Мазан бар сари нотавон дасти зӯр
Мазан бар сари нотавон дасти зур,
Ки рӯзе ба пояш дарафтӣ чу мӯр.
Ҳар як инсон дар зиндагӣ бояд мулоҳизакор, боандеша ва мардумдӯст бошад. Ҳамеша кӯшиш намояд, то ба дигарон мададрасону маслиҳатчӣ ва ибрату дилбардор гардад. Зеро ҳамаи одамон новобаста аз зӯру тавон ва ақлу фаросаташон зодаҳои инсонанд. Шахсиятанду пеш аз ҳама дар назди худу атрофиён қадру қимате доранд. Даме болидаруҳанду дами дигар афсурда, фурсате далеру ҷасуранду даме нотавон, муддате соҳибиззатанду бо мурури замон ба мададу дастгирие эҳтиёҷ меоранд. Инсони комилро мебояд ақлу заковати бузурги хешро кор фармуда, нисбати фарзанди бузурги инсоният, зодаҳои модарони зору ғамхор, ки бо захмати зиёд ҳамчун шахсияти баркамол ба воя расидаанд, мулоҳизакор бошад. Якеро дорову дигареро нодор, якеро заифу дигареро пурқувват, якеро донову бархеро нодону номурод напиндорад. Ҳар як амалу кирдори худро дар тарозуи ақл баркашад, нисбати инсоният равона созад.
Аксарияти одамон дар ҳолати хашму ғазаб рафтору кирдорҳои ношоиста ба анҷом мерасонанд, ки худ аз он бехабар шуда мемонанд. Ғазаб ҳолатест, ки боиси ҳаракат кардани рӯҳи ҳайвонӣ шуда, аз сабаби шиддати он ақли инсон тира мегардад. Яъне пардаи сиёҳи хашм нури ақлро тира месозаду инсон гуфтору рафтори хешро идора карда наметавонад. Агар инсони хашмолударо ором насозанду оташи ғазабашро афрӯхтан гиранд, ӯ ба ҷинояти бузург, аз қабили зарбу лат ва куштор даст мезанад. Дигар тоифа одамон бо дӯстону наздикон аз ғояи хашму ғазаб суханони қабеҳ мегӯянду дағалона рафтор мекунанд. Баъд аз паст гаштани оташи хашму ғазаб аз кирдорҳои худ пушаймон мегарданд.
Дар ҳадиси набавӣ омадааст: «Ғазаб лаззати имонро мебарад, мисли сабр (алоэ), ки асалро фосид мекунад. Ба лаззати имон касе сарфаҳм меравад, ки қаҳр надошта бошад. Ба соҳиби ғазаб ширинии имон маълум нагардад»! Ғазаб оқибати хеле ногувор дорад. Хатто ба марг мерасонад. Мард ва паҳлавон он касест, ки дар ҳолати ғазаб худро идора карда метавонад.
Бале, мард он касест, ки аз рӯи таҳқиқ,
Ки чун хашм оядаш ботил нагӯяд.
Боз касоне ҳастанд, ки аз рӯи кибру ғурур ва назарбаландӣ зурдастӣ мекунанд. Мардумони фақиру бечораро ҳеҷ шумурда, нисбати онон рафторҳои ношоиста менамоянд. Назарбаландӣ намуда, нотавонону нодоронро азият медиҳанд. Ин, албатта аз рӯи одамгарию поктинатӣ нест.
Ин гуна шахсон ҳатто наметавонанд дар сар андешаи онро оранд, ки ҳамаи инсонҳо дар зиндагӣ мирандаанд, чӣ дорову чӣ нодор, чӣ мағруру чӣ хоксор ва ҳамаи инсонҳо тамоми дороиву сарват ва назарбаландию авомфиребиашонро дар ҳамин дунёи равшану фарох гузошта мераванд. Андеша аз он намекунанд, ки нотавонеро азият медиҳанду фардо Худованди бузург ба ҳамаи амалҳои неку зишташон онҳоро ҷавоб мегардонад.
Ин ҳукми ғуруру хашм то чанд?
Ҳаст аз ту бузургтар Худованд.
Зиндагӣ корвонеро мемонад, ки бо ҳамаи каму костиҳо ва афсурдагиву ранҷуриҳо нигоҳ накарда, дар маҷрои худ равон аст. Онро ҳар замон навоварию дигаргунӣ ва беҳбудиву афзалиятҳост. Чунон ки дарёро ҳар замон об тозаву равон бошад. Инсон низ мавридҳое мешавад, ки дорову тавоно ва пурқудрату сарватманд аст, вале боз мешаванд лаҳзаҳое, ки тамоман афсурдаву нотавон ва нодору бебизоат мегарданд. Нест касе, ки як умр як ҳолату як рӯ ва як марому як ранг бошад. Ҳамеша бояд бар он андешид, ки дасти ёрӣ ба дармондагону афсурдагон дароз кард. Худро аз дигарон бузургтару давлатдор напиндошт.
Бисёр бояд кӯшид, то дар ҷомеа бо мардум якмаром зист. Аз мардумозорию дилозорӣ ва фитнаҷуӣ даст бояд кашид ва он чӣ ки ба худ писанд нест, бо дигарон низ раво надид.
Хулоса, нотавонону дармондагонро ҳар даму ҳар лаҳза дастгир мебояд буд, зеро бо мурури замон ҳамаи инсонҳо нотавону эҳтиёҷманд мегарданд, ки он амри тақдири азалист. Ҷаҳд бояд кард, то дар ҳама гуна лаҳзаҳо дастгири мардумони гуногун буд. Чӣ бо дӯстон, чӣ бо душманон ва дармондагону заифон мададрасон бояд буд.
Кам мабош аз дарахти сояфикан,
Ҳар кӣ сангат занад самар бахшаш.
Аз садаф ёд гир нуқтаи ҳилм,
Он кӣ сар бурадат, гуҳар бахшаш.