.
Оре, китоб ёр, беҳтарин дӯстдору ғамхор нишондиҳандаи ҳаёти осоиштаву мададгори инсон аст. Китоб манбаи ягонаи пайдоиши илму дониш ва фазлу эҳсони инсони комил ба шумор меравад. Агар кас як умр ба мутолиаву омӯзиши он машғул бошад, чизеро талаф намедиҳад. Китоб ба инсон беҳтарин розҳо, маълумотҳо ва маъхазҳои зарурию ҳаётофаринро ҳадя месозад. Китоб беҳтарин ёвар ва маслиҳатгари кас буда, ҳаёту зиндагӣ, кору фаъолият ва донишу масъалаҳои нав ба навро меомӯзонад.
Китоб манбаи пайдоиши ҳамаи илмҳову фазлу камоли инсон ба шумор меравад. Китоб аст, ки моро асрорҳои олами ҳастӣ ва нашъунамо меомӯзонад. Китоб аст, ки баробари боз намудани саҳфаи аввалаш дари илму дониш, хираду фарҳангро боз мекунад ва бевосита моро ба олами маънӣ ҳидоят менамояд. Мутолиаи китоб касро бо беҳтарин олами пурасрор, ки ҷаҳонро равшанию нур ва хушию сурур мебахшад, огаҳ месозад. Шахсе, ки пайваста дар мутолиаи китоб мекӯшад, дарахти пурсамареро мемонад, ки меваҳои он ҳар лаҳза инсонро ҷон ҳастиву тавон ва имону виҷдон мебахшад. Шахсе, ки ҳамеша дар мутолиа аст, кабӯтареро мемонад, ки парвозҳои баланду сазоворро соҳиб аст.