Душанбе – пойтахти Тоҷикистон (иншои озод)

Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе,

Хаёлам зеби дунёӣ, Душанбе.

Душанбе шаҳри зебо ва калонтарини тоҷикон буда, имрӯз пойтахти Тоҷикистони азизамон мебошад. Ҳамаи мо медонем, ки Душанбе пеш аз Инқилоби Октябр як деҳаи хурдакаки камаҳолӣ буд. Бо вуҷуди хурд буданаш дар Бухорои Шарқӣ бо бозорҳои калони хариду фурӯши мол маълуму машҳур буд. Одамон аз гирду атроф ва кӯҳистонҳои дурдаст ба ин ҷо омада, молу маҳсулоташонро мефурӯхтанду маводи рӯзғорро харида бармегаштанд.

Аз сарчашмаҳои таърих маълум аст, ки дар охири асри XIX ва аввали асри XX дар Душанбе қалъаи мир, қозихона, дорухона, шифохона ва чойхонаҳо амал мекарданд. Мардум ба соҳаҳои кишоварзӣ, ҳунармандӣ, пахтакорӣ, чорводорӣ, боғдорӣ, оҳангарӣ, кулолгарӣ, чармгарӣ ва ғайра машғул буданд.

Аз соли 1924 Душанбе ҳамчун пойтахти Тоҷикистон шинохта шуд. Душанбе рӯз ба рӯз тараққӣ карда ба маркази нави иқтисодию сиёсӣ ва фарҳангии тоҷикон мубадал гашт. Барои пешрафт ва тараққиёти пойтахт бунёди роҳҳои мошингард, роҳи оҳан, фурудгоҳу роҳҳои ҳавоӣ лозим буд. Мардуми заҳматкаши Душанбе, ноҳияҳои гирду атроф ва халқҳои бародар дар як муддати кӯтоҳ ин шаҳро обод карданд, ки биноҳои боҳашамати замонавӣ, бунёди корхонаҳои саноатӣ, марказҳои бузурги фарҳангӣ то ҳол зеби пойтахт мебошанд.

Душанбе дар давоми 70-соли мавҷудияти Ҳукумати Шӯравӣ аз як деҳаи хурди назарногир ба як шаҳри азиму зебои саноатӣ табдил ёфт. Заводу фабрикаҳо, комбинату, иншоотҳои гуногун қомат афрохтанд.

Марказҳои бузурги илмию фарҳанг, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Академияи илмҳои Тоҷикистон, театри опера ва балети ба номи устод Айнӣ, театри академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, мактабҳои нави замонавӣ бунёд гардиданд. Донишгоҳу донишкадаҳои олӣ бунёд шуданд, ки ҳазорон мутахассисони баландихтисосро тайёр намуда ба хизмати халқ равона намуданд. Дар натиҷа Душанбе яке аз мар¬казҳои бузурги илмию фарҳангии Тоҷикистон гардид.

Душанберо барҳақ шаҳри ҷавонӣ меноманд, зеро ин шаҳр маҳз бо дасти ҷавонони боору номуси халқи тоҷик бунёд гардидааст.

Дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ шаҳри азизи мо Душанбе аз ҳама бештар зарар дида бошад ҳам дар як муддати кӯтоҳ бо азму талош ва заҳматхои сокинони он барқарор гардид. Биноҳои баландошёнаи замони нав қомат рост карданд, ки симои шаҳрро боз ҳам зебову дилоротар гардониданд.

Сад шукри истиқлол, ки Тоҷикистонро дигар давлатҳо ҳамчун давлати соҳибистиқлолу хуқуқ-бунёду демократӣ шинохтанд ва бо он робитаҳои дипломатӣ барқарор намуданд. Дар шаҳри Душанбе сафоратхонаҳо, марказҳои илмию фархангӣ ва мақомотҳои давлатию ғайридавлатии мамлакатҳои хориҷӣ фаъолият доранд.

Ҳамаи мо шоҳиди он гаштем, ки шаҳрдорӣ ва ҳамаи сокинони шаҳри Душанбе ҷашни таърихӣ, 80-солагии шаҳри Душанберо чи тавр чашн гирифтанд. Ба ин муносибат якчанд иншоотҳои баландошёна, гулгашту хиёбонҳои тозаю зебо бунёд гаштанд. Мо боз аз он ифтихор мекунем, ки Ду¬шанбе ҳамчун шаҳри сулҳ эълон гардидааст.

Вақте, ки мо ҳамарӯза дар кӯчаҳои он қадам мегузорем, гулгашту хиёбонхои шукуфони он ба дили мо шодию фараҳ мебахшад. Мардуми шаҳр пайваста барои ободии шаҳр ва тозагии он кӯшиш мекунанд. Ҳар сол барои боз ҳам зеботару дилчасптар намудани кӯчаю хиёбонҳои шаҳр, дар фасли баҳорон ниҳолу дарахтони ороишӣ, гулҳои рангоранг мешинонанд.

Хулоса, шукронаи ваҳдат ва тинҷию оромӣ, ки Душанбе рӯз то рӯз симои худро дигар мекунад. Биноҳои зебои замонависохт имрӯзҳо ба ҳусни зебои шаҳр ҳусни тозае зам мекунад.

Имрӯз пойтахти давлати тоҷикон шаҳри Душанбе яке аз марказҳои муттаҳидсозандаи тоҷикону форсизабонони ҷаҳон гардидааст.

1.01K
Нет комментариев. Ваш будет первым!