Одамиро ақл ҷони дигар аст

Одамиро шуур тафовут кунонид. Он шууре, ки ба одамӣ қудрати дарк намуданро медиҳад, он шууре, ки ба одамӣ қудрати созиш намуданро бо ҳам медиҳад. Пас, ку он шууре, ки одамиро тафовут кунонид? Ку он шууре, ки одамиро бо ҳам созиш дод?.. Хунрезиву харобкориҳо дар Шарқи наздику дар Афғонистон, аз бемориҳо фавтидану аз хунукназариҳо беэътиноӣ карданҳо ин аст магар маҳсули он шуури инсонӣ, маҳсули он ақли инсонӣ?

Умед дорад одамӣ, умед дорад аз ғалабаи ақли одамӣ, умед дорад аз дастболошавии инсонӣ нисбат ба роҳи шайтон, ғалаба кардан аз болои нафси шайтонӣ, барқарор гардидани дӯстиву баро-дарӣ. Умед дорад инсон аз ояндаи рахшон.

Чун Худованд одамиро аз хок офарид ва ба тани беҷони ӯ бо як нафас ҷон ато намуд, инсон атса зад, ба ҳаракат омад. Худованд ба тамоми малоикону фариштагон амр намуд то онҳо ба инсон сари таъзим фуруд оранд, магар ҷузъ истиснои шайтон. Худованд шайтонро маҷбур намуд то он дар назди инсон сари саҷда фуруд орад. Шайтон дар иродаи худ истодагарӣ мекард ва гуфт: «Инсон аз хок офраида шудааст, ман бошам фариштаам, пас ман чигуна дар назди инсон, ки аз хок офарида шудааст сари таъзим фуруд орам?». Чун Худованд ин суханонро аз шайтон шунид онро аз биҳишт ронд. Пеш аз оне ки Худованд шайтонро аз биҳишт ронад шайтон ба Худованд муроҷиат намуд: «Ба ман рухсат деҳ то дар тани инсон ҷойгир шавам ва бубинем то чи андоза аст иродаи инсонӣ». Худованд ба шайтон иҷозат дод.

Аз ҳамон рӯз инҷониб шайтон дар тани инсонӣ нуҳуфтааст то оне ӯро аз роҳи ҳақ берун кунад. Лекин Худованд ба ҳар як инсон ақл ато намуд, то ӯ сиёҳро аз сафед фарқ кунад, кирдори худро дарк намояд ва нисбати он баҳо диҳад. Хубро аз бад фарқ намуда, оқибати онро пешбинӣ намояд. Лекин инсон хиёнат кард, хиёнат бар он неъмати бебаҳои ато намудаи Худованд. Яроқро ихтироъ намуд, то ҳамдигарро ба қатл расонанд, майл ба сухани қабеҳ кард, то шахси дигареро озор диҳад, аз роҳи ростӣ ба роҳи шайтони ворид гардид. Дар роҳи шайтонӣ инсон андеша аз он дорад, ки вай инсони замонавист ва чун инсони замонавист вай бояд ҳамин тавр рафтор намояд. Инсонӣ бехабар аз оне, ки бо ин амалаш ӯ барои худ подошеро муҳаё кардааст, ки ҳар кас оқати қабул кардани онро надорад.

Магар инсон бо он неъмати ато намудаи Худованд, ки ақлаш ном карданд бузург аст? Магар он неъмати ато намудаи Худованд дар тани инсон ҷони дигар аст? Магар инсон бо он неъмати ато намудаи худованд кор мекарда бошад? Кирдори худро баҳодод мекарда бошад? На, инсон на ҳама вақт бо он неъмате, ки аз барояш Худованд арзонӣ намудааст амал мекунад. Ҳамдигарро озор медиҳад, аз пайи орзуву ҳаваси худ меравад. Магар ин аст он ҷони дигари тани ӯ? Нафси ӯ ғолиб аст бар ақли ӯ. Ӯ боло гузошт нафси худ аз раияти худ, аз манфиати давлати худ. Онро порааш ном ниҳоданд, ҷиноятҳои иқтисодӣ эътирофаш карданд. Он реша медавонад дар тамоми қишри хоҷагии халқ, реша медавонад дар тамоми самти ҳаёт. Ҷомеаро ба коми худ мекашад. Ку он неъмати бузурги ато намудаи Худованд? Ку он ақлу хирад? Ку он андешаву рафтор?

Таҳқиру тӯҳмат, кинаву адоват, ҷангу ҷидол. Магар ҳамаи ин аз пайи нафс нест? Магар ин ранҷу озори дигар нест? Магар ин пешаи шайтонӣ нест? Ку он ақл дар тани инсонӣ то тавонад шахсро аз ин ҷоҳилият, манманиҳои шайтонӣ раҳояш намояд, онро ба роҳи рост ҳидоят намояд. Одамиро аз роҳи баъд гардонад.

273
Нет комментариев. Ваш будет первым!