Ваҳдат — пояи хушбахтӣ ва рушди миллат!

Осмон мисли ҳарвақта софу беғубор буд. Хуршеди оламоро зулфони худро ба гетӣ паҳн намуда ҳусни худро ситоиш мекард. Одамон дар даву ғеҷ буданд. Ҳар касро сару савдое. Гурӯҳе ба сӯи коргоҳ мешитофт, гурӯҳи дигаре барои аёдати наздикони худ мерафт, гурӯҳи дигаре дар Саргарми сӯҳбат буд.

Ҳаёт бо як маром идома дошт. Тобистони он солҳо мисли пешин гарму нарм буд. Маҳз дар ҳамин тобистони гарму нарм 9-уми сентябри соли 1991 дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати кӯчаки соҳибистиқлол бо номи Тоҷикистон аз худ шаҳодат дод. 9-уми сентябри соли 1991 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ таҳти рақами 392 истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон намуда ин рӯзро ҳамчун рӯзи ид муқаррар кард.

Ин рӯзе буд, ки фаро расидани онро шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои сол интизорӣ мекашиданд. Барояш Шириншоҳ Шотемуру Нусратулло Махсум, Бобоҷон Ғафурову садҳо дигар фарзандони фарзонаи халқи тоҷик ҷонбозиҳо намуда дар орзуяш буданд.

Ниҳоят рӯзи деринтизор низ фаро расид. Акнун Тоҷикистон ба ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон табдил ёфта гомҳои худро дар роҳи эъмори истиқлолият устуворона мегузошт.

Лекин хурсандии шаҳрвандони Тоҷикистони тозаистиқлол дуру дароз тӯл накашид. Осмони софу беғубори Тоҷикистони соҳибистиқлолро аз дур абрҳои сиёҳи ғуборолуд фаро мегирифтанд, ки онҳо домани худро торафт васетар паҳн намуда фазои давлатеро, ки истиқлолияти худро тоза ба даст оварда буд, торафт печонида мегирифтанд.

Нурҳои хуршед оҳиста – оҳиста дар паси пардаи ғафси абрҳои сиёҳ ниҳон шуда аз назарҳо ғоиб мешуд ва ҷойи худро ба абрҳои сиёҳ медод. Абрҳои сиёҳ дар осмон торафт доман густурда онро батамом ба домани худ гирифт ва ҳокими мутлақи он гардид.

Майдони Шаҳидон. Майдони Озодӣ. Майдони ба ҳам зид. Дар як тараф шахсони аз ҳукумати амалкунанда норизо, дар тарафи дигар тарафдорони ҳукумати амалкунанда. Ҳар кадоме талаби худро пешниҳод мекард.

Воқеаҳои моҳи феврали соли 1992. Хунрезиҳои аввалин. Садои тиру туфанг. Оғози ҷанги нангини бародаркуш. Ҳиҷрат ба кӯйи ғарибӣ. Азобу машшақат. Хориву зорӣ. Ҷонбозиҳои фарзандони барӯманди халқ. Эмомалии Раҳмону Маҳмадсаид Убайдуллоев, Абдулмаҷид Достиеву Сафаралӣ Кенҷаев, Нурулло Ҳувайдулоеву Сангак Сафаров.

Дар кунҷи осмони тираву тор нуре медурахшид. Нури умед. Нури зиндагӣ. Нури ҷонбахш. Нуре, ки умеди одамонро ба фардои нек бедор намуда ба мисли дили Данко онҳоро ба сӯйи комёбиҳо, ба сӯйи умедҳо раҳнамун месохт.

Нури умед дар охири осмони тираву тор пардаи сиёҳи осмонро дарида ҳукмронии худро устувор менамуд. Абри сиёҳ майл ба гузашт намуд.

Шаҳрҳои Маскаву Исломобод, Кобулу Теҳрон, Ашхободу Бишкек. Гуфтушунидҳои дуҷониба. Ба ҳам омаданҳо. Бахшиши гуноҳҳо.

Ҷойи абрҳои сиёҳро нурҳои ҷонбахши хуршед фаро мегирифт. Ғарибон майл ба Ватан доштанд. Булбулон ба чаманзор бармегаштанд. Ба ободии он мекӯшиданд.

27-уми июни соли 1997. Шаҳри Маскав. Ба имзо расидани созишномаи истиқрори сулҳ. Ваҳдати миллӣ.

Рӯзе ки онро одамон дар тӯли ҳафт соли мусофиратҳо, азобу уқубатҳо интизориаш мекашиданд. Дар умеди чашидани шаҳди он буданд. Дар умеди дидори он буданд.

Кӯшишу ҷонбозиҳо тавонист, ки нерӯҳои аҳриманиро аз осмони Тоҷикистони азиз дур кунад. Одамонро ба ҳам орад то онон пой ба хоки Ватани худ ниҳанд. Аз он бӯса кунанд.

Абрҳои сиёҳ майл ба рафтан доштанд. Нурҳои умед ҳукмронии худро батамом барқарор намуданд.

Одамон сару савдое доранд. Ҳар кас ба ҳар ҷойе шитоб дорад. Гурӯҳе саргарми сӯҳбат аст, гурӯҳе ба сӯи коргоҳ мешитобад, гурӯҳе ба аёдати наздикон меравад. Шукр аз ваҳдати миллӣ менамоянд, шукр аз ваҳдате менамоянд, ки он барои миллати тоҷик арзиши гарон дошт, шукр аз ваҳдате менамоянд, ки бар ивази ҷони садҳо ҷавонони ҷавонмарги баору баномуси халқи тоҷик ба даст омадааст, шукр аз ваҳдате менамоянд, ки он бебозгашт асту ба халқи тоҷик хушбахтиҳо овардааст, шукр аз ваҳдате менамоянд, ки он имрӯз мароми тамоми халқи тоҷик гардидааст.

Ҳаёт бо маром пеш меравад, бо пастиву баландиҳояш, талхиву шириниҳояш, бо тамоми ҳастияш пеш меравад, ба сӯи умеду орзуҳо, ба сӯи фатҳи қуллаҳои нав ба нави зиндагӣ…

331
Нет комментариев. Ваш будет первым!