Дурӯғгӯй ба мақсад намерасад
Рост ҷӯ, рост нигар, рост гузин,
Рост гӯ, рост шунав, рост нишин.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Сухани рост гуфтан нишонаи мардонагист. Худованди бузург бандагонашро ба ростгӯйӣ ҳидоят мефармояд. Сухани дуруст марҳами дилҳост ва моро аз балоҳо раҳоӣ мебахшад. Алӣ ибни Абӯтолиб фармудаанд: «Ҳақро дар ҳама ҳол бигӯ, парҳезгоронро ёвар бош ва аз фосиқон дурӣ гузин».
Имом Ҳусайн гуфтаи ҷолибе дар ин мавзӯъ доранд: «Ростгӯйӣ сарфарозӣ ва дурӯғгӯйӣ нотавонист».
Абулқосими Фирдавсӣ дурӯғгӯйро душман меҳисобад:
Ҳар он кас, ки бо ту нагӯяд дуруст,
Чунон дон, ки ӯ душмани ҷони туст.
Абулқосими Фирдавсӣ
Аз сухани рост касе зиён намебинад ва он оромиши рӯҳу тан мебошад:
Беҳ аз ростӣ дар ҷаҳон кор нест,
Ки дар гулбуни ростӣ хор нест.
Фаридуддин Аттор
Шахси дурӯғгӯй обрӯяшро аз даст медиҳад:
Ҳар он касро, ки гуфтораш дурӯғ аст,
Зи рӯйи ақл рӯяш бефурӯғ аст.
Носири Хусрав
Дар осори Саъдии Шерозӣ ин мавзӯъ хеле хуб ҳаллу фасл гардидааст:
Дурӯғ одамиро кунад бевиқор,
Дурӯғ одамиро кунад шармсор.
* * *
Дурӯғ, эй бародар, магӯ зинҳор,
Ки козиб бувад хору беэътибор.
Дурӯғ гуфтан ба зарбати шамшер монад, ки агар низ ҷароҲат дуруст шавад, нишон бимонад.
Аз мардуми дурӯғгӯй мардум меҳаросанд, бо онҳо дӯстӣ намеварзанд. Ин тоифа аз боварии одамон барвақт баромадаанд: «Он ки ба дурӯғгӯйӣ мансуб гашт, агар рост гӯяд, аз ӯ бовар надорад» (Марзбоннома).
Шахси ростгӯй тарбиятгар мебошад. Ӯро метавон хирадманд ҳисобид. Ин қабил одамон дар дӯстиву рафоқат устуворанд, ба қадри ҳамаи хубиҳо мерасанд ва аз эшон касе зарар намебинад. Ба ин хотир моро лозим меояд, ки дар пайи ростиву дурускорӣ бошем, ки гуфтаанд:
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба ҷаҳон,
Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад.
Саидои Насафӣ